Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хадиҷа -- як духтари 15-сола, ки на чандон дуртар аз пойтахти Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, то ба ҳол ба мактаб нарафтааст ва хондану навиштан ҳам наметавонад. Аксари вақти ӯ бо каланд кардани замин сипарӣ мешавад.

Cубҳи Хадиҷа - як навраси 15-сола бо тафовути зиёд аз ҳамсолонаш шом мешавад. Ӯ китобу дафтар надорад ва ба ҷои ҷузвдону ашёҳои дарсӣ, ҳар субҳ бо белу каланд аз хона берун мешавад. Рӯзи Хадиҷа дар саҳро ва бо корҳое сипарӣ мешавад, ки маъмулан мардон ба он машғуланд.

Бо Хадиҷа мо тасодуфан дар роҳ ба Ҳисор дар замини кишт ошно шудем. Хонаводаи Хадиҷа дар як деҳаи атрофи пойтахт зиндагӣ мекунанд ва ӯ дар заминҳои гирду атрофи маҳалли зисташ кор мекунад.

Ӯ ҳамроҳ бо хоҳарбузургаш бо бел, бехи дарахтонро нарм ва бо ин роҳ кори падарро, ки дар замини дигарон кор мекунад, сабук менамуданд. Таваҷҷӯҳи моро бештар аз ҳама дастони аз сардии зимистон кафидаву хуншори ин наврас ба худ ҷалб кард.

Зимни сӯҳбат бо мо, ӯ аз белзанӣ бозмонд ва ба бели дар дасташ буда такя кард ва дар бораи худ қиссаи намуд: «Ман мактаб намехонам, агар мехондам, ҳоло синфи ҳафт будам. Кам-кам хонда ва навишта метавонам, аммо вақте хурд будам, саломатиам хуб набуд ва дигар аз мактаб мондам.»

Дар бораи мактабу дарсхонӣ Хадича маъмулан баъд аз кор аз қиссаҳои дугонаҳои мактабхонаш огоҳ мешавад. Хадича дар хонавода фарзанди чоруми волидонаш аст. Вай бо хоҳараш дугоник буданд, аммо вақте хоҳараш мефавтад, ӯ бемор мешавад ва солҳо бистарӣ шудан дар бемористон, ӯро аз мактаб дур мекунад ва волидонаш ҳам талош накарданд ӯ хатту савод омӯзад.

Хадиҷа ҳарчанд таҳсил накардааст, аммо ба хабарҳои ҷаҳон таваҷҷӯҳ дорад. Ҳангоми сӯҳбат аз рафтани ҷавонон ба Сурия мегуфт, ки дар бораи онҳо аз телевизион дидаву шунидаст: «Онҳоро фиреб карда бурдаанд.»

Хадича ки бо анҷоми кор дар заминҳои мардум ба падараш кӯмак мекунад, мегӯяд, падараш бар ивази кор аз соҳибони замин маблағ мегирад ва ба ӯву хоҳаронаш либос мехарад. Ин ҳамсӯҳбати навраси мо мегӯяд, орзу дошт омӯзгор бошад ва ба фарзандони мардум дарс гӯяд, акнун ки ин орзуяш танҳо орзу мемонад, мехоҳад бо пули коркардаи худ планшет харад ва рӯзу зиндагии худро дар саҳро рангинтар кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG