Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Афғонистон аз он асабонист, ки бар замми Толибон ва “Давлати исломӣ” дар симои раисиҷумҳури пешин Ҳомид Карзай ва тарафдорони ӯ як душмани сиёсии дигар пайдо кардааст.

Манобеи наздик ба ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки таҳти сарварии раисиҷумҳури пешини Афғонистон Ҳомид Карзай мансабдорони собиқи ҳукумат, фармондеҳони ҷиҳодӣ ва ҳатто бархе аз гурӯҳҳои марбут ба Толибон нерӯеро шакл медиҳанд, ки дар пайи барканории ҳукумати муштараки Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ хоҳанд буд.

Ин дар ҳолест, ки “Давлати исломӣ” аз зуҳури худ дар Афғонистон хабар дода, нерӯҳои ҷунбиши Толибон ба ҳамлаи баҳорӣ омодагӣ мегиранд ва дар дохили ҳукумати Ғанӣ/Абдуллоҳ низ “муборизаҳои дохилӣ” идома дорад.

Ғанӣ ва Абдуллоҳ, ки дар интихоботи президентии сентябри соли гузашта рақиби ҳамдигар буданд ва баҳси онҳо сари шумориши оро ҳафтаҳо тӯл кашида, бо миёнаравии ИМА яке раисиҷумҳур ва дигаре раҳбари иҷроияи Афғонистон шуданд, то ҳоло на ҳамаи вазирони ҳукумати муштараки

Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ

Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ

худро муайян кардаанд. Абдуллоҳ намояндаи Эътилофи Шимол буда, худро “фарзанди Панҷшер” меномид ва ҳарчанд аз падари пашту ва модари тоҷик ба дунё омадааст, аз ҳамсафони наздики Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд буда, барои бисёре аз сокинони Афғонистон баёнгари манфиатҳои тоҷикони ин кишвар аст. Ашраф Ғанӣ Аҳмадзайро намояндаи паштуҳои Афғонистон медонанд, ки ҷунбиши Толибон аз миёни онҳо бархостааст.

Карзай, ки дар авҷи ин баҳсҳо гуфта буд, метавонад раёсаташро то ҳалли комили ихтилофи Ғанӣ-Абдуллоҳ идома диҳад, дар моҳи октябри соли 2014 аз мақом рафт ва то ин авохир садои ӯ шунида нмешуд.

Ин садо рӯзи 4-уми июн дар як мусоҳибаи Карзай бо хабарнигори “Садои Амрико” баланд шуд. Дар он Карзай муомилаи ахири Ғаниро бо сарвазири Покистон Навоз Шариф шадидан зери танқид қарор дод. Ба андозае, ки аз суханони ӯ Ғанӣ ҳамчун хоини манофеи Афғонистон намудор мешавад. Манзури ӯ Ёддошти тафоҳуми байни хадамоти махфии ду кишвар барои таҳкими мубориза бо терроризм буд, ки Карзай фавран бекор кардани ин санадро талаб намуд.

Ҳомид Карзай

Ҳомид Карзай

“Ҳамчун давлат ва миллат мо набояд ба ҳеч кас бовар кунем, балки умури вазъро ба дасти худ гирем,” – гуфт Карзай дар ҳоле ки ин ҳуҷҷатро пешсадои ҷанги бузург дар Афғонистон номид. Ба ақидаи вай, Покистон, саҳеҳтараш ҳарбиён ва хадамоти ҷосусии он ҳаргиз сулҳи Афғонистонро намехоҳанд ва набояд ба онҳо дасти дӯстию рафоқат дароз кард.

Ин дар ҳоле буд, ки Ашраф Ғанӣ беҳбуди равобит бо Покистонро ягона роҳи пешгирӣ аз Толибон ва гурӯҳҳои дигари ифротӣ медонист ва хусумату сардиеро, ки дар давраи раёсати Карзай байни Афғонистон ва Покистон афтода буд, иштибоҳ хонда, мегуфт, корро аз ислоҳи ин хато оғоз мекунад. Тарафдорони Ғанӣ бар инанд, ки баъд аз ин қарордод ҳамлаҳо аз ҳудуди Покистон коҳиш ёфт ва раҳбарони ҷунбиши Толибон таҳти фишори Покистон омодаи гуфтушунид шуданд.

