Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти "террорист"-и тоҷик дар Петербург


Дар ин бора имрӯз расонаҳои хабарии Русия хабареро пахш карданд.

Як шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистон дар Санкт-Петербурги Русия бо гумони таҳдиди таркондани фурудгоҳи Пулково дастгир шуд. Пулис мегӯяд, ин мард шаби гузашта дар ҳолати мастӣ аз телефонаш занг зада, таҳдид кардааст, ки агар барояш 300 000 рубл (ҳудуди 10 000 доллар) наоранд, фурудгоҳро метарконад.

Шабакаи телевизионии НТВ-и Русия хабар дод, ки шаҳрванди Тоҷикистон шабона дар як занги телефонӣ ба “02”, яъне ба пулис занг зада таҳдидомез гуфтаст, ки гӯё дар ҳудуди фурудгоҳ бомба гузошта шудааст. Дар амалиёти ҷустуҷӯи бомбаи эҳтимолӣ мутахассисони вазорати ҳолатҳои фавқулодда низ ҷалб шудаанд.


Мақомот дар пай маҷбур шудаанд, мардумро аз фурудгоҳ берун бикашанд ва нишастани ҳавопаймоҳоро боздоранд. Аммо дар натиҷаи ҷустуҷӯ маълум шуд, ки дар фурудгоҳ бомб нест. Пулис мегӯяд, шаҳрванди тоҷикро, ки дар вилояти Ленинград ба сар мебурд, дар пайи ташхиси шумораи телефони мобилаш боздошт кардаанд ва ғолибан зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ хоҳанд кушод.
XS
SM
MD
LG