Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эдвард Сновден, шаҳрванди 29-солаи Амрико эътироф кард, ки маълумот дар бораи барномаи махфии назоратии Иёлоти Муттаҳидаро ба матбуот ӯ ошкор кардааст.

Эдвард Сновден, ки иддао дорад, дар Ожонси амнияти миллӣ ва Хадамоти истихбороти Амрико кор кардааст, мегӯяд, эҳсос мекард, ки кишвари ӯ механизми мармуз ва махфии ҷосусӣ аз қафои амрикоиҳоро бунёд кардааст. Ӯ мегӯяд, ҷомеъа ҳақ дорад бидонад, ангезаи одамоне, ки иттилоотро бо як шеваи дур аз модели демократӣ боз мекунанд, чист?




Ду нашрияи мӯътабар - Washington Post ва Guardian - бар пояи маълумоти Сновден ҳафтаи гузашта дар гузоришҳои худ ҷузъиётеро нашр кардаанд, ки чӣ тавр хадамоти махсуси Амрико бо истифода аз ширкати телекоммуникатсионии Verizon ва ширкатҳое бузурге, мисли Google ва Facebook, дар бораи гуфтугӯҳои телефонӣ ва интернетии шаҳрвандон маълумот ҷамъ мекардааст.

Ба гуфтаи Сновден, иддаҳое ки мегӯянд, барномаҳо амнияти комил доранд, ҳақиқат надорад. “Ҳар мутахассис, дар ҳар вақт метавонад ҳар нафарро ҳадаф қарор диҳад. Ҳар интихобгар, дар ҳар куҷо. Дастрасӣ ба иттилоот ба масири фарогирии шабакаҳо бастагӣ дорад ва ҳамчунин ба салоҳияте, ки ба мутахассис дода шудааст. На ҳама мутахассисон ин салоҳиятро доранд. Аммо ман дар паси мизии кории худ ин салоҳиятро доштам, ки гуфтугӯи ҳар нафари шуморо бишнавам, аз шумо гирифта то ҳисобдори шумо, то додгустари федеролӣ ва ҳатто президент, агар ман емайлҳои хусусии онҳоро медоштам,”- мегӯяд Сновден.


Сӯҳбати Сновден дар Guardian

Сӯҳбати Сновден дар Guardian

Рӯзи якшанбе нашрияи Guardian исми Сновденро бо дархости худи ӯ ошкор кард. Ин нашрия ҳамчунин сӯҳбати видеоиеро бо ӯ, ки гуфта мешавад ҳоло дар Ҳонгконг қарор дорад, нашр кард.

Хадамоти истихбороти Амрико аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ кард. Аммо мақомоти Амрико ошкоргӯиҳои Сновденро хатарнок ва ғайримасъулона унвон карданд. Узви кумитаи истихбороти парлумони Амрико Итер Кинг талаб кард, ки Сновден бидуни таъхир аз Ҳонгконг ба Амрико истирдод шавад.

Раисҷумҳури Амрико Барак Обама рӯзи ҷумъа аз шеваҳои зиддитеррористӣ пуштибонӣ кард ва гуфт, дар эҷоди тавозун байни умури хусусӣ ва амният амрикоиҳо бояд “баъзе интихобҳо” кунанд. Обама ва мақомоти дигари Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, ки барномаҳои назорат хеле маҳдуд буда, бо иҷозаи Конгресс анҷом мешаванд.

Нашрияи Guardian менависад, ки Сновден 4 сол дар Оҷонси амнияти миллии Амрико ҳамчун корманди қарордодӣ барои ширкатҳои берунӣ, бо шумули Booz Hаmilton ва Dell кор кардааст. Дар сӯҳбати видеоияш бо Guardian Сновден изҳори умед кардааст, ки Исландия, ҳамчун кишвари пуштибони арзишҳои озодии интернет, ба ӯ паноҳгоҳ бидиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG