Пайвандҳои дастрасӣ

Ба хотири ҷилавгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ситезаҷӯ дар Сурияву Ироқ, мақомоти Қирғизистон барои занҳои сокини Ӯш нишасти вижаву намоиши филмро ташкил кардаанд.

Беш аз як ҳазор зани қирғиз дар театри Ӯш барои ширкат дар конфронс бахшида ба мубориза бо ифротгароӣ ҷамъ шуданд. Ин чорабиниро Кумитаи давлатии амрияти миллӣ, вазорати умури дохилӣ ва пешвоёни мазҳабии Қирғизистон ташкил кардаанд. Дар нишаст наворҳои видеои мусоҳиба бо афроде, ки зери тарғибот ба ҷангҳои Сурия рафта, сипас пушаймон ба ватан баргаштаанд, намоиш дода шуд. Мансабдорони Қирғизистон мегӯянд, дар тӯли даҳ соли гузашта шумори афроди шарик дар экстремизм 25 дарсад афзоиш ёфтааст ва дар ин байн 8 дарсадро занон ташкил додаанд.

Аз Қирғизистон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ тахминан 500 нафар иштирок мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG