Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Худсӯзии як марди қарздор баъди беқурб шудани пул


Мардум дар Озарбойҷон рафҳои дӯконҳоро холӣ карданд

Мардум дар Озарбойҷон рафҳои дӯконҳоро холӣ карданд

Дар пайи башиддат пойин рафтани қурби манат – пули миллии Озарбойҷон – як марди қарздори озарӣ худро оташ задааст.

Як марди хеле қарздор дар Озарбойҷон худро оташ задааст. Ин фоҷиа нархи инсонии фурӯравии қурби манат – пули миллии ин кишвар саршор аз нафту гази Қафқозро ба намоиш гузошт.

Гуфта мешавад, худсӯзии Алик Наврӯзов дар рӯбарӯи корхонааш дар таърихи 7 январ як навъ посухи ин мард ба шадидан уфтодани қурби манат буд, ки аз замони дар моҳи декабр ба шинои озод сар додани он аз сӯи Бонки миллии Озарбойҷон сеяки қурбашро аз даст додааст.

Ба гуфтаи ҳамкоронаш дар мактаби Нефтчала, ки Алик Наврӯзов низ ҳаминҷо кор мекард, ӯ аз бонк қарздор буд ва шиква мекард, ки дигар қарзи бонкро пардохт карда наметавонад.

Ин марди 63-соларо аз марг наҷот доданд ва ӯ феълан дар бемористони ин шаҳри воқеъ дар як минтақаи саршор аз манобеи нафт дар 130-километрии Боку, пойтахти Озарбойҷон, қарор дошта, вазъаш собит арзёбӣ мешавад.

Аммо қазияи Алик Наврӯзов шабеҳи ҳолест, ки шумори афзояндаи мардум дар Озарбойҷон дар пайи фурӯравии қурби пули миллии ин кишвар рӯбарӯ мешаванд.

Ҳамагӣ дар ҳамин соли гузашта Озарбойҷон мизбони Бозиҳои Олимпӣ, мусобиқоте буд, ки мизбониаш, ба ақидаи раиси ин ҷумҳурӣ Илҳом Алиев, мебоист сатҳи шукуфоии ин кишвари саршор аз захираҳои нафту газро ба намоиш мегузошт. Аммо худсӯзии ин марди 63-сола имрӯз воқеияти комилан бараксеро аз ин кишвар бармало мекунад – воқеъияти мардумеро, ки ба мушкилоти сахти моливу иқтисодӣ дастбагиребон шудаанд.

Бонки миллии Озарбойҷон рӯзи 21 декабр эълон кард, ки дигар барои ҳифзи қурби пули миллӣ талош намекунад. Бонки миллӣ гуфт, ҳимоят аз қурби манат алакай қариб нисфи захираҳои асъори хориҷии Озарбойҷонро фурӯ бурдааст.

Шадидан пойин рафтани нархи нафту газ дар бозори ҷаҳонӣ ба Озарбойҷон, ки аз 4 се ҳиссаи даромадҳояш аз ҳисоби бахши энержӣ буд, сахт осеб зад. Бонки миллӣ дар моҳи феврали соли 2015 бо тағйири сиёсати молиаш қурби манатро, ки қаблан ба доллар баста шуда буд, ба доллару евро баста кард, вале бо ин вуҷуд натавонист аз уфти қурби пули миллӣ пешгирӣ кунад.

Маъмулан коҳиши қурби пули миллӣ пойин рафтани қобилияти харидории мардум аз як сӯ ва боло рафтани нархҳоро аз тарафи дигар дар пай дорад.

Вақте хабари тасмими Бонки миллӣ дар мавриди ба шинои озод сар додани манат ба кӯчаҳо расид, мардум дар саросари кишвар ба мағозаҳо рехтанд ва ба хотири наҷоти ҳадди ақал як қисми пулҳои худ рафҳои дӯконҳоро, ба истилоҳ рӯфтанд.

Акнун, ки дар ҷайби мардум пули хеле камтар мондааст, аксар маҷбуранд аз харидани молҳои аҳамияташон камтар ҳаддалимкон худдорӣ кунанд. Албатта, харидани ғизоро наметавон аз рӯйхати хароҷоти хонаводаҳо комилан хат зад. Дар натиҷа, нархи бисёре аз маҳсулот дар бозорҳову фурӯшгоҳҳои Озарбойҷон, барои мисол, помидору ангур, то 100 фоиз боло рафтааст.

Шомил Ҳасанов, як дӯкондор дар пойтахт, шаҳри Боку дар сӯҳбат бо бахши озарии Радиои Озодӣ далелҳояш барои боло бурдани нархи маҳсулотро чунин шарҳ дод: “Ман ҳам пули иҷора медиҳам. Соҳиби ин дӯкон нархи иҷораро боло бурд. Таъминкунандаҳои ман низ нархҳоро боло бурданд. Аз дасти ман чӣ меояд? Нархи ҳама чиз – маска, биринҷ, шакар – боло рафт ва ман дигар наметавонам онҳоро бо нархи пештара бифурӯшам.”

Ҳатто хурдтарин тағйири нархҳо бахусус ба ҷайби қишри солхӯрда, яке аз осебпазиртарин қишрҳои аҳолии Озарбойҷон зарба мезанад. Валихон Каримови 68-сола мегӯяд, барои як билети наберааш дар боғи фароғатӣ 2 манат сарф кардааст: “Ин ду манат пули 10 кило себ аст, ки ман пештар фурӯхта будам. Ман соле як бора ба дидори набераам меоям, вале дигар аз ин бештар барояш харҷе карда наметавонам.”

Уфти қурби манат ба қобилияти молии онҳое бештар зарба зад, ки аз бонк қарз доранд. Бонкҳои Озарбойҷон қарзро бо пули миллӣ медиҳанд, вале ҳисобашро бо доллар мекунанд. Абдул Охундов, ки дар як ширкати интернетӣ кор мекунад, мегӯяд, аз ду бонк 3000 доллар қарз дорад, вале акнун тавони пас додани қарзҳояшро аз даст додааст: “Ман як сол еш, ҳанӯз қабл аз девалватсияи манатр қарз гирифтам. Ман бо манат қарз хостам, вале ба ман бо доллар доданд. Акнун сарҳисобамро гум кардаам.”

Элнур Байрамов, сокини шаҳри Ганҷа мегӯяд, баъди шадидан уфтодани қурби манат ӯ билофосила ба бонкаш занг зад ва хабар дод, ки қарзашро пардохт карда наметавонад: “Қарзи ман 2000 доллар аст ва ман ҳоло намедонам, ки бо қурби нав бояд чӣ қадар пул супорам? Ман ба бонкам гуфтам, ки беҳуда зангам назананд, кай ки пул биёбам, қарзашонро медиҳам. Агар ин маъқулашон набошад, ба додгоҳ шикоят баранд.”

Ҳукумати Илҳом Алиев, ки дар Ғарб барои поймол кардани ҳуқуқи башар интиқод мешавад, зоҳиран барои кумак ба онҳое, ки аз афзоиши нархҳо бештар осеб дидаанд, изҳори омодагӣ мекунад. Вазири кору ҳифзи иҷтимоии Озарбойҷон Салим Муслимов рӯзи 6 январ эълон кард, ки вазорати ӯ роҳҳои афзоиши пардохтҳои иҷтимоӣ ба қишрҳои осебпазирро меомӯзад ва пешниҳодҳояшро то поёни моҳ ироа хоҳад кард. Аммо зоҳиран ҳукумати Алиев мехоҳад мушкили мардумро на бо роҳи афзоиши пардохтҳои иҷтимоӣ, балки бо пайдо кардани роҳҳои коҳиши хароҷот ҳал кунад. Вазорати хориҷа аз ҷумла рӯзи 5 январ гуфт, шумори коргарон ва хароҷоти сафоратҳояшро дар кишварҳои хориҷиро кам мекунад.

Вале мардуми оддӣ ба инки давлат битавонад мушкилоти онҳоро ҳал кунад, зиёд хушбин нест. Як сокини Озарбойҷон ба Озодӣ гуфт, “ман қабл аз мурдани манат дар се ҷо кор мекардам. Ҳоло намедонам, ки бояд дар чанд ҷои дигар ҳам кор кунам, ки харҷамро бипӯшонам?”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG