Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ як сокини шаҳри Душанберо, ки ҳудуди чор моҳи пеш аз Миср ба Тоҷикистон истирдод шуда буд, барои пайравӣ аз гурӯҳи “Давлати исломӣ” 12 сол равонаи зиндон кард.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Улуғбек Сангинов, сокини шаҳри Душанберо барои талоши иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави кишварҳои дигар гунаҳкор дониста, ба 12 сол зиндон ва нигаҳдорӣ дар маҳбаси низомаш сангин маҳкум кард. Дафтари матбуоти додгоҳи Исмоили Сомонӣ 27 ноябр ба Озодӣ гуфт, ки ин ҳукм ҳафтаи гузашта содир шуда, аммо ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифтааст.

Ба қавли манбаъ, Улуғбек Сангинов моҳи июли соли ҷорӣ ҳангоми парвозаш аз фурудгоҳи Шарм-уш-шайхи Миср ба Истанбул боздошт шуда ва баъдан ба Тоҷикистон истирдод шудааст: "Ӯ дар аввалҳои соли равон аслан ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Маскав рафта, дар онҷо тақрибан чор моҳ кор кардааст. Вале Рауф Акбаров ном як сокини деҳаи Бедаки ноҳияи Рашт зимни корҳои сохтмонӣ ва ҳангоми намозхонӣ дар масҷиди “Проспект Мира” (метрои Новокузнетск) Улуғбекро барои иштирок дар ҷиҳод алайҳи ҳукумати Башор Асад ташвиқ кардааст."

Масъулони додгоҳ мегӯянд, ки ин ташвиқ боис шудааст, то Улуғбек Сангинов майдони корро дар Русия партофта, ба сӯи майдонҳои ҷанг дар Сурия роҳ пеш бигирад. Баъд аз ин, Сангинов моҳи июл аз Маскав ба Коҳира рафта, чанд муддат дар як таҳхона дар пойтахти Миср ба сар бурдааст. Аммо ӯро ҳангоми парвоз аз фурудгоҳи Шарм-уш-шайхи Миср ба сӯи Истанбул, ки қасд дошт аз онҷо ба Сурия гузарад, боздошт шудааст.

Худи Улуғбек Сангинов дар мурофиаи додгоҳӣ иқрор кардааст, ки ҳадафи парвозаш ба Истанбул аз онҷо рафтан ба Сурия пайвастан ба созмони “Давлати исломӣ” будааст. Вале ӯ дар мурофиаи додгоҳӣ гуфтааст, ки вақте аз Душанбе ба муҳоҷирати корӣ рафта буд, аслан дар бораи ҷиҳод ва созмони "Давлати исломӣ" тасаввурот надошт.

Дар Русия ҳудудан 1 миллион аз муҳоҷирони тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Мақомот ва коршиносон ин қишри ба сурати умум беҳуқуқро дар муқобили ташвиқу даъватҳои гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ хеле осебпазир мешуморанд. Дар Душанбе бар ин боваранд, ки ҳадди аксар аз беш аз 500 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Сурияву Ироқ дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” меҷанганд, маҳз дар Русия ба ин ба ном “ҷиҳод” ҷалб шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон бо изҳори нигаронӣ аз афзоиши шумори шаҳрвандонаш дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ”, барои онҳое, ки ихтиёран аз Сурияву Ироқ бармегарданд, афви гуноҳ пешниҳод кардаанд. Бино ба иттилои мақомот, то ҳол ҳудуди 40 тан аз шаҳрвандони тоҷик бо эҳсоси пушаймонӣ аз пайвастани худ ба “Давлати исломӣ” аз Сурияву Ироқ ба ватан баргашта, мавриди афв қарор гирифтаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG