Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯиқасд ба ҷони Аҳмадзиё Масъуд дар Бадахшон


Аҳмадзиё Масъуд, намояндаи вижаи раиси ҷумҳури Афғонистон дар умури ислоҳот ва ҳукуматдории хуб аз як ҳамлаи Толибон дар Бадахшон ҷони солим ба дар бурдааст.

Аҳмадзиё Масъуд, намояндаи вижаи раиси ҷумҳури Афғонистон дар умури ислоҳот ва ҳукуматдории хуб ва собиқ муовини аввали раиси ҷумҳури он кишвар аз як ҳамлаи Толибон дар вулусволии Баҳораки вилояти Бадахшон ҷони солим ба дар бурдааст. Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, ҳангоми ҳаракат дар роҳ ба сӯи мошини Масъуд мушак партоб шудааст.

Ба гуфтаи манобеи афғонӣ, Аҳмадзиё Масъуд барои боздид аз минтақаи Хустаки вулусволии Ҷурм ба Бадахшон рафтааст. Ин минтақа давоми ҳафтаҳои ахир шоҳиди даргириҳои хунин миёни нерӯҳои амниятии афғон ва Толибон буд, ки дар натиҷа беш аз 30 сарбози афғон кушта ва бархе ҳам сар бурида шуданд. Ба дунболи ҳодисаи хунини кушта шудани сарбозони афғон аз сӯи Толион, раиси ҷумҳури он кишвар Ашрафғанӣ Аҳмадзай ва раиси иҷроияи он кишвар Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Бадахшон рафта буданд.

Аҳмадзиё Масъуд бародари фармондеҳи машҳур Аҳмадшоҳи Масъуд ва домоди Бурҳониддин Раббонӣ, раиси ҷумҳури пешини Афғонистон мебошад, ки соли 2012 дар манзилаш аз сӯи як гумоштаи Толибон ба қатл расид.

Аҳмадзиё Масъуд аз соли 1978 то соли 1981 фармондеҳи муҷоҳиддин афғон дар қароргоҳи Парёни Панҷшер будааст.Аз соли 1981 ба унвони намояндаи хоси Ҳизби ҷамъиятии исломии Афғонистон дар шаҳри Пешовари Покистон фаъолият кард ва то соли 1991 ва то замони суқути ҳукумати Наҷибуллоҳ, дар ин мақом кор кардааст.Ӯ дар он сол аз сӯи Бурҳониддин Раббонӣ, раиси ҷумҳури вақти Афғонистон ба унвони мушовири раиси давлат интихоб шуд.

Вай дар соли 2001 пас аз суқути Толибон ва ташкили ҳукумати нави Афғонистон аз сӯи Ҳомид Карзай, ба унвони сафири ин кишвар дар Русия таъйин шуд. Ҳомид Карзай дар интихоботи раёсати ҷумҳури кишвар дар соли 2005 Аҳмадзиё Масъудро ба ҳамроҳи Карим Халилӣ ба унвони муовинони худ муаррифӣ кард.

Дар интихоботи ҷанҷолбарангези президентии соли 2014 дар Афғонистон Аҳмадзиё Масъуд дар даври аввал муовини номзади ин мақом Залмай Халил буд, вале бинобар раъйи кофӣ наовардан, дар даври дувум аз тими Ашрафғанӣ Аҳмадзай пуштибонӣ кард. Пас аз ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ раиси ҷумҳури Афғонистон ӯро намояндаи вижаи худ дар умури ислоҳот ва ҳукуматдории хуб, таъйин кард.

XS
SM
MD
LG