Баъд аз ин изҳороти Карзай тарафдорони ӯ низ мусолиҳаи Ғаниро бо Покистон таҳти танқид қарор доданд. Рангин Додфар Спанто, вазири умури хориҷӣ ва мушовир амнияти миллии ҳукумати Карзай онро “тамаллуқ”-и таҳқиромез дар назди нерӯе номид, ки ҳаргиз одаташро дигар нахоҳад кард. Вазири собиқи умури дохилӣ Умар Давудзай гуфт: “Тобистони хунине дар пеш хоҳад буд ва он гоҳ ин муколама пушаймонӣ хоҳад овард”. Довудзай, ки ҳамчунин дар гузашта сафири Афғонистон дар Покистон буд, илова кард, ки Ғанӣ як қадами баҳсбарангезе гузошт, ки пешгузаштаи ӯ аз чунин қадам парҳез мекард.

Эмайл Файзӣ

Эмайл Файзӣ

Ҳарчанд неши танқидҳо ба ин созишнома равона мешуд ва зоҳири як мавзеъгири сиёсиро дошт ва Эймал Файзӣ, сухангӯи собиқи Карзай, ки ҳоло низ ҳамроҳи ӯ кор мекунад, ҳамкорӣ бо ҳарбиёни Покистонро сабаби асосии ҷудоӣ байни Ғанӣ ва Карзай номид, тарафдорони Ғанӣ фавран Карзай ва шарикони ӯро ба қасди табаддулот муттаҳам карданд. Онҳо дар муҳосибаҳои худ аз Карзай талаб намуданд, иҷоза диҳад, ки ҳукумат сиёсатҳои худро пиёда ва ваъдаҳои интихоботияшро иҷро кунад.

Узви порлумони Афғонистон Холид Паштун, ки аз вилояти ҷанубии Қандаҳор намояндагӣ мекунад, гуфт, вакилон ва мансабдорони вафодор ба Карзай ошкоро дар бораи ба даст гирифтани ҳокимият то поёни имсол ҳарф мезананд.

“Дар порлумон, баъзе ҳамкорон ошкоро ҳушдор медиҳанд, ки ҳукумати ваҳдати миллӣ ногузир фурӯ хоҳад пошид. Мо аз Ғанӣ ва шарики ӯ, раҳбари иҷроия Абдуллоҳ Абдуллоҳ даъват мекунем, ба ин таваҷҷӯҳ каунанд ва шабакаи падарсолоронаеро, ки Карзай ба вуҷуд овардааст, ба зудӣ аз байн баранд,” – гуфт Паштун. Вай афзуд, бархе аз фармондеҳони Карзайпараст ҳафтаҳои охир дар вилояти Орузгон ихтиёран ба тарафи Толибон гузаштанд.

Ба гумони коршиносон, Карзай барои он як эътилофи тарафдорони худро таъсис медиҳад, ки дар сурати зарурат ва фурӯ рехтани ҳукумати Ғанӣ/Абдуллоҳ вакууми сиёсиро пур кунад. Бархи дигар ин ҳаракатҳои ӯро ба густариши мубориза бо фасод ва фишор ба наздиконаш рабт медиҳанд.

Гулподшоҳ Маҷид, як узви дигари порлумони Афғонистон мегӯяд, дар 13 соли президентияш Карзай аҳром ё пирамидае аз раҳбарони маҳаллӣ, ҷангсолорон, сарватмандон ва мансабдорон сохтааст, ки бар фасод бино ёфтааст: “Мардум аз сатҳ ва умқи фасод дар давраи ҳукумати пешина ба ҳайрат омадаанд. Ҳатто ҳоло баъзе аз афроди бонуфуз талош доранд, бо истифода аз ҳар роҳ қудрати худро ҳифз кунанд.”

Ба андешаи Вадир Сафӣ, профессори Донишгоҳи Кобул, Ғанӣ бояд ҳарчӣ зудтар ба поккории низоми сиёсии кишвар аз боқимондаҳои ҳукумати Карзай даст занад, зеро “эҳсоси ноамнӣ, коҳиши иқтисодиӣ, рушди фасод, мудирияти бад ва низоми сиёсии корношоям метавонанд ошӯби умумиро ба бор оранд.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG