Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонон майл ба ДОИШ-ро бехирадӣ ва каҷроҳа мешуморанд


Ҷавонон баъд аз мулоқот бо вазири корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, бояд аз ақидаҳои тундгароёна канор истанд ва роҳ надиҳанд, дӯстонашон ба Сурия Ироқ, Афғонистон ва Покистон бурда шаванд.

Аксари ҷавононе, ки дар дидор бо вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода рӯзи душанбеи 11-уми май дар Кӯлоб ширкат карданд, мегӯянд, факту далелҳои ин ҳамоиш барояшон таъсири амиқ гузоштааст. Онҳо бар инанд, ки бояд аз андешаҳои ифротӣ парҳез кард ва ҳам роҳ надод, ки дӯстону шариконашон ба ҷангҳо дар кишварҳои дигар кашонда шаванд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи вазир 386 шаҳрванди Тоҷикистон ҳоло дар ҷангҳои Сурияву Ироқ, Афғонистон ва Покистон меҷанганд ва аз ин теъдод, 40 нафарашон зану фарзандонашонро ҳамроҳ бо худ ба ин кишварҳо бурдаанд.

Вазири умури дохилии Тоҷикистон дар ин ҳамоиш аз боздошти як сокини ноҳияи Ваҳдат иттилоъ дод, ки чандин тан аз пайвандони худро барои ширкат дар ҷангҳо ба Сурияву Ироқ фиристодааст. Аммо Рамазон Раҳимзода аз ин шахс ном набурд.

Ҷаноби Раҳимзода афзуд: «Ҳоло чанд нафар, ки ҷавононро ба Сурия равон мекардаанддар коркарди оперативӣ қарор дорад ва шояд рӯзҳои наздик онҳо низ боздошт шаванд. Мо ду рӯз қабл як сокини шаҳри Ваҳдатро барои ҷалби ҷавонон ба ҷангҳои Сурияву Ироқ боздошт кардем. Ба ӯ тариқи бонк барои ҳар як одами фиристондааш пул равонаш мекард. Тибқи маълумоти ба даст омада ин шахс бештар хешовандони худро ба ин ҷангҳои Ховари миёна фиристодааст.»

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамзамон гуфт, ки бинобар маълумотҳои фаврӣ ва ҷустуҷӯӣ дар як моҳи ахир рафтани ҷавонони тоҷик ба ҷангҳои Сурияву Ироқ то андозае коҳиш ёфтааст.

386 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои хориҷӣ ширкат доранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00

Дар ин нишаст, ки дар Кохи Фарҳанги шаҳри Кӯлоб баргузор шуд ҷавонони Бадахшон, Хатлон Суғд ва навоҳии тобеи пойтахт ва Рашт иштирок доштанд. Ба думболи ин ҳамоиш бо бо чанде аз ҷавнон ҳамсӯҳбат шудем ва вокуниши онҳоро ба иштироки ҷавонҳои тоҷик дар ҷангҳои Ховари Миёна ва ҳамчунин таъсири ҳамоишу баррасиҳои ин масъала дар зеҳни ҷавононро шунидем.

Шаҳбози Рустамшоҳ, як иштирокчии ин ҳамоиш ва устоди донишгоҳи Кӯлоб мигӯяд, ки омили аслӣ бесаводӣ ва бехабарӣ аст ва ин гуна ҳамоишҳо чашми бисёр ҷавонҳоро ба воқеъияти “ҷиҳодбозӣ” боз мекунад.

«Қисмати зиёди ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои тундрав пайвастаанд дониши кофӣ надоранд. Ин гуна ҳамоишу баррасиҳо барои дарёфти ҳақиқат ба ҷавонон кӯмак мекунад. Бори дуюм аст, ки чунин конфронси калон дар мавриди ифротӣ шудани ҷавонон баргузор мешавад. Банда дар конфронси қабли низ ширкат доштам ва ҳозир низ. Аз он вақт то ҳол шумораи онҳое ки ба гурӯҳҳои тундрав мегаравиданд, камтар шудааст, чун ҷавонҳо фаҳмиданд, ки ин ҳама як бозие беш нест,” – гуфт Шаҳбози Рустамшоҳ.

Ҳамоиши ҷилавгирӣ аз густариши тундгароӣ ва пешгирӣ аз ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳолест, ки тибқи гузоришҳо, теъдоде аз ҷавонони ин минтақа, ба хусус шаҳри Кӯлоб дар ҷангҳои Сурия ширкат доранд.

Гуфта мешавад, ки аз минтақаи Кӯлоб 33 нафар ба Сурия рафтаанд, ки 23 нафари онҳо аз шаҳри Кӯлоб ва боқӣ аз ноҳияҳои Фархор, Мӯъминобод, Данғара ва Ҳамадонӣ ҳастанд. Ахиран маълум шуд, ки се нафар аз як деҳаи ноҳияи Данғара аз Русия ба Сурия рафтаанд. Аксари ин ҷавонон, ки ки ҷавонтарини онҳо 19 сола аст, дар Русия муҳоҷири корӣ буданд ва аз онҷо ба Ховари Миёна рафтанд. Бино ба гузоришҳо то кунун дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ бештар аз 50 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кушта шудаанд.

Самандар Абдулоев, мутахассиси бахши ҷавонони ҳукумати шаҳри Кӯлоб, душанбеи 11 май дар суҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ки таваҷҷӯҳи ҷавонон ба мазҳаб ва гурӯҳҳои тундрав дар пайи маъвизахонии рӯҳониён зуҳур кард ва ҷавононе, ки сиёҳро аз сафед фарқ намекарданд, ба роҳи каҷ рафтанд.

«Аслан корҳои фаҳмондадиҳиро бояд аз деҳот шурӯ кард, зеро ҷавонони деҳот ба ин гурӯҳҳо бештар шомил шудаанд. Дар баробари ин он мавизаҳое, ки солҳои қабл гуфта мешуд, аз сӯи рӯҳониён ин ба ҷавонон хело таъсир карда буд. Агар ҳинни маъвиза гуфта дар он замон рӯҳониён илми дунявиро бештар ҷо мекарданд, шояд имрӯз ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ рӯ намеоварданд»,-гуфт мусоҳиби мо.

Ҳоло ба гуфтаи вазири умури дохилии Тоҷикистон, нисбати 150 нафар, ки дар ҷангҳои Ироқу Сурия иштирок доранд парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ахиран вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон расман эълон кард, ҷавононеро, ки аз иштирок дар ҷангҳои Ироқу Сурия пушаймон шуда, ба Ватан бармегарданд, мавриди авф қарор хоҳад дод.

Ҳамоиши «Густариши тундгароӣ ва ҷалби ҷавонони тоҷик ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ» дар Кӯлоб дар ҳоле баргузор шуд, ки моҳе пеш Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо донишҷӯёни донишгоҳи Кӯлоб аз ҳузури тоҷикон дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ интиқод карда буд.

Ба гуфтаи генерал Ятимов, то кунун танҳо аз минтақаи Кӯлоб дар ҷангҳои Сурия 33 тан кушта шуда, дар ҳоли ҳозир 10 нафар бо зану фарзандонашон дар майдони ҷанг қарор доштаанд. Дар пайи ин мсақомот дар пайи кор бурди худ шумораи ҷангиёнро аз 300 то 400 нафар тахмин зад. Ин ҳамоиш дар ҳоле баргузор шуд, ки ҳар рӯз қариб як ё ду нафар ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои ховари миёна кушта ва ба гуши волидайнаш мерасад.

XS
SM
MD
LG