Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳмуди Аҳмадинажод хонаводаи Алӣ Лориҷонӣ, раиси парлумони Эронро ба фасодкорӣ муттаҳам кард ва адовати ин ду чеҳраи бонуфузро дар остонаи интихобот ба намоиш гузошт.

Маҳмуди Аҳмадинажод, рӯзи якшанбе зимни мухолифаташ ба талаби вакилон, ки истеъфои яке аз вазирони ҳукуматро мехоҳанд, муколамаи бародари Алӣ Лориҷониро дар ҳузури вакилони ҳайратзада пахш кард, ки ба гуфтаи ӯ нишон медиҳад, тамоми хонаводаи онҳо дар фасод олуда аст.

Алӣ Лориҷонӣ, дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии моҳи июн дар Эрон аз номзадҳои аслӣ хонда мешавад ва зоҳиран ин қазия обрӯву эътибори ӯро дар байни мардум, ки ҳоло бо мушкилоти зиёди иқтисодӣ даст ба гиребонанд, коҳиш хоҳад дод. Парлумон ва ё Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ба раҳбарии Алӣ Лориҷонӣ дар даври дуввуми раёсати ҷумҳурии Маҳмуди Аҳмадинажод ба бисёре аз сиёсатҳои ӯ мухолифат мекард.

Рӯзи якшанбе вакилони парлумон раъй доданд, то Абдулризо Шайхулисломӣ, вазири кор ва умури иҷтимоии Эрон аз мақомаш барканор шавад, зеро ӯ Саид Муртазавӣ, додситони собиқро, ки дар марги чанд зиндонӣ муттаҳам дониста мешавад, дар мақоми наве таъйин кард. Маҳмуди Аҳмадинажод, зимни муҳофизат аз вазири кор, навореро пахш кард, ки ба гуфтаи ӯ, сабти муколамаи Фозил Лориҷонӣ, бародари Алӣ Лориҷонӣ бо Саид Муртазавӣ аст. Ба гуфтаи Аҳмадинажод, ин муколама нишон медиҳад, ки хонаводаашон бо истифода аз эътибори бародарон Лориҷониҳоро барои ба даст овардани суди иқтисодӣ истифода кардаанд.

Агарчи муколама дуруст шунида намешуд, аммо Маҳмуди Аҳмадинажод баъзе аз пораҳои онро худаш хонд. Ӯ гуфт, Фозил Лориҷонӣ ба Саид Муртазавӣ расонидааст, ки метавонад, дар ивази ҷалб шуданаш ба баъзе аз фаъолиятҳои тиҷоратӣ, бо истифода аз нуфузи бародараш мушкили ӯро ҳал кунад. Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, “Ин навори видеоӣ возеҳ аст ва агар раиси мӯҳтарами парлумон мухолиф набошад, мо тамоми сабти 24 то 25 соатиро ба шумо медиҳем.”

Алӣ Лориҷонӣ дар посухи хашмолуд ба Маҳмуди Аҳмадинажод гуфтааст, ки иттиҳомоти ӯ ҳеҷ иртиботе ба талаби истеъфои вазири кор Абдулризои Шайхулисломӣ надорад ва иттиҳомоти фасодкориро рад кард. Алӣ Лориҷонӣ афзуд, “Мушкил ин аст, ки раиси ҷумҳури мо меъёрҳои оддии рафтор дар инҷоро намедонад.” Ӯ дар идомаи сӯҳбаташ пурсид: “Чаро шумо, ин масъаларо дар инҷо баррасӣ мекунед” ва афзуд, “Воқеан хуб шуд, ки шумо ин наворро пахш кардед, зеро мардум шахсияти шуморо беҳтар мешиносанд.”

Баъди ин сӯҳбат аксари вакилони парлумони Эрон ба Маҳмуди Аҳмадинажод хандиданд ва ӯ аз Алӣ Лориҷонӣ иҷозаи сӯҳбат хост, вале Лориҷонӣ рад кард ва баъди ин раиси ҷумҳури Эрон минбарро тарк кард ва вакилон ба вазири ӯ раъйи адами эътимод доданд. Фозил Лориҷонӣ ба хабаргузории “Форс”-и Эрон гуфтааст, ки ӯ алайҳи Маҳмуди Аҳмадинажод ва Саид Муртазавӣ барои “паҳн кардани дурӯғ ва ихтилол дар афкори ҷомеа” ба додгоҳ шикоят хоҳад бурд. Раиси Шӯрои Адлияи Эрон Содиқ Лориҷонӣ - бародари Фозил ва Алӣ аст.

Маҳмуди Аҳмадинажод, ки таҳти фишори ҷиноҳҳои муҳофизакор ва на танҳо Шӯрои Адлия ва парлумон қарор гирифта буд, чанд дафъа дар моҳҳои гузашта ишора кард, ки доир ба фасодкорӣ дар миёни мақомоти олирутба далелҳои кофӣ дорад, вале то кунун онҳоро ошкор накарда буд. Мунтақидони Аҳмадинажод дар парлумони таҳти контроли муҳофизакорон дар Эрон ҳукуматро пайваста интиқод карда гуфтаанд, ки сиёсатҳои ӯ мушкилоти иқтисодии кишварро бештар кардааст.

Вазъи иқтисоди Эрон бинобар таҳримоти Амрикову Аврупо алайҳи барномаҳои баҳсбарангези атомии он кишвар бадтар шудааст. Маҳмуди Аҳмадинажод, ки аҳди раёсати ҷумҳуриаш моҳи июн ба поён мерасад, дигар ҳаққи президентиро надорад, вале таҳлилгарон мегӯянд, ки ӯ мумкин аст, баъди тарки мақом карданаш низ нуфузашро дар ҳукумат нигаҳ дорад. Зоҳиран бо дарки амиқтар шудани ихтилофот дар миёни раҳбарони Эрон, Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари муаззами Эрон моҳи ноябр онҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ваҳдат даъват карда буд.

Радиои Озодӣ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG