Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Кишварҳои арабӣ дар Фейсбук бо ифротгароён “ҷанг” мекунанд


Дар як нишасте дар шаҳри Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ ба вазирони умури дохилии кишварҳои арабӣ тавсия доданд, ки бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ бо ифротгароён муқобила кунанд.

Муҳаммад Қумон, раиси шӯрои вазирони умури дохилии кишварҳои арабӣ дар ин ҳамоиш дар рӯзи чаҳоршанбе гуфт, “ғояҳои ифротӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, сабаби афзоиши чашмгири амалҳои террористӣ, сӯиқасдҳои сиёсӣ ва муноқишаҳои мазҳабӣ шудаанд.”

Ба гуфтаи Муҳаммад Қумон, “азбаски назорати мӯҳтавои шабакаҳои иҷтимоӣ номумкин шудааст, муҳим аст, бо ақоиди мухолиф ба тундравон муқовимат
кунанд.” Ба гуфтаи ин мақоми саудӣ, “ақидаҳоро бо ақида мағлуб мекунанд.”

Созмони террористии “Ал-Қоида” ва ҳалқаҳои минтақавии он дар форумҳои ҷиҳодӣ ва ифротгароёни исломӣ, баёнияҳои худро нашр карда ва масъулияти амалҳои террористиро бар ӯҳда мегиранд ва дар ҳамин форумҳо бо пайравонашон мукотиба мекунанд.

Аарон Зелин муаллифи китоби “Ҷиҳод дар Интернет” доир ба шеваи кор форумҳои ҷиҳодӣ мегӯяд: “Бузургтарин бахши форумҳо ба ахбори куҳна бахшида шудаанд. Онҳо гузоришҳои хабарӣ дар бораи ҳаводиси ҷаҳон, бахусус дар ҷаҳони араб ва кишварҳои ғарбиро мегузоранд. Баъдан дар бораи ин хабарҳо суҳбат мекунанд. Бахши дигари форум ба баёнияҳо, китобҳо, паёмҳои видеоӣ ва ҳарчизи дигари расмии Ал-Қоида ва ҳалқаҳои он ва ҳамчунин созмонҳое ба мисли Таҳрики Толибони Покистон, Ҷабҳат ал-Нусра, умдатарин гурӯҳи ҷиҳодии Сурия бахшида шудааст. Бахши дигари форумҳои ҷиҳодӣ, ба фармудаҳои Қуръон, ё масоили занон ва амният дар Интернет ва нармафзорҳо бахшида шудааст. Аммо бахши бузургаш доир ба гузоришҳои хабарист. “

Яке аз ҷангҷӯтарин ҳалқаҳои Ал-Қоида дар Нимҷазираи Араб аст, ки дар Яман қароргоҳ дорад ва соли гузашта дар Интернет пешниҳод мекард, ки шеваҳои бомбгузории интиҳорӣ дар Амрикову Исроил ва Фаронсаро омӯзиш хоҳад дод. Аарон Зелин мегӯяд, ки намунаҳое ҳаст, ки чунин даъватҳо баъзе аз ҷавононро аз пушти компютер ба берун кашидааст:

“Баъзе аз афроде ҳастанд, ки воқеан аз худи маҳалҳо дар Афғонистону Покистон, Яман ва Ироқ нишаста аз онҷо хабарҳои тозаро дар форумҳои ҷиҳодӣ мегузоранд. Баъдан афроди дигаре ҳастанд, ки дар хона паси компютер нишастаанд, ки фақат мушоҳида мекунанд, ки чӣ мегузарад ва ба ҷиҳодиҳо аҳсан мехонанд. Ва ҳамчунин афроде ҳастанд, ки дигар намехоҳанд, фақат паси компютер нишаста сӯҳбат кунанд, аз ин рӯ бармехезанд бо гурӯҳе мепайванданд ва автомати Калашниковро гирифта ба ҷанг мераванд. Дар воқеъ намунаҳое ҳаст, ки ҷиҳодиёни онлайнӣ, ба даст силоҳ гирифтаанд, вале ба андешаи ман ин як расм нашудааст. “

Муҳаммад Қумон, раиси шӯрои вазирони умури дохилии кишварҳои арабӣ гуфтааст, баъзе аз ин гуна ифротгароёнро метавон бо барномаҳои омӯзишӣ аз роҳашон баргардонд, ки Арабистони Саудӣ дар гузашта таҷриба кардааст. Вазорати умури дохилии ин кишвар бар асоси тарҳи махсусе ҷангҷӯёни таслим ва ё боздоштшудаи Ал-Қоидаро аз роҳи омӯзиш ба зиндагии осоишта баргардонд, аз ҷумла баъзе аз бандиёнеро, ки аз боздоштгоҳи Гуантанамои Амрико ба ин кишвар баргардонда буданд. Аммо бисёре аз онҳо, дигарбора ба сафи ифротгароён пайваста ва ё ба ҳалқаи Ал-Қоида дар Яман ва Нимҷазираи Арабистон пайвастанд.

Дар баёнияе, ки аз номи шоҳи Арабистони Саудӣ дар нишасти Риёз хонданд, гуфта шудааст, “барои муқобила бо чолишҳои хатарноке, ки ба амнияти ҷаҳонӣ араб таҳдид мекунанд, маъмурони амниятӣ бояд бо мардум ҳамкорӣ кунанд. Арабистони Саудӣ аз соли 2003 то соли 2006 шоҳиди амалҳои террористӣ шуд, ки онҳор Ал-Қоида бар ӯҳда гирифтааст. Баъди соли 2010 қиёмҳои мардумӣ, ки аз ҷумла аз тариқи Фейсбук ва Твиттер ба роҳ андохта шуд, ҷаҳони арабро такон дод ва сабаби суқути раҳбарони худкомаи Тунису Либия ва Мисру Яман шуд.

Як мақоми расмӣ дар нишасти шаҳри Риёз гуфтааст, ки вазирони умури дохилии кишварҳои арабӣ ҳамчунин масъалаи монеъ шудан ба истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи гурӯҳҳои ифротӣ ва террористонро баррасӣ хоҳанд кард. Теъдоде ҳам мегӯянд, чаро мақомот форумҳои ҷиҳодиро намебанданд ва аз ҷумла маъмурони амниятии Амрико ба маҳви ин форумҳо аз Интернет мухолифат кардаанд, зеро ба гуфтаи онҳо барои ҷамъоварии иттилоот дар бораи гурӯҳҳои террористиву харобкор муҳиманд.

Аарон Зелин дар ин бора мегӯяд: Ба андешаи ман ин форумҳо барои ҷамъоварии иттилоот хубанд ва шумо медонед, ки кадоме аз онҳо дар куҷо аст. Ба осонӣ маълум мекунед, ки чӣ ҷараён дорад. Ҳама дар як ҷоянд. Ин форум мисли лонаи аст, ки ҳама занбӯрҳо дар дохилаш ҳастанд ва шумо медонед, ки чӣ кор мекунанд. Аммо вақте онҳо ба Фейсбук ё Твиттер мераванд, пароканда мешаванд ва шумо чизи зиёдеро пайдо карда наметавонед. Барои ҳамин маҳви форумҳо, мисли вайрон кардани лонаи занбӯр аст, ки села села парвоз карда ва ба ҳар тараф мераванд ва шумо онҳоро ба осонӣ назорат ва ё радёбӣ карда наметавонед.
XS
SM
MD
LG