Пайвандҳои дастрасӣ

Шоири тоҷики русзабон Аниса Собирӣ дар Душанбе албоми аксҳояш бо номи "Знак Согдианы”, яъне “Нишони Суғдиён”-ро муаррифӣ кард.

Шоми 20 ноябр дар толори “Soho Bar”-и меҳмонхонаи "Шератон"-и шаҳри Душанбе намоиши аксҳои бардоштаи нависандаи тоҷики русзабон Аниса Собирӣ доир гардид. Аниса Собирӣ 25 аксеро ба намоиш гузошт, ки дар сафарҳояш аз Мастчоҳи Кӯҳӣ, деҳаи Яғноб, кӯҳҳои Фон ва вилояти Бадахшон бо диди хос бардоштааст ва таҳти номи “Знак Согдианы”, яъне “Нишони Суғдиён” муаррифӣ намуд.

Аниса Собирӣ чунин номгузорӣ кардани албоми аксҳояшро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ чунин шарҳ дод: “Мардуми суғдӣ баъди истилои арабҳо ба минтақаҳои кӯҳии Бадахшон ва Мастчоҳи кӯҳӣ фирор карданд ва то ҳол онҷо зиндагӣ доранд. Ман хостам тавассути ин намоиш ба кулли тамошогарон бори дигар аз ин таърих ёдоварӣ кунам ва бифаҳмонам, ки мардумони кӯҳистонии мо аз як решаанд.”

Аниса дар ин аксҳои хеш манзараҳои назаррабо, зиндагонии мардуми бумӣ дар манотиқи кӯҳистон ва урфу одатҳои қадимаи онҳоро мунъакис сохтааст, ки барои тамошобинон ва алалхусус меҳмонони хориҷӣ бисёр хушоянд буд.

Виктор Никитюк, сафири Украина дар Тоҷикистону Афғонистон, ки бештар аз 3 сол дар Душанбе кор мекунад ва зиёд ба тамошои манзараҳои кӯҳии Тоҷикистон рафтааст, мегӯяд: “Ман худро имрӯз дубора дар фарози кӯҳҳои осмонбӯси ин кишвар, дар байни мардумони зебои ориёитабор ва урфу одатҳои қадимаи онҳо ҳис намудам. Ин аз санъати баланди бинишварии як эҷодкори ҷавони тоҷик дарак медиҳад.”

Шоираи Раҳимҷон, адиби тоҷик низ дар ин намоиш ҳузур дошт ва ба ин шоҳкориҳои ҳамқалами хеш бо дидаи таҳайюр менигарист. Вай гуфт: “ Пеш аз ҳама Аниса бо ин кори хеш маълум намуд, ки вай на фақат офаридгори шеър аст, балки метавонад бо як дастгоҳи аккосӣ ҳамон ожангҳои як зани деҳотиву кӯҳистонии тоҷикро, ки як ҷаҳон фалсафа дорад, инъикос созад.”

Аксари тамошобинон ва созмондиҳандагони ин намоиш бар ин боваранд, ки чунин аксҳо метавонад майли сайёҳони хориҷиро барои дидани Тоҷикистон бештар кунад.

Дилшод Каримов, раиси ширкати “Сайру саёҳати Тоҷикистон”, аз баргузоркунандагони ин намоиш мегӯяд, дар оянда чунин аксҳо метавонад шумораи зиёдтари хориҷиёнро ба Тоҷикистон орад: “Асосан мардуми кӯҳистони тоҷик тавонистаанд, ки дар дили кӯҳ фарҳангу маданияти қадимаи худро ҳифз намоянд ва мо ин имкониятро бояд истифода бурда, ба ҷаҳониён онро муаррифӣ созем.”

Анисаро насли ҷавони тоҷик ва берун аз он ҳамчун як эҷодкори ҷавон мешиносанд, вале ин нахустин намоиши маҳсули аксбардории ӯст. Вай дар 13-солагӣ падарашро аз даст дод ва нахустин шеърҳояшро дар 15-солагӣ ба нашр расонд. Дар 17-солагӣ баъд аз хатми мактаб ба Маскав рафт ва дар донишгоҳи Вазорати корҳои дохилаи Русия таҳсил кард ва онро бо дипломи аъло бо рутбаи лейтенанти калон ва бо ихтисоси ҳуқуқдон хатм кард.

Аммо ӯро дар Тоҷикистону Русия бештар шеърҳояш маъруф кардаанд. Аниса Собирӣ соли гузашта дар 23-солагӣ нахустин китоби ашъорашро бо номи “Девонаград” ба чоп расонд. Дар соли 2015 барандаи “Падида”- ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуд ва инчунин барандаи ҷоизаи адабии “Курсии тилоӣ”-и Осиёи Марказӣ мебошад. Аниса тасмим дорад, ки минбаъд низ минтақаҳои дигари Тоҷикистонро аккосӣ кунад. Ӯ мегӯяд, ин аксҳо ҳам барояш илҳом мебахшанд ва ҳам ҳаводоронашро бо таърихи Тоҷикистон ошнотар мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG