Пайвандҳои дастрасӣ

Тағйироти ахир Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки ба мансабдорони порахӯр имкони дар ивази пул аз ҳабс раҳо ёфтанро фароҳам меорад, ба вокунишҳои мухталиф дар ҷомиа рӯбарӯ шудааст.

Ислоҳи қонуни ҷиноии Тоҷикистон, ки ба мансабдорони ришвагир имкон медиҳад, як рӯзи ҳабси худро дар ивази 200 сомонӣ ва ҳафт солашонро бар ивази 800 ҳазор сомонӣ бихаранд, бо вокунишҳои мухталиф дар ҷомеаи кишвар рӯбарӯ шудааст. Иддае агар инро зарба ба ҷайби мансабдорон ва роҳи пур кардани буҷаи кишвар бидонанд, бархеи дигар онро роҳи осонтари халосии масъулин аз ҷавобгарӣ мешуморанд.

Намояндагони парлумони Тоҷикистон, ки рӯзи 10 феврал, тағйирот ба 3 моддаи Кодекси ҷиноӣ марбут ба ришваситонӣ, аз ҷумла модаи 319 порагирии шахсони масъулро тасдиқ карданд, бовар доранд, ки пул ба ивази зиндон теъдоди зиндониёнро дар кишвар кам ва бо ин роҳ хароҷоти буҷаро коҳиш хоҳад дод.

Азизмуҳаммади Холмуҳаммадзода, вакили парлумони Тоҷикистон мегӯяд, ки “масъалаи муҳим, ки дар ин қонун ворид шуд, иваз кардани ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба намудҳои дигари ҷазо, аз ҷумла ба ҷарима нисбати шахсоне, ки дар содир кардани ҷиноятҳо бо модаи 319, 320 ва 321- и Кодекси ҷиноӣ, ки вобаста ба додану гирифтани пора марбут аст. Маблағ вобаста ба дараҷаи вазнинии ҷиноят муқарра мешавад. Тавре, ки мо муайян кардем, ҳаҷми аз ҳама баланди он 21 900 нишондиҳанда, яъне 872 000 сомонӣ мебошад.”

Тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ дар мавриди ришваситонӣ аз сӯи Оҷонсии зидди фасод ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод шудааст. То имрӯз қонун барои онҳое, ки бо ҷурми ришваситонӣ боздошт мешуданд, аз 3 то 7 соли зиндонро пешбинӣ мекард.

Аҳмадшоҳ Комилзода

Аҳмадшоҳ Комилзода

Таҳлилгарон пешниҳоди ҷазои алтернативиро як навъ, сабукӣ барои мансабдорони ришвахор ва роҳе барои густариши ин навъи ҷиноят арзёбӣ мекунанд. Аҳмадшоҳи Комилзода, рӯзноманигор ва коршиноси тоҷик мегӯяд, дар кишвари фасодзадае мисли Тоҷикистон, чунин як қонун корсоз ва ба манфиат набуда, натиҷааш баръакс хоҳад буд.

Оқои Комилзода афзуд, ки “мо дар кишваре зиндагӣ мекунем, ки дар қатори кишварҳои фасодзада қарор дорад. Барои мисол, як мансабдори фасодзада аз як кас барои як ҷинояти вазнин як миллион сомонӣ талаб мекунад ва бар ивазаш 7-8 ҳазор сомонӣ ҷарима супорида ва зиндагиаро идома медиҳад. Аз ин кишвар ва давлат чӣ фоида мебинад. Баръакс, баъди ин ӯ метавонад ҳаҷми ришвахориро бештар кунад. ”

​Бино ба иттилои Оҷонсии зидди фасод, мавориди ришваситонӣ дар кишвар дар як соли ахир бештар шуда, бевосита аз ҷониби кормандону масъулини ниҳодҳои давлатӣ беш аз 600 ҷиноят содир шудааст. Дақиқ гуфта намешавад, ки чӣ теъдод аз мансабдорон барои фасодкорӣ маҳкум ба зиндон шудаанду чӣ теъдод аз ҷавобгарӣ озоданд.

Танҳо мавридҳои каме дастраси расонаҳо шудаанд, ки афроди дар фасод муттаҳамшуда бо пардохти ҷарима озод гаштаанд. Ба унвони мисол, қазияи бародари раиси Кумитаи гумрук Абдулфаттоҳи Ғоиб - Наҷмиддин Саидов, раиси намояндагии “Тоҷиксодиротбонк” дар Данғара, расонаӣ шуд, ки бо иттиҳоми гирифтани 400 ҳазор доллар ба ҳайси пора дастгир ва бо супурдани 200 ҳазор сомонӣ аз боздошт раҳо шуд. Бо ин вуҷуд, масъулини Додситонии кул мегӯянд, ҳоло нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ барои тақаллубкорӣ дар дасти баррасӣ аст.

Ин дувумин ислоҳот ба қонунҳои кишвар дар як моҳи ахир дар роҳи мубориза бо фасод аст, ки аз ҷониби парлумони кишвар тасдиқ шуд. Ҳафтае пеш вакилони парлумон бо ислоҳи панҷ қонун масъулияти раҳбарони ниҳодҳои муҳими кишварро барои пешгирӣ аз ришвахорӣ бештар кард. Бар асоси он, барои порагирӣ, раҳбарони як қатор кумитаву идора ҷазои маъмурӣ ва озод шудан аз кор пешбинӣ мешуд.

Ёрмуҳаммад Ниёзӣ

Ёрмуҳаммад Ниёзӣ

Бархе аз таҳлилгарон бар ин назаранд, ки ба ҷои ислоҳи қонунҳо ва ҷазоҳои интизомиву ҷаримаситониҳо, ки натиҷаи муассире надоранд, беҳтар аст ҷазои ахлоқӣ ё муҳокимаи мансабдорони муҷрим дар мазҳари ом, аз ҷумла дар маҳалу минтақаи зисташон матраҳ шавад.

Ёрмуҳаммад Ниёзӣ, таҳлилгари тоҷик ҳам ба ин бовар аст, ки зарба ба обрӯву нуфуз роҳе барои ислоҳ шудан ва қонуншиканӣ аз сӯи афроди масъул ва мансабдор хоҳад буд: “Фикр мекунам, ки агар ҷазоҳои ахлоқӣ- маҳаллӣ таъин шавад, ва дар маҳалҳо ин гуноҳҳо баррасӣ шаваду тавҳинҳои маҳаллӣ пешниҳод шавад, шояд ин таъсиргузортар аст.”

Таҳияи чораҳои нав барои мубориза бо фасод дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки ин кишвар дар арзёбиҳои байналмилалӣ пайваста дар байни кишварҳои фасодзадаи дунё ном бурда мешавад. Дар гузориши ахири созмони Transparency International, ки дар ин ҳафта нашр шуд, Тоҷикистон дар мақоми 136-ум ҷой гирифтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG