Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бори аввал дар шаш аср: Попи Рум истеъфо медиҳад


Ватикан, 31 декабри соли 2012

Ватикан, 31 декабри соли 2012

Попи Рум Бенидикти 16 дар як эъломияи ғайриинтизор истеъфои худро эълон кард.

Ин истеъфо аз 28 феврал эътибор пайдо мекунад. Дар давоми 600 соли ахир бори аввал аст, ки попи Рум бо хости худ истеъфо медиҳад.


Дар эъломияе, ки рӯзи душанбе ба нашр расид, попи 85-сола гуфтааст, ки дигар тавону саломатиаш барои ин кор муносиб нест ва гуфтааст, “дар давоми чанд моҳи ахир саломатии ман заиф шудааст”.


Чунин тасмими попи Рум аз он далолат мекунад, ки то охири моҳи март дар Ватикан бояд анҷумани паси дарҳои бастаи попҳо барузор шавад ва дар ин анҷумани пӯшида онҳо попи нави Румро интихоб кунанд. Поп Бенидикти 16 дар ҳамоише дар калисо зимни суханони худ ба кардиналҳо гуфт, ки вай “аҷз”-и худ ё “нотавонӣ“-и худро эътироф мекунад.


Вай дар ин эъломияи худ гуфт, ки аз муддатҳо пеш дар бораи ин тасмимаш фикр кардааст ва он ба нафъи Калисои католикҳои Рум мебошад. Ҷорҷ Ратзингер, бародари поп ба хабаргузории DPA-и Олмон гуфтааст, ки синну соли поп ба вай вазнинӣ мекунад.


Соли 2005 вақте ки Йозеф Ратзингери олмонӣ баъд аз даргзушати поп Иоан Павели 2 попи Рум интихоб шуд ва бо номи Бенидикти 16 раҳбарии калисоро ба даст гирифт, 78 сол дошт ва дар таърихи калисои католикҳои Рум бузургсолтарин попи нав буд.


Дар ҷаҳон 1 миллиарду 200 миллион католик ба сар мебаранд ва онҳо аз калисои католикҳои Рум пайравӣ мекунанд. Штефен Шейбер, сухангӯи ҳукумати Олмон дар як нишасти хабарӣ дар бораи истеъфои Бенидикти 16 чунин гуфт: “Чун масеҳӣ ва чун католик дар робита бо истеъфои ғайриинтизори поп аз дасти касе коре барнамеояд, вале муттаассир мешавад”.

Ёна Метзер, раҳбари хохомҳои яҳудӣ аз истеъфои Бенидикти 16 истиқбол кард ва гуфт, ки дар давраи ин поп ҳеҷ гоҳ муносиботи мазҳаби онҳо бо Ватикан, яъне бо калисои католикҳои Рум хуб набудааст. Поп Бенидикт дар давраи раҳбариаш бар ин калисо низ ба интиқодҳо рӯ ба рӯ шуда буд.


Дар солҳои раҳбарии вай моҷарое бархост ва мақомоти калисоро дар пинҳон кардани қазияҳои марбут ба бачабозӣ гунаҳгор карданд. Ҳатто дар соли 2008 дар ҷараёни боздидаш аз Амрико ин кор вайро шармсор ва хиҷолатзада кард.
Соли гузашта пешхидмати шахсии поп талош кард ҳуҷҷатҳои Ватиканро дуздад. Вай мехост бо ин кораш ришвахорӣ дар калисоро ифшо кунад. Вайро маҳкум ба зиндон карданд, вале дар остонаи соли нави милодии 2012 поп ӯро афв кард ва ӯ аз зиндон раҳо шуд.


Истеъфои попи Рум кори маъмулӣ нест ва он корест, ки поп то охири умри худ адо мекунад. Бори ахир поп Грегории 12 соли 1415 истеъфо дода буд ва ҳадафаш ин буд, ки бо истеъфояш ба парокандагии калисо ва тафриқаандозӣ дар байни попҳои муддаъии Ғарб хотима гузорад. Попи Рум ба унвони раҳбари тамоми католикҳои олам як шахсияти муҳими сиёсӣ ва мазҳабии ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG