Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукми додгоҳ: тифл ба ятимхонаи Тоҷикистон бармегардад


Ҳилола Егорова бо писари тоҷикаш Михаил

Ҳилола Егорова бо писари тоҷикаш Михаил

Рӯзи 20 сентябр додгоҳи ноҳияи Бутирскии шаҳри Маскав ҳукм кард, ки ҷараёни ба фарзандӣ хондани тифли ятими тоҷик бо нақзи муқаррароти байналмилалӣ сурат гирифтааст ва ин кӯдак бояд ба Тоҷикистон баргардонида шавад. Додгоҳ гуфтааст, ки кӯдаки ятим бояд ба ҳукумати Тоҷикистон баргардонида ва санадҳои баъди фарзандхонӣ таҳияшуда бекор карда шавад.

Ҳилола Егорова, модархонди ин тифли тоҷик дар як сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ ҳукми додгоҳро бо таассуфи зиёд хабар дод ва гуфт, ки дар сурати дар давоми 10 рӯзи баъдӣ ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят накардани онҳо, кӯдак бояд ба масъулини консулгарии Тоҷикистон дар Маскав дода шавад. Ин зан мегӯяд, аз ҳукми додгоҳ бисёр андӯҳгин шудааст, чунки то охир умедвор буд, ки дар ин қазия як созише ба фоидаи кӯдак ҳосил мешавад. Айни замон, гуфт ӯ, эътироф мекунад, ки ба ҳангоми таҳияи санадҳои фарзандхонӣ иштибоҳҳо роҳ дода шуданд ва дар чанд маврид нақзи муқаррароти фарзандхонии як кӯдаки хориҷӣ роҳ дода шудааст.

Ҳилола Егорова гуфт, ки бисёр мехоҳад, ки кӯдак дар дасташ бимонад, вале ҳанӯз ба қароре нарасидааст, ки ба кадом шакл муборизаашро барои ин кӯдак идома медиҳад. "Мо бояд бо вакиламон машварат кунем", - гуфт ӯ дар сӯҳбат аз шаҳри Маскав.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҳам ин хабарро тасдиқ карда гуфтанд, ки воқеан қазия чандон саҳлу осон нест ва пеш аз ҳама ба хотири ҷанбаъҳои ахлоқии равобити модару кӯдак мавзӯъро эҳсосотӣ мекунад. Аз сӯи дигар, мегӯянд дипломатҳо, ба нақзи қонун набояд роҳ дод ва нагузошт, ки сохторҳои масъул бидуни ризоияти ҳукумати Тоҷикистон ятимони тоҷикро ба хориҷиҳои ба фарзандхонӣ бидиҳанд.

Баҳси додгоҳӣ барои ҳақи модарӣ ба тифли партофташудаи тоҷик тобистони соли ҷорӣ шурӯъ шуд. Мавзӯи баҳс – тифли шашмоҳаест, ки як шаҳрванди Тоҷикистон ба дунё оварда, аммо аз ӯ даст кашидааст. Даъво бар асоси он шурӯъ шуд, ки навзод аз ҷониби идораи васоят ва парастории вазорати маорифи вилояти Маскав бидуни мувофиқати мақомоти Тоҷикистон дар Русия ба тарбияи фарзандхонҳо гузашт.

Аз рӯи қонунҳои Тоҷикистон, кӯдаки ятими тоҷик бидуни ризояти сохторҳои дахлдори ин кишвар наметавонад ба парастории шаҳрванди Русия гузарад. Асноди додгоҳии консулгарии Тоҷикистон собит мекунад, ки дар ҷараёни фарзандхонӣ ва зиндагии баъдии ин тифли шашмоҳа ҳадди ақалл ду дафъа қонун нақз шудааст. Аввалан, дар ҳолати содир кардани қарори ба фарзандонхонӣ додани тифли тоҷик мавқеи ҷониби Тоҷикистон пурсида нашудааст ва дувум, бар пояи ҳамин асноди фарзандхонӣ ба кӯдак шаҳрвандии Русия тақдим шудааст.

Кӯдак 11 марти соли 2016 аз модари тоҷике бо номи Кулулаева М.Н. таваллуд шуда, ҳоло шаҳрванди Русия аст ва исми наваш Михаил Егоров шудааст. Вакили дифоъ ва ҳам худи Ҳилола Егорова роҳ ёфтани иштибоҳ ба ҳангоми таҳияи санадҳои фарзандхониро аз ҷониби шӯъбаи васоят ва парастории вазорати маориф эътироф мекунанд, вале аз додгоҳ ва ҳам мақомоти тоҷик дархост карда буданд, ки ба ин иштибоҳҳо чашм пӯшанд ва гузоранд, ки тифл дар дасти волидони нав дар шароити муносиб тарбия шавад.

Ҳилола Егороваи 36-сола, шаҳрванди Русия, ки дар як ширкати Маскав ба ҳайси хазинадор кор мекунад ва ҳоло барои тарбияи писархондаш дар рухсатии модарӣ қарор дорад, гуфт, дар 10 соли ҳамзистӣ бо ҳамсари 45-солааш натавонистааст соҳиби фарзанд шавад. Онҳо аз мақомоти дахлдор дар шаҳру вилояти Маскав дархости расмии фарзандхонӣ кардаанд. Баъди аз фарзанд даст кашидани модари биологиаш, ба Егоровҳо пешниҳод мешавад, ки кӯдакро ба фарзандӣ қабул кунанд.

Ҳардуи онҳо дар ин муддат дарсҳои махсуси падару модариро ҳам гузашта, аз назари фикрӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ барои қабули фарзанд омода шудаанд. Ҳилола Егороа гуфт, "вақте кӯдакро бори аввал дидам, танҳо ҳамин масъалаи шаҳрванди Тоҷикистон буданаш маро каме нигарон кард. Чунки дар мактаби волидони мактаби фарзандхонӣ гуфта буданд, ки кӯдакони шаҳрванди Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон вақти таваллуд ба таври автоматӣ шаҳрвандии ин кишварро доранд. Дар идораи парасторӣ ба мо баъд гуфтанд, ки ҳеҷ мушкил аз ин назар намешавад. Идораи парасторӣ гуфт, ки консулгарии Тоҷикистонро дар ҷараён мегузорад ва ман ҳам аз паи дигар санадҳо шудаму кӯдакро ба қайд гирифта, шаҳрвандии Русияро додем. Мо ҳарду бо шавҳарам кор мекунем, хона тоза таъмир шудааст, шароитамон хуб аст. Як хонаи берунишаҳрӣ ҳам дорем. Қарори фарзандхонии кӯдак аз рӯзи 31 май ҳукми қонуниро гирифт, вале 15 июн аз Тоҷикистон нома гирифтем, ки кӯдак бояд ихроҷ шавад".

Баъд аз ин, Ҳилола Егорова ва ҳамсараш ба додгоҳ муроҷиат карданд. Дар тамоми ин муддат, мегӯяд зан, ҳеҷ нафар аз хешовандони эҳтимолии кӯдак пайдо нашуд ва барои кӯдак даъво накард. Дар Консулгарии Тоҷикистон ба волидон гуфтаанд, ки дар сурати вуҷуди равобити хешутаборӣ онҳо метавонанд ба тифл соҳибӣ кунанд, вагарна кӯдак бояд аз дасти онҳо гирифта шуда ба тарбияи ятимхонаи Тоҷикистон фиристода шавад.

Пеш аз судури ҳукми додгоҳ Ҳилола Егорова гуфт, умедвор аст бо мақомоти тоҷик ба як созиш мерасанд:

"Ба кӯдак раҳмам меояд. Ҳоло ӯ нимсола аст. Ӯро агар аз дастам гиранд, ҳафтмоҳа мешавад, баъд чӣ мешавад? Ӯ аллакай гаваккашон мегардад, падарашро “баба” мегӯяд. Тифли дӯстдоштаи мо аст. Ҳамеша дар ҳавои тоза дар аробачааш мегардонем, ҳама кору зиндагӣ ба хотири ҳамин кӯдак аст. Мо гунаҳкор нестем, ки вазъият ингуна шуд" - гуфт ӯ.

Сафорати Тоҷикистон пайваста барномаҳои бозгардони атфоли ятиму партофташудаи тоҷикро аз ятимхонаҳои Русия роҳандозӣ мекунад. Тахминан 10 рӯзи пеш чор тифли ятим ба Тоҷикистон фиристода ва ба тарбияи ятимхонаҳои ин кишвар гузаштанд. Мояи январи соли 2013 дар маросими гусели чор тифли ятими тоҷик ба ватан, ки дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав барпо шуд, сафири собиқ Абдулмаҷид Достиев гуфта буд, ки "Тоҷикистон фарзандони нодаркор надорад."

Тоҷикистон мегӯяд, интиқоли кӯдакон ба ватан тибқи муқаррароти Конвенсияи Кишинёв сурат гирифтааст. Дар солҳои истиқлолият даҳҳо тифли ятим ва партофташудаи тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон интиқол ёфта, бархеи онҳо дар Тоҷикистон ба тарбияи волидони нав ва ё зери назари хешовандони худ гузаштанд. Сафорат мегӯяд, танҳо дар Тоҷикистон 800 оилаи бефарзанд дар навбати фарзандхонӣ истодаанд.

XS
SM
MD
LG