Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шерзамонов забонхат навишт, ки аз Бадахшон берун намеравад


Алим Шерзамонов.
Алим Шерзамонов.

Алим Шерзамонов, яке аз фаъолони ҷомеаи мадании Бадахшон мегӯяд, ки дар пайванд ба ҳодисаҳои ахири Хоруғ мавриди бозпурсӣ қарор гирифта ва барои берун нарафтан аз қаламрави вилоят забонзат навиштааст.

Раҳбари ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар Бадахшон Алим Шерзамонов ба хотири фош накардани сири тафтишоти ҳодисаи моҳи майи Хоруғ аз тарафи мақомоти Додситонии Бадахшон ба бозпурсӣ даъват карда шуда, барои берун нарафатан аз қаламрави вилоят баёнот додааст.

Алим Шерзамонов рӯзи 24 июн ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки дирӯз ӯро додситони вилояти Бадахшон ба бозпурсӣ даъват намуда, дар бораи ҳодисаҳои моҳи май ва боздошти Александор Содиқов мавриди бозпурсӣ қарор доданд.

«Онҳо гуфтаанд, ки ман ҳақ надорам аз сирри тафтишот ба матбуот ва ҷойҳои дигар иттилоъ диҳам, ва барои фош накардани сирри тафтишот ва то анҷоми тафтишот барои берун нарафтан аз вилоят забонхат додам ва зери он имзо гузоштам.»

Вай меафзояд, ки мақомоти умумри дохила ва амният гузориши телевизионӣ дар бораи Александр Содиқовро дар касетаҳо сабт карда, ба ноҳияҳо бурда ба мардум тақсим мекунанд.

Оқои Шерзамонов афзуд, ки дар ин фиттаҳо ӯро сиёҳ мекунанд, ки гӯё бо Александр Содиқов, як шаҳрванди дигари Тоҷикистон ва унвонҷӯи донишгоҳи Торонтои Канада, ки аз сӯи мақомоти амниятии Тоҷикистон ба иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи яке аз кишварҳои хориҷӣ боздошт шуда буд, робита дошта бошад.

Александр Содиқов рӯзи 11 июн дар шаҳри Хоруғ ҳини мусоҳиба бо Алим Шерзамонов боздошт шуд ва чанд рӯз қабл мақомот эълон доштанд, ки ӯ аз маркази вилояти Бадахшон ба Душанбе интиқол дода шудааст.

XS
SM
MD
LG