Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отахон Латифӣ -- қомати баланди журналистикаи тоҷик


Мегӯянд, шӯҳрати журналист як падидаи нопойдор аст. Агар чанд рӯз нанависад, ҳафтае дар телевизион намоён нагардад ва ё моҳе дигарон аз ӯ нақли қавл накунанд, аз ёдҳо фаромӯш хоҳад шуд.

Отахон Латифӣ ҳашт сол аст, ки чизе наменависад. Шабакаҳои телевизионӣ бо сабабҳои маълум ӯро нишон намедиҳанд. Матбуот ҳам аз осори ӯ иқтибос намеорад. Вале шӯҳрати ӯ ҳамон аст, ки буд. Ӯ ҳамон Отахони Латифист.

Боз солҳои зиёде ӯ дигар чизе нахоҳад навишт. Онҳое ки ӯро аз наздик мешинохтанд, низ дармегузаранд. Онҳое ки ин номро дӯст намедоранд, ҳамоно бо кафи даст онро хоҳанд пӯшонд.
Аммо ба рағми ин ҳама, меросе ки ӯ гузоштааст, ҳамоно боқӣ хоҳад монд ва аз як насл ба насли дигари рӯзноманигорон хоҳад гузашт.

Қалами покиза, дифоъ аз ҳақиқат ва адолат, фидокорӣ дар хидмат ба ватан, такия ба хиради мардум ва ақли солим, гуфтори рангину бодалелу самимию қотеъ ва парҳез аз иштибоҳҳои хоставу нохостаро журналистони муосири тоҷик мустақиму номустақим огоҳу ноогоҳона аз ӯ омӯхтаанд ва то замоне ки ин хислати онҳо идома мекунад, Латифӣ зиндааст.

Ё шояд ёди зиндаи ӯ ба он сабаб аст, ки вай журналист набуд, балки фаротар аз журналист, як фарзанди неки ватани худ буд? Фарзанди нек ва журналисти нек.
XS
SM
MD
LG