Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси гумонбарони ғорати "Азия Тоббако Трейдинг"


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ғоратгарони ширкати “Азия Тоббако Трейдинг”-ро ба ҳабси пешакӣ маҳкум кард ва алайҳи онҳо барои куштори посбони ин ширкат парванда боз намуд.

Дафтари матбуоти додгоҳи Исмоили Сомонӣ рӯзи 6 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо дархости муфаттишони додситонӣ, дар авоили ҳамин ҳафта додгоҳи ин ноҳия алайҳи чаҳор нафар сокинони деҳаи Маърифатии ҷамоати Чоряккорон дар 5 километрии ғарби шаҳри Душанбе, барои куштори посбони ширкати “Азия Тоббако Трейдинг” ва ғорати амоли он, тибқи моддаи 104 қисми 2 ва моддаи 249 қисми 4 парвандаи ҷиноӣ боз намуда, ҳукми ҳабси пешакии онҳоро содир кард.

Манбаъ дар шарҳи ин ҳодиса гуфт, шаби 29 ба 30 июли соли равон сокинони деҳаи Маърифатӣ Давлат Бӯриев, Субҳон Бобоҷонов, Суҳроб Боев ва Бахтовар Нуров бо роҳнамоии ёвари мудири анбори ширкати «Азия тоббако трейдинг» Фаррух Норов, дар соати 2-и шаб аз рӯи девор вориди саҳни ширкат воқеъ дар кӯчаи Аҳрор Мухторов шуда, даҳони посбони он Раҳим Исмоилови 58-соларо бо латта баста, бо зарби «калтак» дар сараш зада ба қатл расонида, дари анборҳоро боз кардаанд.

Фаррух Норов -- ёвари мудири анбори ширкати «Азия тоббако трейдинг» бо калидҳои дар дасташ буда дарвозаи ширкат ва анборҳоро боз намуда, 34 баста иборат аз 17 000 қуттичаи сигарети навъҳои «Кент-8», «Кент-4», «Нанатек Нео», «Нанатек Инфина», «Кент-4HD блу» ва «Кент-4 HD силвер»ро дар автомашинаи «Газел» бор карда, ба манзили сокини деҳаи «Маърифатӣ -2» Рамазон Қадамов бурда пинҳон мекунанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон субҳи 30-юми июли пас аз ёфт шудани ҷасади посбон Исмоилов Раҳим, истиқоматкунандаи кӯчаи Хуҷамбиёи Болои шаҳри Душанбе дар ҳуҷраи посбонхонаи ширкати “Азия Тобако Трейдинг”, гуруҳи махсус таъсис дода, 5 нафар сокинони деҳаи Маърифатиро ҳамроҳи ёвари мудири анбори ширкати мазкур боздошт карданд.

Додгоҳи Исмоили Сомони ин гурӯҳро бо моддаи 104 қисми қисми 2 «куштори барқасдона ва махсусан бераҳмона»ва бо моддаи 249 банди «б» ғорати гурӯҳии аз пеш тарҳрезишуда» айбдор медонад.

XS
SM
MD
LG