Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Коммунистҳои Бадахшон: Ҷинояткор ҷазо гирад, аммо тибқи қонун


Коммунистҳои Бадахшон дар конфронси 35 ум ки дар Хоруғ баргузор шуд бо бахши як баёния аз мақомоти интизомии кишвар хостаанд қонунмандиро дар ин вилоят таҳким бахшанд ва ҷурму ҷинояту ҷинояткорро дар чаҳорчубаи қонун ба ҷазо кашанд

Коммунистҳои Бадахшон дар конфронси 35 уми худ, ки дар Хоруғ баргузор шуд, бо пахши як баёния аз мақомоти интизомии кишвар хостаанд, қонунмандиро дар ин вилоят таҳким бахшанд ва ҷурму ҷинояту ҷинояткорро дар чаҳорчӯбаи қонун ба ҷазо кашанд

Хусравбек Рақамов, котиби бахши Ҳизби коммунист дар Бадахшон дар суҳбат ба радиои Озодӣ рузи панҷшанбе гуфт, дар конфронси 35 уми ҳизб дар Хоруғ як баёния қабул карда шуд, ки дар он аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва интизомӣ даъват карда шуд қонунмандӣ дар Бадахшонро таҳким бахшанд.

Вай афзуд, ки нокифоягӣ дар фаъолияти мақомоти интизомӣ дар вилоят овозаҳоеро ба вуҷуд овардааст, ки гуё мардуми Бадахшон аз ҷинояткорҳо пуштибонӣ мекунад, ки ин комилан иштибоҳӣ ва беасос аст. Сабаби аслии доман зада шудани чунин гумонҳо ба дурустӣ иҷро накардани вазоиф аз тарафи мақомоти интизомӣ дар ин вилоят мебошад.

Дар баёния зикр шудааст,ки мардуми Бадахшон аз ҳеҷ ҷурму ҷиноят ва ҷинояткор ҳимоя намекунад, вале ҳар амал бояд "дар чаҳорчӯбаи қонун" сурат гирад.

Хусравбек Рақамов котиби ҳизби коммунист дар Бадахшон меафзояд амалиёти боздошту нобуд кардани афроди ҷинояткор бояд тавре анҷом дода шавад, ки овозаҳо ва нооромиҳои мардуми осоиштаро ба бор наорад ва дар чаҳорчубаи қонун сурат гирад. Вай афзуд ҳама гуна амалиётҳои нодурусти мақомоти масъул сабаби ҳар гуна овозаҳое мешавад, ки гуё вазъ дар Бадахшон нооромаст, ин ҳам дар ҳоле ки вазъ ором ва суботу амният таъмин мебошанд.

Изҳороти коммунистони Бадахшон дар ҳоле садо медиҳад, ки мақомоти қудратии Тоҷикистон фармондеҳи пешини мухолифон дар Бадахшон Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқировро дар захмӣ шудани як ходими амният айбдор мекунанд. Дар матни изҳороти КДАМ, ки дар сомонаи расмии "Ховар" нашр шудааст, гуфта мешавад, ки "15-уми декабр соати 14-00, дар маҳаллаи «Бархоруғ» шаҳрванд Мамадбоқиров Мамадбоқир бо чанд нафар гурўҳи авбошон, бе иҷозати расмӣ ба объекти муҳими давлатӣ – шуъбаи дар шаҳри Хоруғ будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гашта, ба яке аз кормандони ин сохтор ҳуҷум кард ва бо истифода аз дастаи таппонча ўро захмӣ намуд". Дар пай, ба иттилои ин манбаъ, кормандони КДАМ Мамадбоқировро дастгир карда, аз ў тапончаи тамғаи «ПМ», бо 16 дона тирро мусодира карданд. "Баъди суҳбати профилактикии сесоата, М.Мамадбоқиров бо таъкиди надоштани иҷозати тарки макони истиқомат озод карда шуд. Дар ин амалҳои ҷиноятӣ М.Мамадбокировро як гурўҳ ҷавонони шаҳри Хоруғ ҳамроҳӣ менамуданд. Нисбати ин қазия парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид ва тафтишот идома дорад", омадааст дар ин изҳорот.

Тибқи иттилои манобеи радиои Озодӣ дар Хоруғ, рӯзи 15 декабр сокинони маҳаллаи Бархоруғ аз нияти таъсиси дафтари амният дар ин маҳал эътироз карда, талаби дар ин сохтмон ташкил шудани варзишгоҳ ё театрро пеш гузоштанд.

Бар пояи иттилои манобеи радиои Озодӣ, собиқ фармондеҳи нерӯҳои марзбонӣ ва фармондеҳи Иттиҳодияи мухолифин дар Бадахшон ва аз афроди бонуфузи маҳаллӣ Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров баъди боздошти кӯтоҳмуддат зери фишори издиҳоми мардум озод шуд. Ин ҳодиса рӯзи душанбе, 15 декабр дар маҳаллаи Хоруғи Боло ё Бархоруғи шаҳри Хоруғ рӯй дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG