Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сирри оила фош шуд ва ҳамсар 5 сол гирифт


Идораи пулиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Идораи пулиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як марди маҳаллиро барои лату кӯби пайвастаи ҳамсараш барои 5 сол равонаи зиндон кардааст.

Додгоҳ муаммои сарбастаи хонадони Эгамовҳоро ҳал кард, ки ду даҳсолаи охир ҳаёти он зери шиори "сари кафида таги тоқӣ" идома дошт. Шавҳар ҳар бор шароб мехӯрд, ба зан дармеафтод ва зан барои "доғдор" накардани номи оила ба ҳама азобу машаққат тоқат мекард. Аммо "корд ба устухон расид" ва Муяссар Эгамова донист, ки як рӯз дар чунин лаҳзаҳо мумкин аст кушта шавад ва ба кормандони умури дохилӣ муроҷиат кард.

Зану шавҳар ҷойи кори доимӣ надоштаанд. Се фарзандашон ба балоғат расидаву машғули зиндагии худанд ва танҳо фарзанди хурдӣ ҳамроҳи онҳо мезист. Акнун падар 5 соли ояндаро дар маҳбас ба сар хоҳад бурд.

Ашӯров Абдунурулло, муовини раиси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки бозбинии ин парвандаро анҷом додааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, Сиддиқ Эгамов, сокини 49-солаи шаҳраки Ғафуров мутобиқи банди 117-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон -- “расондани азобу уқубат” ба 5 соли ҳабс маҳкум кард: “Эгамов шароб зиёд менӯшид ва дар ҳолати мастӣ занашро зери мушту лагад мегирифт. Оқибат тоқати ҳамсараш тоқ шуда, ба милитсияи Ғафуров муроҷиат кардааст.”

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд майхорагии мардонро аз сабабҳои умдаи хушунати хонаводагӣ, пош хӯрдани оилаҳо ва дар мавридҳое то худкушӣ расонидани занон арзёбӣ мекунанд. Идораи корҳои дохилии Суғд мегӯяд, беш аз 1600 сокини ин минтақаро чун “майзада” ба қайд ва таҳти назорат гирифтааст.

Насиба Шокирова, навбатдори телефони “Боварӣ”–и созмони занони “Гулрухсор” дар Хуҷанд ба Озодӣ гуфт, дар моҳи январи соли равон 258 зан аз мавриди хушунат қарор гирифтани худ дар оила, аз ҷумла бархе – аз лату кӯби шавҳарашон дар ҳолати мастӣ ба ин созмон шикоят бурдаанд. Вай меафзояд:

“Аммо “менталилет”–и халқи мо ҳамин хел аст, ки зани аз шавҳари шаробхораш азобу азиятдида аз шикоят ба мақомот худдорӣ мекунад. Вайро маҳкум шудан аз сӯи ҷомеа ва ангуштнамои хосу ом шудан аз ин кор бозмедорад. Инчунин, ин ки ҷомеаи мо шикояту танқиди шавҳарро барои зан як хислати нораво медонаду маҳкум мекунад. Боз сабабе ҳаст, ки бисёри занон аз ҷиҳати иқтисодӣ дастнигари мардҳоянд ва ночор ба бисёр айбҳои калони онҳо чашм мепӯшанд.”

Ҳамин гуна диду фаҳмиш наздикони афроди майхораро аз муроҷиати ихтиёрӣ ба бемористон барои табобат бозмедорад. Нигина Ҷӯраева, мудири шӯъбаи занон ва оилаи ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров афзуд: “Ин гуна занон ба мо низ муроҷиат мекунанд. Масалан, як зан шикоят кард, ки шавҳараш майзада асту вақти мастӣ вайро лату кӯб мекунад. Мо дар ин гуна ҳолатҳо аввал ба майзадагон пешниҳод мекунем худро табобат кунанд. Аммо он мард розӣ нашуд. Занаш ба шӯъбаи корҳои дохилӣ шикоят бурд ва шавҳарашро маҷбуран ба табобат водор карданд.”

Ба гуфтаи мусоҳибам, ҳарчанд майзадагии шавҳар ба сари худашу аҳли оилааш мушкилоту балоҳои бисёр меорад, аммо хеле кам иттифоқ меафтад, ки шавҳари майзада ба ихтиёри худ назди пизишк равад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG