Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулло Мансур аз зинда буданаш дарак дод


Мулло Ахтармуҳаммад Мансур.
Мулло Ахтармуҳаммад Мансур.

Гурӯҳи "Толибон" бо нашри як навори савтӣ, ки ба гуфтаи онҳо ба Мулло Ахтармуҳаммад Мансур тааллуқ дорад, аз зинда будани раҳбари худ хабар дод.

Ҳарчанд шуморе аз мақомоти афғон хабари захмӣ ва ҳатто куштани шудани Мулло Ахтармуҳаммад Мансурро таъйид карданд, аммо дар як паёми савтӣ мансуб ба ӯ, раҳбари "Толибон" ин хабарро беасос хондааст.

Дар паёми савтӣ, ки аз сӯи Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ба расонаҳо фиристода шудааст, шахсе, ки худро Мулло Ахтармуҳаммад Мансур муаррифӣ мекунад, мегӯяд, ки комилан сиҳат аст.. Бино ба ин сабт, раҳбари "Толибон" гуфтааст, " ин хабар ҳеҷ ҳақиқат надорад, таблиғот аст ва ман, алҳамдулиллоҳ, миёни рафиқон ҳастам."

Мақомоти давлатии Афғонистон рӯзи чаҳоршанбе гуфтанд, ки Мулло Ахтармуҳаммад Мансур рӯзи 1 декабр дар як задухӯрди мусаллаҳона дар манзили як раҳбари дигари Толибон бо номи Абдуллоҳи Сарҳадӣ дар наздикии шаҳри Кветтаи Покистон шадидан захмӣ шудааст. Бархе манобеъ ҳатто дар бораи кушта шудани ӯ ҳарф мезананд. Ҷунбиши "Толибон", ки алайҳи ҳукумати кунунии Афғонистон меҷангад, ин гузоришҳоро рад карда буд.

Ахтар Муҳаммад дар паёми савтии худ ихтилофот миёни Толибонро иқрор кардааст, аммо гуфтааст, ин ихтилофот дар ҳаде нест, ки онҳо якдигарро ба қатл бирасонанд. Давлат Вазирӣ, сухангӯи вазорати дифои Афғонистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ паёми савтӣ мансуб ба Мулло Ахтармуҳаммад Мансур -- раҳбари Толибонро рад ва ё таъйид накард. Аммо яке аз раҳбарони гурӯҳи норозии Толибон ба хабаргузории Франс-пресс гуфтааст, ки ин навори савтӣ "тақаллубӣ" мебошад ва Мулло Ахтармуҳаммад Мансур кушта шудааст.

Мулло Ахтармуҳаммад Мансур тобистони соли ҷорӣ дар пайи эълони марги Мулло Муҳаммад Умар раҳбари "Толибон" эълон шуд. Аммо раҳбарии ӯро на ҳамаи фармондеҳони ин ҷунбиш пазируфтанд. Гуфта мешуд, норозигиҳо аз раҳбари нав боиси ба чанд шоха тақсим шудани ин гурӯҳи мусаллаҳ гардид.

XS
SM
MD
LG