Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сардовари бозии “Олой” – “Истиқлол” аз Сингапур


Бозигарони тими "Истиқлол"
Бозигарони тими "Истиқлол"

Конфедератсияи футболи Осиё гурӯҳи доварони бозии даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2017 дар гурӯҳи “D” миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Олой”-и Қирғизистонро тасдиқ кард.

Бо назардошти таносуби беҳтари тӯбҳо “Истиқлол” (6-2) дар мақоми аввал ва “Олтин Асир” (5-2) дар мақоми дувум қарор доранд.

Довари ФИФА Фу Чун Хай аз Сингапур сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Ба ӯ Онг Чай Ли аз Сингапур ва Озман бин Исмоил аз Малайзия кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба зиммаи довари ФИФА Сукбир Сингх (Сингапур) вогузор шудааст. Абдулраҳмон Муҳаммад Ҳусайн аз Молдив нозири доварон ва Абдул Ғафур Абдул Ҳамид аз Қатар комиссари бозӣ таъин шудаанд.

Бозии даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC миёни дастаҳои «Истиқлол», қаҳрамони панҷкаратаи Тоҷикистон ва «Олой», қаҳрамони секаратаи Қирғизистон, 3 май дар варзишгоҳи ба номи Аҳмадбек Суюмбоеви шаҳри Ӯш соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 15:00 ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ рӯзи чоршанбе «Олтин Асир»-и Ишқобод, қаҳрамони Туркманистон, дар майдони худ бо “Дордой”-и Бишкек, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Қирғизистон, рақобат хоҳад кард. Ёдовар мешавем, “Истиқлол” дар бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2017 дар гурӯҳи “D” тими “Олой”-ро бо ҳисоби 3:1 шикаст додааст. Ин бозӣ 18 апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда буд.

Баъди натиҷагирии се даври мусобиқа дар гурӯҳи “D” дастаҳои “Истиқлол” ва “Олтин Асир” ҳафтимтиёзӣ ба даст овардаанд. Бо назардошти таносуби беҳтари тӯбҳо “Истиқлол” (6-2) дар мақоми аввал ва “Олтин Асир” (5-2) дар мақоми дувум қарор доранд. Дастаи “Дордой” бо се имтиёз дар мақоми севум аст. Тими “Олой” бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷойгир шудааст.

Ҷоми AFC-2017
Гурӯҳи "D". Минтақаи марказӣ

Даври 1-ум
14 март (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – “Дордой” (Қирғизистон) – 2:0
«Олой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон) – 1:2

Даври 2-юм
4 апрел (сешанбе)

«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 1:1
“Дордой” (Қирғизистон) – «Олой» (Қирғизистон) -1:0

Даври 3-юм
18 апрел (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олой» (Қирғизистон) – 3:1
“Дордой” (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон) – 0:2

Даври 4-ум
3 май (чоршанбе
)
«Олой» (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – “Дордой” (Қирғизистон)

Даври 5-ум
17 май (чоршанбе)

“Дордой” (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум
31 май (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)
«Олой» (Қирғизистон) – “Дордой” (Қирғизистон)

XS
SM
MD
LG