Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозӣ бо аслиҳаи пластикӣ дар Афғонистон мамнӯъ шуд


Вазорати умури дохилии Афғонистон эълом кардааст, ки фурӯши силоҳҳои пластикӣ ва бозичаҳои кӯдакона, ки метавонад осеб бирасонад, мамнӯъ мебошад. Аслиҳаи пластикӣ аз бозиҳои дӯстдошта дар Афғонистон ба шумор меравад.

Пас аз он ки бозии кӯдакон дар Афғонистон бо бозичаҳои пластикӣ ба шакли автоматҳои "Калашников" дар ҷараёни Иди Фитр беш аз 100 захмӣ ба ҷой гузошт, мақомоти ин кишвар тасмим гирифтанд, фурӯш ва истифодаи ин навъ бозичаҳоро мамнӯъ кунанд.

Ба гузориши хабаргузории Олмон, мақомҳои вазорати тандурустии Афғонистон мегӯянд, ки тайи се рӯзи маросими Иди Фитр, бозии кӯдакон бо автоматҳои пластикӣ, ки сочмаҳои пластикӣ партоб мекунад, боиси захмӣ шудани ҳади ақал 116 кӯдак шудааст ва аксари онҳо аз чашмонашон осеб дидаанд. Рӯзномаи бритониёии "Гордян" низ менависад, ки мамнуияти ин бозиҳо дар Афғонистон "бахше аст аз талошҳои мақомҳои ин кишвар барои пешгирӣ аз ривоҷи фарҳанги хушунат дар миёни кӯдакон."

Бозӣ бо силоҳҳои пластикӣ тайи рӯзҳои Иди Фитр дар Афғонистон дар солҳои ахир ривоҷи зиёде пайдо карда ва фаъолони иҷтимоӣ ва волидайн ривоҷи фарҳанни хушунат тайи солҳои ҷанг дар ин кишварро ба ин рабт медиҳанд.

Ба навиштаи "Гордян" кӯдакон дар Афғонистон аз пуле, ки ба таври суннати дар Иди Фитр аз падару модар дарёфт мекунанд, бештар барои харидани "Калашников"-ҳои пластикӣ ва туфангчаҳо истифода мекунанд.

Дар ҳамин замина Нурулҳаққ Улумӣ, вазири умури дохилии Афғонистон бо интишори баёнияе хабар дод, ки ба нерӯҳои пулис дастур додааст, ки тамоми силоҳҳои кӯдакона, ки метавонад сабаби осебҳои ҷисмӣ ва равонӣ бишаванд, ҷамъоварӣ шавад.

Бинобар ин гузоришҳо, ин тасмими давлати Афғонистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо истиқболи зиёде рӯбарӯ шуда ва дар ин шабакҳо, талаб шудааст, ки силоҳҳои воқеӣ ҳам аз дасти мардум ҷамъоварӣ шавад.

XS
SM
MD
LG