Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии вилояти Хатлон дар ним сол нисбати 158 нафар бо иттиҳоми даст доштан дар тақсими ғайриқонунии замин парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Додситонии вилояти Хатлон дар ним сол нисбати 158 нафар бо иттиҳоми даст доштан дар тақсими ғайриқонунии замин парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Инҳо асосан раисони ҷамоат, мақомдорон ва миёнравҳо будаанд. Додситонӣ мегӯяд, дар ин ним сол даҳҳо сокини ҷануби Тоҷикистон аз рӯи беадолатӣ ва қонушиканӣ дар тақсими замин ба ин идора аризаи шикоятӣ додаанд.

Нигаронии мақомоти Хатлон аз он аст, ки даҳҳо шикоят дар робита ба тақсими ғайриқонунӣ ва ноадолатонаи замин барои сохтмони манзил ва инчунин тахсиси қитъаи замини кишоварзӣ барои деҳқонон ба додситонӣ ворид шудааст.

Ин аст, ки додситонии вилояти Хатлон дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 78 санҷишро анҷом дода ва дар натиҷа 773 нафарро муҷозоти интизомӣ ва маъмурӣ карда ва алайҳи 158 нафар парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Насрулло Маҳмудов, додситони вилояти Хатлон рӯзи сешанбеи 15 июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, шаҳрвандоне, ки дар масъалаи замин ҷиноят содир кардаанд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуда, илова бар ин 1356 гектар замин ба ҳолати аввала, яъне ба истифодабарандаи собиқашон баргардонида шудааст.

Ҷаноби Маҳмудов мегӯяд: "Камбудиҳо дар ҳама шаҳру навоҳӣ дида мешавад, ки бояд фаъолиятамонро пурзӯр намоем. Бо ин тарзе, ки тақсимоти замин рафта истодааст, намедонам, ки масъалаи замин чӣ мешавад? Дар ин миён кормандони кумитаи замин, шахсони алоҳида, мансабдорон, раисони ҷамоатҳо ва раисони маҳаллаҳо низ ҳастанд."

Ин ҳам дар ҳоле, ки Хуршед Бекназаров, муҳандиси кумитаи кор бо замини ноҳияи Ёвон, яке аз шахсони мансабдор аст, ки аввали соли ҷорӣ бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт ва алайҳи ӯ тибқи моддаи 247, қисмӣ 4-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “зарари махсусан калон расонидан”, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба гуфтаи мақомот, парвандаи ӯ ҳанӯз ҳам мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ҳамакнун се худрави Хуршед Бекназаров, манзили зисташ, ки 40 ҳазор доллар арзиш дошт ва ҳамчунин 24 ҳазор доллари дигараш аз ҷониби ниҳодҳои марбута мусодира шудааст.

Ҳол он ки, ба гузориши Оҷонсии зидди фасоди молӣ ҷаноби Бекназаров маблағи 200 ҳазор долларро аз он худ кардааст.

Фасодкорӣ дар масъалаи тақсими замин дар Хатлон дар ҳолест, ки даҳҳо сокини Хатлон дар мавриди ҳавлиҳои танг ва ниёзмандиашон барои дарёфти қитъаи замин барои сохтмони хона шикоят мекунанд.

Тағойгул Раҳимова, сокини 54-солаи деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти "Бохтариён"-и ноҳияи Бохтар дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо ду келин ва шаш фарзандаш дар ҳавлии боғчаи мавсимии сохти шӯравӣ зиндагӣ мекунад.

Раҳимова мегӯяд, дар маҷмӯъ хонааш 1 сотих аст, ки “сарро халонӣ, по намеғунҷад”. Аммо ин зан мегӯяд, бо вуҷуди он ки аз соли 2009 ба ҳукумати ноҳияи Бохтар барои соҳиб шудан ба қитъаи замин барои бунёди хонаи истиқоматӣ муроҷиат мекунад, ин талошҳояш бенатиҷа аст.

Хонум Тағойгул Раҳимова муаллимаи фанни химия дар мактаби миёнаи деҳа бояд дар марҳалаи аввал соҳиби замин мешуд. Вай мегӯяд, "Мехоҳам, ки эҳтиёҷотам бароварда шавад, фарзандонам ба замин эҳтиёҷ надошта бошанд. Боз хонаҳоямон дар як сотих замин сохта шудааст, ки хеле танг аст. Шароитам низ ногувор аст. Ростӣ, аз ман пул напурсидаанд, вале чандин маротиба муроҷиат кардаам, ҳар як раисе, ки ба ноҳия меояд, муроҷиат мекунам. Саргардон шудаам, намедонам чӣ кор кунам", гуфт ин омӯзгор.

Мисли муаллима Тағойгул Раҳимова даҳҳо нафари дигаре дар вилояти Хатлон ҳастанд, ки пушти дари ҳукумати ноҳияҳо барои дарёти қитъаи замин дар навбат истодаанд.

Як суол чанд сол боз сокинони вилоятро азият медиҳад, ки чаро мақомоти нав, ки мансабдорони кӯҳнаро дар идораҳои марбут ба замин иваз кардаанд, айни ҳамон ҷиноятро такрор мекунанд ва нафарҳои баъдӣ низ? Масъули оҷонсии зидди фасод дар вилояти Хатлон, ки мо ҳамин суолро ба ӯ додем, бидуни зикри номаш дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, то муҷозот шадид нашавад, фасоди замин кам намешавад. Вай гуфт: “Нафаре, ки ҷиноят содир мекунад, бояд донад, ки амалаш беҷазо намемонад. Бояд аз ин кор ҳазар кунад. Вақте фарди ҷинояткор дар хариду фурши замин бо талофӣ ё ҷарима аз додгоҳ озод мешавад, боз ба ин кор даст мезанад. Ба фикри ман бояд ҷазои сангинтар бошад, то онҳое, ки дар хариду фурӯши ғайриқонунии замин машғуланд, ҳушёр шаванд. Аз сӯи дигар, дар ҳоле, ки нафарони зиёде доғи судӣ гирифтаанд боз ҳам мардум бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки соҳиби замин шаванд”, – гуфт ин масъули оҷонсии зидди фасод.

Алиакбар Абдуллоев, раиси Маркази тарғиб ва ташаккули маърифати зидди коррупсионӣ сабаби боз ҳам даст ба фасод задани кормандони давлатӣ, бахусус соҳаи заминро ба хислатҳои инсонӣ ва имонии онҳо марбут медонад, вале мгӯяд, “худи шахси мансабдор тавассути ришва вазифаҳоро соҳиб мешаванд ва вақте ришва дода вазифаро мегиранд, албата, ки маҷбур аст, пули пораи додаашро аз тариқи фасодкорӣ ҷуброн кунад”.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG