Пайвандҳои дастрасӣ

Пизишкони беморхонаи амрози рӯҳии Кӯлоб мегӯянд, танҳо дар моҳи декабри соли гузашта панҷ наварӯс аз тарси он ки гӯё ҷину аҷинаҳо ба онҳо "ёр" шудаанд, ба табибони равоншинос муроҷиат кардаанд.

Танҳо дар моҳи декабри соли гузашта панҷ наварӯс дар шаҳри Кӯлоб ба бемории рӯҳӣ гирифтор шуда, ҳоло зери назари табибон қарор доранд. Пизишкони беморхонаи амрози рӯҳии Кӯлоб далели ба чунин ҳол гирифтор шудани наварӯсонро натиҷаи “насиҳат”-ҳои модарони онҳо медонанд, ки, ба гуфтаи табибон, арӯсони ҷавонро аз хатари ба онҳо ёр шудани ҷинну парӣ дар айёми чиллаи зимистон метарсонанд.

Фаррух Сафаров, иҷрокунандаи вазифаи сартабиби беморхонаи рӯҳии рақами 2 дар Кӯлоб, дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, “ҳамаи 5 наварӯсе, ки моҳи декабри соли гузашта дар ин беморхона бистарӣ буданд, аз тарс ба чунин ҳол гирифтор шудаанд.”

Вай афзуд, “пеш аз тӯй духтарро насиҳат мекунад, ки дар шаб танҳо ба берун набарояд, ки фалон чиз ёр мешавад. Аммо мисоли одӣ. Духтар дар хонаи падар аст, ба говҷӯшӣ, хокистаргирӣ дар шом машғул

Фаррух Сафаров

Фаррух Сафаров

мешавад, вале бемории рӯҳӣ намешавад. Чаро дар бисёр вақт арӯсон бемори рӯҳӣ мешаванд? Зеро падару модар пеш аз тӯй дар зеҳни онҳо тарсро ҷо мекунанд.”

Аммо модарони наварӯсон мегӯянд, иллати бемор шудани духтарон риоя накардани парҳезҳое ҳаст, ки ҳар навхонадор бояд онро ба ҷо биорад. Майдагул Раҳмонова, модари 40-сола, мегӯяд, ҳар касе парҳезро риоя мекунад, ҳеч гоҳ бемор намешавад. Ба қавли ӯ, арӯс то 40 рӯзи пас аз никоҳ набояд танҳо дар хона бимонад ва ё аз хона берун шавад ва оби ҳаммомро ҳам сари роҳ партояд. “Мо аз модару модаркалонамон шунидаем, ки дар сурати танҳо мондан ба наварӯс ҷинну аҷинаҳо ёр мешаванд,” - илова кард ҳамсуҳбати мо.

Наварӯсоне, ки тоза аз табобат берун шудаанд, мегӯянд, то замони издивоҷашон ҳеҷ беморие надоштанд. Ситора, як бонуи 24-сола аз ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, “пеш аз тӯй ягон беморӣ надоштам. Замоне ба хонаи шавҳарам рафтам, дар рӯзи чоруми арӯсӣ нимашаб танҳо ба берун баромадам. Суханҳои модар ба гӯшам омада, ҳаросидам ва ба бемории рӯҳӣ гирифтор шудам.”

Майдагул Раҳмонова

Майдагул Раҳмонова

Бону Ситора афзуд: “Баъд аз ҳамон вақт ҳарчӣ пеши назарам меомад. Ба шавҳарам нақл кардам, аммо бовар накард. Ин ҳолат дучанд шуд, баъди аз ҳад гузаштани беморӣ муллоро оварда, "Чилёсин" карданд, аммо сиҳат нашудам. Вақте сиҳат нашудам, маро ба духтур оварданд, духтурон табобатам карданд. Шукри Худо, сиҳат шудам.”

Бархе аз рӯҳониёни тоҷик мегӯянд, ба бемории рӯҳӣ гирифтор шудани арӯсон вижагиҳои гуногун дорад. Домулло Маҳмадулло, як рӯҳонии шинохта дар минтақаи Кӯлоб, гуфт: “Дар ҳадисҳои Пайғомбари Ислом (с) омадааст, вақте ғуруби офтоб шуд, навбат ба ҷинну аҷина мешавад. Дар ин росто пайғомбари ислом ба муслимин таъкид мекунад, баъд аз ғуруби офтоб кӯдакҳоятонро ҷамъ намуда, дарҳоятонро бандед ва аз берун дар хона нигаҳ бидоред, зеро навбати гаштугузори ҷинҳо мешавад. Хайр, наварӯсон вақте ба ҷои торикӣ мераванд, шояд ҷинро зери по мекунанд, аз ҳамин сабаб ба беморӣ гирифтор мешаванд.”

Масъулони бемористони амрози рӯҳии Кӯлоб мегӯянд, дар 10 соли охир даҳҳо арӯси беморро табобат кардаанд. Аммо бемороне ҳам будаанд, ки ҳатто дар бемористон шифо наёфта, ба иллати як ҳароси хӯрдаашон дигар як умр гирифтори, ба таъбири мардум, "ҷину парӣ" мешаванд.

Ҳоло дар беморхонаи амрози рӯҳии Кӯлоб 54 нафар, аз ҷумла 24 зан бистарӣ мебошанд. Тибқи омори расмӣ дар минтақаи Кӯлоб панҷ ҳазор бемории рӯҳӣ сабт шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG