Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни моҷарои олигархҳои рус дар додгоҳи Лондон


Роман Абрамович
Роман Абрамович

Додгоҳи Лондон рӯзи ҷумъа ба баҳси ҳафтмоҳаи додгоҳии ду олигархи рус нуқта гузошт.

Рӯзи ҷумъа додраси додгоҳи олии Лондон Элизабет Глостер даъвои Борис Березовскии 66-сола зидди Роман Абрамовичи 45-сола, моликдори бошгоҳи футболи Челсиро, ки мехост 6 миллиард доллар ба даст оварад, бепояву асос хонд.

Березовский даъво дошт, ки гӯё Абрамович гӯё ӯро таҳдид кардааст, ки саҳмияҳои худро дар ширкати нафтии “Сибнефт” ба қимати камтар аз будаш фурӯшад. Березовский ҳамчунин иддао дошт, ки Абрамович саҳмияҳои худро дар ширкати Русал, тавлидкунандаи аслии нафти ҷаҳон бидуни иҷозаи вай фурӯхтааст.

Баҳси тӯлонии додгоҳии ду марди сарватманди рус, ки якеашон (Березовский) ба унвони паноҳандаи сиёсӣ дар Бритониё ба сар мебарад, парда аз муомилаҳои ғайришаффофи нафтии Русия дар солҳои 1990-ум бардоштааст.


Додрас Глостер дар рӯзи охирини мурофиа 31 август гуфт, ки Березовскийро як шоҳиди “беасар ва дар асл ғайри қобили эътимод” дарёфтааст.

Вай гуфтааст, ки шаҳодати овардаи Березовский “аз оғоз маккорона” ва гоҳо “бофта” будааст. Березовский солҳои 1990 дар аҳди Борис Елтсин аз нуфузи хеле зиёди сиёсӣ бархӯрдор буд, вале баъди сари қудрат омадани Владимир Путин солҳои 2000-ум Русияро тарк кард.


Березовский иддао кардааст, ки Абрамович “ба ӯ хиёнат“ кард ва бо истифода аз равобиташ бо Путин, хост, ки дороиву сарватҳои ӯро дар ширкати “Сибнефт” бо арзиши, ба гуфтааш, 1,3 миллиард доллар аз худ карданӣ шуд. Абрамович ин айбмониҳоро рад кардааст. Вай гуфтааст, ки Березовский барои паноҳгоҳи сиёсиву дарёфти ҳимояташ миллионҳо доллар пардохт кардааст, вале ҳеҷ гоҳ
шарики тиҷоратии вай набудааст.

Березовский дар сӯҳбат бо матбуот баъди анҷоми мурофиаи додгоҳӣ гуфт, ки ҳукми додгоҳ ба ӯ тасмимҳои Кремлинро ба ёд меорад:


  • Ман на ин ки дар ҳайрат ҳастаму ноумед шудам, чунин тасаввуре ҳосил мешавад, ки гӯё ин ҳукмро дар дастгоҳи президенти Русия иншо кардаанд, - гуфт вай. – Ба назарам, гӯё ин ҳукмро худи Путин навишта бошад.


Монополисти рус “Газпром” - “Сибнефт”, чорумин ширкати азими нафтии Русияро соли 2005 бо арзиши 13 миллиар доллар ба даст овардааст. Гузоришҳо ҳокист, ки мурофиаи додгоҳии ду олигархи рус дар додгоҳи Лондон давоми ҳафт моҳи охир шоистаи як романи моҷаробарангезе будааст. Мегӯянд, ки ҳангоми қироати ҳукми додгоҳ рӯзи ҷумъа Абрамович набуд, вале Березовский ҳузур дошт. Бар тибқи гузоришҳо, ҳарду соҳибкор дар ин баҳси додгоҳӣ 158 миллион доллари худро сарф карданд. Ҳамчунин барои онҳо як артиши калони вакилони дифоъ хизмат кардаанд.
XS
SM
MD
LG