Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуллоҷонов умед дорад, базудӣ озод хоҳад шуд


Андрей Федур
Андрей Федур

Вакили дифои нахуствазири собиқи Тоҷикистон гуфт, санадҳои таъйидкунандаи мақоми паноҳандагии зерҳимояашро ба додситонии кулли Украина таслим кардааст.

Андрей Федур дар сӯҳбати телефонӣ бо Озодӣ аз шаҳри Киев гуфт, ки умедвор аст, баъди ин, мақомоти Украина ба қонуншиканӣ роҳ надода, дар фурсати наздик Абдумалик Абдуллоҷоновро озод хоҳанд кард. Вай гуфт, додситонӣ санадҳои тасдиқкунандаи мақоми паноҳандагии ин шахсро бо дархости худ аз сафорати ИМА дар Киев низ дастрас кардааст.

  • Бо тамоми масъулият гуфта метавонам, ки ҳам аз ҷониби гурӯҳи дифоъ ва ҳам аз тариқи мақомот, санадҳои тасдиқкунандаи мақоми паноҳандагии Абдумалик Абдуллоҷонов дар ИМА ба додситонии Украина таслим шудаанд. Тибқи қонунҳои Украина, ӯ наметавонад ба кишваре, ки дар он таваллуд шудааст, истирдод шавад. Дар номае, ки ман бо имзои консули генералии ИМА дар Киев ба даст овардам, гуфта мешавад, ки Абдуллоҷонов дар таърихи 17 июни соли 1999 мақоми паноҳандагии ин кишварро дарёфт кардааст. ИМА собит кардааст, ки барояш чун як шахсе, ки барои дидгоҳҳои сиёсиаш таъқиб мешавад, ҳақи паноҳандагӣ дода шуд, - гуфт ӯ.

Собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов рӯзи 5 феврал дар
Абдумалик Абдуллоҷонов ва Андрей Федур дар додгоҳ
Абдумалик Абдуллоҷонов ва Андрей Федур дар додгоҳ
фурудгоҳи “Бориспол”-и канори шаҳри Киев бо мусоидати пулиси байналмилалии Интерпол боздошт шуд. Мақомоти Тоҷикистон аз Украина хостаанд, ки ӯро ба Душанбе истирдод кунанд. Бо қарори додгоҳи Украина ва то замони баррасии дархости истирдодаш Абдумалик Абдуллоҷонов барои 40 рӯз дар боздоштгоҳ хоҳад монд. Дар Тоҷикистон ӯро бо иттиҳоми таъсиси гурӯҳи ҷиноӣ, куштор, талош барои ғасби ҳокимият ва дуздии моликияти давлатӣ айбдор мекунанд. Вале ба бовари худи Абдуллоҷонов, тамоми иттиҳомоти зидди ӯ ангезаи сиёсӣ дорад.

Ахиран Созмони Amnesty International ва Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон аз мақомоти Украина даъват карданд, ки ба истирдоди Абдуллоҷонов роҳ надиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои А.Федур, рӯзи 16 март мӯҳлати 40-рӯзаи боздошти муваққати Абдуллоҷонов ба анҷом мерасад ва то он замон додситонии кули Украина бояд дар робита бо сарнавишти ӯ қароре содир кунад.

  • Ҳоли ӯ хуб аст в умедвор аст, ки билохира бегуноҳиаш аз рӯи қонунҳои байналмилалӣ собит мешаваду вай озод хоҳад шуд. Вай ният дорад ба ИМА баргардад, - гуфт вакили дифоъ.

Ба саволи ин ки ӯ дар дохили боздоштгоҳ чӣ ҳол дорад, гуфт, “ба матбуот, китоб ва телевизион дастрасӣ дораду халос”. Ба гуфтаи Федур, Абдуллоҷонов на ба компютер ва на Интернет дастрасӣ надорад. Ба гуфтаи А. Федур, Абдуллоҷонов дар боздоштгоҳи муваққати шаҳри Киев дар як утоқи умумӣ ҳамроҳ бо гумонбарони дигар нигаҳдорӣ мешавад, ки даст ба ҷиноятҳои криминалӣ назадаанд. Аз замони боздошташ, ба гуфтаи вакили дифоъ, ӯ бо хешу табораш сӯҳбат накардааст, чунки ҳақи муоширати телефониро надорад.

Радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG