Пайвандҳои дастрасӣ

Як сол пеш дар ҳамин рӯз сиёсатмадори шинохта, намояндаи мардумӣ дар парлумони Тоҷикистон Сӯҳроб Шарифов аз дунё гузашт. Хабари марги ӯ он қадар ногаҳонӣ буд, ки басахтӣ мешуд онро бовар кард.

Як сол пеш дар ҳамин рӯз сиёсатмадори шинохта, намояндаи мардумӣ дар парлумони Тоҷикистон - Сӯҳроб Шарифов аз дунё гузашт. Хабари марги ӯ он қадар ногаҳонӣ буд, ки басахтӣ мешуд онро бовар кард. Сабаби маргаш низ боварнакарданӣ буд - пневмания ва ё илтиҳоби шуш. Маризие, ки аз он дар ин солу замон касе намемирад.

Аммо ӯ дар умри кӯтоҳе, ки дошт, аз худ он қадар хотироти хуб дар ёдҳо гузошт, ки ба он мешавад танҳо ҳасад бурд. Сӯҳроб Шарифов аз камназир мақомдороне буд, ки мантиқи қавӣ дошт, бериё бо ҷомеа сӯҳбат мекард ва ба мардумсолорӣ арҷ мегузошт ва аз ҳама муҳим тамаллуқкор набуд.

Сӯҳроб фарзанди сеюми хонадон буд ва бо зарофату заковаташ аз бародаронаш фарқ мекард. Наздиконаш мегӯянд, ҳарчнад ӯ дар назари аввал хеле инсони ҷиддӣ ба назар меомад, вале дар аст хеле шӯху хушсӯҳбат буд. Ҳоло дар хонаи падар, ки Сӯҳроб то издивоҷ дар онҷо зиндагӣ мекард, бародари бузургаш ба сар мебарад. Аз он ҷавони замоне шӯху кунҷкоб дар рафъи китобҳои падар ҳамагӣ як албоми аксҳо боқӣ мондааст.

Икромхӯҷа Шарифов, бародари калонии Сӯҳроб Шарифов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз ӯ пайрави падар ном бурд ва гуфт: “Вай як хислати аҷоиб дошт. Ҳамеша бо падарам баҳсҳои илмӣ мекард. Мо аз ин баҳсҳо дилгир мешудем ва ба кӯча барои бозӣ мерафтем. Вақте бармегаштем, ҳанӯз ҳам ин гуфтугуҳо идома дошт. Вақте суол мекардам, ки шумо чаро ин қадар баҳс мекунед, падару писар посух медоданд, ки ин сӯҳбатҳои шахсӣ аст”.

Икромхӯҷа ҳар гоҳ барои гирифтани китобе, ба ҷевони падар наздик мешавад, чашмаш ба албоми аксҳои кӯдакиву ҷавонии Сӯҳроб меафтад, ки акнун мисли гавҳараки чашм нигаҳдорӣ мешавад.

Аммо умри кӯтоҳи Сӯҳроб Шарифов барои ҷомеи тоҷик на як акс, балки меросе гузошт, ки аз рӯйи он мешавад таърихи афкори сиёсӣ ва иҷтимоии ду даҳсола пеши кишварро навишт. Сухани ӯ ҳамчун раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон аҳамият дошт ва гуфтаҳои ӯ ба матолиби муҳими расонаҳои ҷаҳонӣ роҳ меёфт.

Коршиносон давраи раҳбарии Сӯҳроб Шарифовро дар ин Марказ давраи авҷи фаъолияти касбии ӯ унвон мекунанд. Ҳамкорони собиқ мегӯянд, ки Сӯҳроб як марди кордон, вале сахтгир буд.

Сайфулло Сафаров

Сайфулло Сафаров

Сайфулло Сафаров, муовини раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, ки Сӯҳроб Шарифовро аз даврони мактабхонияш мешинохт, аз ӯ ҳам хотираҳои кӯдакияшро ёд дораду ҳам раҳбарияшро. "Дар робита ба вазъи сиёсии кишвар дар ҳамаи марҳилаҳо назареро баён медошт, ки на ба манфиати кадом як тараф, балки ба манфиати Тоҷикистон буд. Сӯҳроб Шарифов як инсони наҷибу донишманд мисли падараш дар тарбияи насли нави ҷавон ҳамчун таҳлилгару коршинос нақши чашмгир дошт," -- афзуд ӯ.

Аз моҳи декабри соли 2011 то охирин нафасаш Сӯҳроб Шарифов вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон буд. Ӯ тағйир наёфт ва дар инҷо низ ба аслҳои ҳирфаии худ содиқ монд. Ҳамчун узви ҳизби ҳоким ё шахси наздик ба ҳукумат дар доираи марзҳои муайян ҳаракат мекард, ҳамеша ин марзҳоро берунтар тела медод ва фазоро бозтар менамуд. Аммо як сол аст, ки фазо холист ва набудани ин шахсият халоеро ба миён овард, ки гумон намеравад, ин хало ба осонӣ пур шавад.

Ҳумайрои Бахтиёр

Ҳумайрои Бахтиёр

Рӯзноманигор Ҳумайрои Бахтиёр мегӯяд, дарёфти назари ҳукумат ба таҳаввулоти рӯз ҳамеша мушкил аст, аммо вокунишҳои Сӯҳроб Шарифов ба таҳаввулот ин холигиро пур мекард.

Сӯҳроб Шарифов, собиқ мушовири раиси ҷумҳур, раҳбари пешини Маркази тадқиқоти стратегӣ ва намояндаи мардум дар парлумони Тоҷикистон 19 январ, дар синни 52, бар асари бемории начандон тӯлонӣ аз дунё даргузашт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG