Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамдеҳагон бовар надоранд, ки Вулгаров бомбгузори Истанбул будааст


Аъзои оила ва ҳамдеҳагони Раҳим Вулгаров, яке аз афроди муттаҳам бо бомбгузории маргталабона дар фурудгоҳи Истанбул мегӯянд, то ҳанӯз аз шунидани ин хабари шум ба худ наомадаанд.

Хабарнигори Рейтерс ба зодгоҳи Вулгаров-деҳаи Икон Халқи ҷумҳурии Карачай-Черкеси Қафқози шимолии Русия сафар карда, бо ҳамсояҳо ва наздикони ӯ, ки аксаран намояндагони қавми ногай мебошанд, ҳамсӯҳбат шуд.

Сокинони деҳа мегӯянд, падари Вулгаров хоҷагии деҳқонӣ дошта, модараш хонашин аст. Раҳим ҳам бо волидонаш деҳқонӣ мекарду дар масҷиди маҳаллӣ намоз мехонд.

Темурҷон Баёзов, яке аз сокинони маҳаллӣ мегӯяд, ки “бале, ман ин ҷавонро мешинохтам. Масофаи миёни хонаҳои мо ҳамагӣ 50 метр аст. Баъди шунидани хабар ман аввалин касе будам, ки хонаи онҳо рафт. Падараш он ҷо буд. Ӯ хеле нороҳат аст. Намехоҳад бо касе вохӯрад. Оилаи онҳо солим аст. Яке аз беҳтарин оилаҳои деҳаамон мебошад. Ман ҳам намедонам, ки чӣ гуна ин ҳодиса рӯй дод. Дирӯз аз ҳамсарам ҳам пурсидам, ки чаро ӯ ба гурӯҳи Давлати исломӣ пайвастааст.”

Хонум Ася, муаллимаи мактаби маҳаллӣ мегӯяд, бовараш намоеяд, ки Раҳим дар ин амали даҳшатбор даст дорад: “Ман устоди синфҳои поёнӣ ҳастаму ба вай дарс надодаам. Вале ҳама ба ҳайрат омадаанд, ки чӣ гуна ӯ ба ин гурӯҳ пайваст. Волидонаш ҳам намедонистанд, ки ӯ ба гурӯҳи Давлати исломӣ пайвастааст. Падару модараш инсонҳои заҳматкаш мебошанд”.

Додситонии Туркия дар баробари Раҳим Вулгаров шаҳрванди дигари Русия Вадим Усмоновро муттаҳам дар бомбгузории хунини 28-уми июн дар фурудгоҳи Истанбул ва як ҷангсолори чеченро тарҳрези он мешуморад.

Мақомоти Туркия ин хабарҳоро шарҳ намедиҳанд, вале як мансабдори давлатӣ қаблан гуфта буд, ки бомбгузории 28-уми июнро се нафар амалӣ кардаанд, ки яке шаҳрванди РУсия, дуюмӣ шаҳрванди Қирғизистон ва сеюмӣ шаҳрванди Узбакистон аст.

Рӯзи якуми июл мақомоти Туркия 11 хориҷиро бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи Давлати исломӣ боздошт намуданд. Баъдан хабаргузории "Анадолу" иттилоъ дод, ки шумораи боздоштшудаҳо то 24 нафар афзоиш ёфтааст. Бар асари ҳамлаи 28-уми июн дар фурудгоҳи Истанбул 45 кас ҳалок шуда, садҳо нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

XS
SM
MD
LG