Пайвандҳои дастрасӣ

"Дар интизори баҳр" - филми нави Бахтиёр Худойназаров


Лаҳзае аз филми «Дар интизори баҳр»

Лаҳзае аз филми «Дар интизори баҳр»

Филми «Дар интизори баҳр», аз корҳои тозаи Бахтиёр Худоназаровро дар нӯҳ намоиши аввал дар кинотеатрҳои Русия беш аз 208 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

Мутахассисон мегӯяд, ки ин оғози хубе барои чунин филмҳост ва он ҳамаи имкониятҳоро дорад, то ба як филми пуртамошобин табдил ёбад.

Филми нави коргардони тоҷик Бахтиёр Худоназаров, ки сар аз 17-уми октябр дар кинотеатрҳои Русия ба намоиш даромад, достони нохудо ё капитани киштиест, ки дар баҳри Арал бо моҳидорӣ рӯз мегузаронд ва боре дар тӯфони сахт киштиаш ҳамроҳ бо маҳбубаи ӯ ва ҳамаи маллоҳонаш ғарқ шуду ӯ зинда монд ва мавҷ вайро ба соҳил афканд. Мақомот ӯро, ки Марат ном дорад, барои хунукназарӣ ба вазифааш зиндонӣ карданд.

Марат баъд аз зиндон рост ба назди бандар мояду мебинад, ки аз баҳр асаре нест ва колбади киштии ӯ дар миёни реги биёбон хобидааст. Талошҳои Марат баҳри кашондани киштиаш то лаби оби баҳр сюжаи асосии филм аст. Нақши қаҳрамони асосӣ Маратро ҳунарманди шинохтаи рус Егор Бероев бозидааст.



Худоназаров бо қисса кардани ҳаёти пурпечутоби Марат нишон додаст, ки чи гуна як фоҷеаи зистмуҳиттӣ боиси фоҷеаи як ҷомеа шудааст, ки дар атрофии баҳри Арал сукунад доштанду рӯзиашонро аз ҳисоби моҳидорӣ ва борбардорӣ дар бандар меёфтанд.

Дар ин филм ҳамчунин ҳунарманди тоҷик Раҷаб Ҳусейнов низ нақши як марди дарвешмаобро бозидааст, ки гоҳ-гоҳ дар экран зоҳир мешаваду ба қаҳрамонҳои асар машваратҳои хирадмандона медиҳад.

Лаҳзае аз ин филм.

Лаҳзае аз ин филм.

Раҷаб Ҳусейнов дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт: «Қаҳрамони ман як инсоне буд, ки ҳамавақт як луқмае мепартофту мегузашту мерафт пайи кори худаш. Ҳамингуна одамон ҳастанд дар зиндагӣ. Манзурам ин аст, ки одамоне ҳастанд бо либосу қаду баст аз дигарон фарқ надоранд, вале ақле доранд, ки бо як сухани оқилона ҳатто як чизро пешбинӣ мекунанд».

Ҷаноби Ҳусейнов афзуд, ки лаҳзаҳои филм бо иштироки қаҳрамон дар наздикии баҳри Каспий дар Қазоқистон наворбардорӣ шудааст. Ҳусейнов мегӯяд, нақши офаридаи ӯ дар ин филм ҳарчанд асосӣ нест, вале дар қатори чоргонаи афроди муҳҳими ин қисса аст ва аз аввал то ба охири он дар навор зоҳир мешавад.

Бояд гуфт филми «Дар интизори баҳр»-и Худоназаров ба фестивали машҳури кинои Рим ҳусни оғоз бахшида дар кинофестивали «Кинотавр» дар Сочи ва ҷашнвораи байналмилалии кино дар Маскав иштирок карда, яке аз филмҳои пуртамошобин буд. Аммо бархе аз мунаққидони кино дар Русия менависанд, Худоназаров ин филмро маҳз барои кинофестивалҳо ва ҳакамони он таҳия кардааст ва он барои тамошобини оддӣ чандон ҷолиб нест.

Евгенний Ухов, мунаққиди кинои торнамои film.ru менависад, "бо ҳар кадраш Худоназаров калаи бинандаро миёни дандонҳои анбур гузошта ин андешаро ба ӯ таҳмил мекунад, ки «бубин-ана Қазоқистон, саҳро, кулбаҳои фарсудаи мардумони фаромӯшшудаи муқими инҷо, ки ягона иртиботашон бо тамаддун автобуси ноҳиявӣ аст. Ана зиндагии воқеӣ".

Аммо донандагони кино дар Тоҷикистон мегуянд, ки услуби худи Худоназаров чунин ғайриинтизор ва махсус аст, ки на ҳамавақт метавонад ба бинандаи оддӣ писанд ояд.

Саъдулло Раҳимов

Саъдулло Раҳимов

Саъдулло Раҳимов, узви Иттифоқи киномотографистони Тоҷикистон, ки филми нави Худоназаровро дар ҷашнвораи «Кинотавр» тамошо кардааст, мегӯяд ҳарчанд филми мазкур як фоҷеаи экологиро намоиш медиҳад вале, дар ин филм ҳамчунин фоҷеаҳои инсониро мешавад мушоҳида кард. Вай гуфт, саҳми тоҷикон дар наворбардории ин филм зиёд аст. Яке аз продюсерони ин филм Рушд Рушдов будааст. Ҳамчунин ассистенҳо, рассомон ва дар баҳси сиёҳлашкар ва ё массовка ҳам тоҷикҳо ширкат кардаанд.

Раҳимов афзуд, ки ба гуфтаи Худоназаров филми «Дар интизори баҳр» қисме аз трилогия аст, ки асари аввалаш филми «Падари моҳтобӣ» аст ва севвумиаш бояд офарида шавад. Раҳимов афзуд, ки ҳарчанд мавзуъ ва муҳтавои филми «Дар интизори баҳр» дигар аст вале, декоратсия ва услуби саҳнасозӣ ва мусоҳибаҳои қаҳрамонон ба филми «Падари моҳтобӣ» шабоҳат дорад.

Филми «Дар интизори баҳр» асари шашуми Бахтиёр Худоназаров аст. Худоназаров, ки зодаи Тоҷикистон аст, ба ҷуз ин асар боз филми «Братан», «Қош ба қош», «Падари моҳтобӣ», «Шик» ва «Танкери Танго»-ро наворбардорӣ кардааст. Маъруфтарин филми Худоназаров «Падари моҳтобӣ» аст, ки соли 1999 наворбардорӣ шуда чандин ҷоизаи байнулмилалӣ гирифтааст. Худоназаров соли 1965 дар Душанбе таваллуд шуда, ҳоло дар Маскаву Берлин зиндагӣ ва фаъолият мекунад.

Порчае аз ин филм.

XS
SM
MD
LG