Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали тиллои паҳлавони тоҷик дар Ҷоми Африқо


Сомон Маҳмадбеков, варзишгари тоҷик, дар Ҷоми Африқо оид ба ҷудо миёни наврасон дар Тунис (Tunis Cadets African Cup 2017) медали тилло ба даст овард. Дар ин мусобиқаи кушода, ки рӯзҳои 22-23 апрел баргузор шуд, Сомон дар рақобатҳо дар вазни зери 66 килограмм бар рақибонаш аз Алҷазоир, Беларус ва Тунис ғалаба кард.

Сомон Маҳмадбеков варзишгари тоҷики муқими Русия, феълан дар шаҳри Иркутск таҳти раҳбарии мураббиёнаш Эргаш Маҳмадбеков ва Фотеҳ Маҳмадбеков тамрин менамояд. Ӯ дар мусобиқоти байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. Ба шарофати пирӯзии Сомон дар Ҷоми Африқо дар Тунис парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта, сурудии миллии кишвар танинандоз шуд. Дар ин мусобиқа боз як намояндаи Тоҷикистон – Абдуллоҳ Неъматов – дар вазни зери 66 килограмм рақобат кард, вале ӯ дар даври муқаддамотӣ ноком гашт.

Дар Ҷоми Африқо дар Тунис беш аз 70 гуштигир ( писарону духтарон) аз даҳ кишвари Африқо (Алҷазоир, Тунис), Аврупо (Беларус, Монтенегро, Руминия, Словакия, Словения, Хорватия) ва Осиё (Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон) ширкат доштанд.

Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи ҷудо барои Ҷоми Аврупо байни гуштигирони солҳои таваллудашон 1997-2002, ки рӯзҳои 15-16 апрел дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд, аз медалҳо бенасиб монданд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 13 гуштигир дохил буд.

Аз байни онҳо се нафар – Сомон Маҳмадбеков дар вазни зери 66 кило, Ёқубҷон Назиров дар вазни зери 90 кило ва Темур Раҳимов дар вазни зери 100 кило – ҷойҳои панҷум ва як нафари дигар - Сӯҳроб Боқиев дар вазни зери 60 кило - ҷойи ҳафтумро соҳиб шуданд.

XS
SM
MD
LG