Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон нафареро ёфтан душвор аст, ки ҳадди аққал як ё ду мисраи гимн ё Суруди миллиро надонад. Донистани ин суруд маҷбурӣ нест, аммо азбаски бисёр такрор мешавад, мардум онро аз ёд кардаанд.

Сарафрози Аҳмад, як ҷавони покистонӣ, ки панҷ сол боз дар Тоҷикистон таҳсил дорад, баробари омӯхтани забони тоҷикӣ, Суруди миллии кишварро ҳам аз худ кардааст. Бо каме иштибоҳ ва мушкилот дар талаффузи баъзе истилоҳот, Сарафроз дар ҳама чорабиниҳо баробари донишҷӯёни тоҷик ҳангоми садо додани ин мусиқӣ аз ҷой бархоста ва онро зам-зама мекунад.

Сарафроз бо ҳамсабақони тоҷикаш дар маҳфили таҷлил аз 21-умин солгарди Суруди миллӣ ҳам иштирок дошт. Иди Суруди миллии Тоҷикистон якҷоя бо ҷашни Сарқонун ва 70-солагии муаллифаш Гулназар Келдӣ рӯзи 4 ноябр дар маҳфили адабие дар Иттифоқи нависандагон таҷлил шуд.

Матни сурудро шоири тоҷик замоне эҷод кард, ки 49 сол дошт ва соли 1994 дар як озмуни вижа, аз миёни 114 пешниҳод, шеъри ӯ интихоб ва гимни Тоҷикистон эълон шуд. Гулназар Келдӣ мегӯяд, давоми 21 сол, дар баробари дигар сиёсатҳо, ин суруд ҳам барои ба ҳам овардани мардум ва боло бурдани рӯҳияи ватандӯстӣ хидмат кардааст.

Суруди миллии Тоҷикистон, яке аз рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ маҳсуб меёбад. Тартиб ва мавридҳои иҷрои ин суруд дар қонун

Ба ҳангоми садо додани Суруди миллӣ дар ҳар маҳфили расмӣ, аҳли нишаст бояд ба по шаванд

Ба ҳангоми садо додани Суруди миллӣ дар ҳар маҳфили расмӣ, аҳли нишаст бояд ба по шаванд

муайян шудааст ва ғолибан суруди миллӣ ба ҳангоми ҷаласаҳои муҳими ҳукуматӣ, эълони ҷоизаҳо, тақдими ҷоизаҳои варзишӣ ва ҳатто дар бисёре аз мактабҳои миёна қабл аз оғози дарс иҷро мешавад. Тибқи қонун, ҳангоми садо додани гимн ва иҷрои он, сокинон ба по рост мешаванд.

Донистани суруди миллӣ барои сокинони одӣ маҷбурӣ нест, аммо соҳибназарон мегӯянд, барои ҳар шаҳрванд огоҳ будан аз матни суруди миллӣ шарт аст. Ҳангоми қабул ба кор ва ё донишгоҳ ҳам яке аз бахшҳои аслии суолу ҷавоб марбут ба суруди миллӣ будааст.

Ҳанӯз аз солҳои аввали қабули ин суруд, баҳсҳо атрофи оҳангу мӯҳтавои он зиёд буд. Бархе аз шоирону забоншиносон, аз ҷумла Гулрухсори Сафӣ ва Мӯъмин Қаноат бо интиқод аз матну мӯҳтавои ин тарона, барои тағйир додани Суруди миллӣ пофишориҳо доштанд. Пешниҳоди интихоби суруди “Аз хуни Сиёвушем”-и Бозор Собир, ки аз сӯи Саидқул Билолов иҷро шудааст, чун суруди миллӣ ҳам аз ҷониби аҳли адаб зиёд буд. Мунтақидони ин суруд бештар ба он эрод мегиранд, ки тарона ба замони имрӯз мувофиқ нест ва дар он ишорае ба таърихи миллати тоҷик нашуда, он ғурур ё ифтихори миллии шаҳрвандро боло намебарад.

Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигори тоҷик, ки дар як матлаби худ мӯҳтавои Суруди миллиро таҳлил карда буд, мегӯяд, матни суруди Гулназар Келдӣ бештар ба шиор монанд аст, то ба шеър. Ӯ мегӯяд, "дар вақташ, "чу халқи рус мадад намуд, ба мо канори худ кушуд" доштем, ки як матни шармовар буд. Ин ҳам ба равиши ҳамон суруд ва ҳамон мусиқӣ навишта шудааст”. Ба гуфтаи Аҳмад Иброҳим, Суруди миллӣ бояд дар бедор кардани ғурур ва ифтихори ҳар нафар мусоидат кунад.

“Аслан вақте Суруди миллии мо оғоз мешавад, кас фикр мекунад, ҷанг сар шуд. Сурудҳои миллии кишварҳои дигарро бишнавед, хеле зебо шурӯъ мешаванд ва ба умқи дили инсон асар мекунад”, - гуфт ӯ.

Аммо бо ин ҳама суруди “Диёри арҷманди мо”, ки ҳоло миёни насли наву ҷавони тоҷик бештар бо шакли мухтасари “Диёри арҷ” маъруф аст, ягона таронаест, ки Тоҷикистонро дар дигар кишварҳо муаррифӣ мекунад. Гулназар Келдӣ бо гузашти 21 сол аз эҷоди матни он бар ин бовар аст, ки Суруди миллӣ ба таҳрир ниёз надорад ва мутобиқ ба замони имрӯз аст. “Зи дурии замонаҳо расидаем, ба зери парчами ту саф кашидаем", ё "ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост" - куҷои ин кӯҳна шудааст?” - мепурсад муаллиф.

Вале, мегӯяд Гулназар Келдӣ, ҳоло дигар барои вай ин баҳсҳо муҳим нест, зеро баъд аз ин агар “сад бори дигар” ҳам матни тарона иваз шавад, вай ҳамчун муаллифи аввалин Суруди миллӣ боқӣ хоҳад монд. Дар зимн, тибқи қонун "Дар бораи рамзҳои давлатӣ" Суруди миллӣ, танҳо бо қарори Маҷлиси намояндагон иваз ё таҳрир мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG