Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ВКД хабари латукӯби журналистро таҳқиқ мекунад


Доро Сӯҳробӣ

Доро Сӯҳробӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба таҳқиқи хабари лату куби хабарнигори нашрияи “Фараж” оғоз кардааст. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, таҳқиқи ин ҳодиса аз ҷониби муфаттишони вазорат оғоз шудааст. Ӯ гуфт: “Аллакай санҷишро оғоз кардаем. Ҳодисаро муайян мекунем ва агар ин суханҳо воқеият дошта бошад, шахси гунаҳкор ҳатман ҷазо мегирад.”

Доро Сӯҳробӣ, хабарнигори нашрияи “Фараж” идддао дорад, ки бегоҳи рӯзи 18-уми август аз ҷониби чанд корманди пулис шадидан лату куб шудааст. Хабарнигори 20-солаи нашрияи “Фараж” рӯзи 19-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, бегоҳи 18-уми сентябр ҳангоме боздошт шуд, ки бо супориши редаксияи нашрия ба таҳқиқи мавзӯи савдои кӯчагӣ машғул буд ва баъди боздошт ба Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино-1 бурда шуд.

Ӯ гуфт, замоне аз ҷониби пулис боздошт шуд, ки вориди баҳси як корманди пулис бо як зани савдогар шудааст. Доро Сӯҳробӣ гуфт: "Дар гарданам дастгоҳи суратгирӣ овезон буд. Ин корманди милиса бо он зан барои ҷои савдо баҳс доштанд. Баҳси онҳо ба мавзуе, ки пайгирӣ мекардам, дахл дошт. Вақте ман ба баҳси онҳо таваҷҷӯҳ кардам, ин корманди пулис як нафарро даъват карда, гуфт, "ӯро ба шӯъба бар".

Флешкорти дастгоҳи наворбардориамро шикастанд. Дар Шӯъбаи корҳои дохилӣ бе ягон пурсиш маро то аз ҳуш рафтан лату куб карданд. Дасту сарам осеб бардошт. Баъдан, вақте ба худ омадам, бахшиш пурсиданд ва як нафараш 50 сомонӣ дод, то флешкорти нав харам. Хоҳиш карданд, ки ҳеҷ ҷо шикоят накунам".

Ин хабарнигор мегӯяд, ҳоло аз ташхиси тиббӣ гузашта, барои муроҷиат аз болои рафтори пулис ба додситонӣ рафтааст.

Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани милии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, ин созмон ба қазияи лату кӯби эҳтимолии Доро Сӯҳробӣ таваҷҷӯҳ кардааст. Ӯ гуфт, ҳоло мавзӯъро пурра таҳқиқ накардаанд, аммо аз сӯҳбатҳои пешакӣ бармеояд, ки рӯзноманигор зимни фаъолияти касбиаш ба мушкил рӯбарӯ шудааст.

Ӯ гуфт: “Ин қазия зоҳиран ҳангоми фаъолияти рӯзноманигории журналист рух додааст. То ҳол ба мо муроҷиат накардааст, аммо мо омодаем, ки ба ин рӯзноманигор кӯмаки ҳуқуқӣ бирасонем. Ба назар мерасад, ки ин ҷо корманди пулис аз ваколатҳои хидматиаш сӯиистифода кардааст.”

Лату кӯби ин рӯзноманигор дар ҳолест, ки чанд соли ахир аз фишори афзоянда болои матбуоти мустақил ва рӯзноманигорони алоҳида дар Тоҷикистон сӯҳбат мешавад. Созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи рӯзноманигорон мегӯянд, фишор болои матбуоти озод боис шудааст, ки рӯзноманигорон ба худсонсурӣ гузаранд ва аз навиштани матлабҳои ҷиддии таҳлилӣ худдорӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG