Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи шаҳри Кӯлоб як сокини 29-солаи маҳаллиро барои аъмоли террористӣ ва ифротгароёна муҷрим шинохта ба 13 соли зиндон маҳкум кард.

Масъулони додгоҳи Кӯлоб рӯзи ҷумъаи 7 октябр зимни тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки “додгоҳ Сайфиддин Салимов, сокини 29-солаи ин шаҳрро, ки дар қасди тарконидани шӯъбаи корҳои дохилӣ мутаҳҳам дониста мешуд, ба 13 соли зиндон маҳкум кард”.

Русия муҳоҷират мерафт. Моҳи октябри соли 2015 аз муҳоҷират омад. Аммо моҳи марти соли ҷорӣ милиса боздошташ кард ва баъд гуфтанд, ки дар Туркия будаасту аз ин гапҳо

Ба гуфтаи ин масъулон, Сайфиддин Салимов, ки моҳи март аз ҷониби ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуда буд, бар асоси моддаҳои 187 ва 307, прим 2, қисми 2, ва 401, прим 1–и Кодекси ҷиноӣ, яъне захридӣ, ҷалбу омӯзиш ва маблағгузорӣ ба хотири ширкат дар амалиёти низомӣ”, ва “барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ ва динӣ” гунаҳгор донист.

"Дарси" терроризм дар сафи ДИИШ

Тафтишот маълум карда, ки Салимов давоми се моҳ дар Туркия дар суфуфи гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” тамрин гирифта ва қасд доштааст, пас аз бозгашт ба Тоҷикистон бинои шӯъбаи корҳои дохлии Кӯлобро тарконад.

Наздикони Сайфиддин Салимов, мегӯянд вай чанд соли ахир ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ ба Русия мерафт ва ризқи худу хонаводаашро аз ин роҳ таъмин мекард. Аммо пас аз бозгашт аз Русия мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро боздошт карданд.

Ҷовидон, яке аз наздикони Сайфиддин Салимов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: “Русия муҳоҷират мерафт. Моҳи октябри соли 2015 аз муҳоҷират омад. Аммо моҳи марти соли ҷорӣ милиса боздошташ кард ва баъд гуфтанд, ки дар Туркия будаасту аз ин гапҳо”.

Дар ҳамин ҳол вакили дифои Сайфиддин Салимов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қасди шикоят аз болои ҳукми додгоҳро надоранд. Маҳкум ба зиндон шудани як сокини шаҳри Кӯлоб дар иртибот ба созмони “Давлати Исломӣ” дар ҳолест, ки шахсияти 516 сокини вилояти Хатлон, ки дар ҷангҳои Ховари Миёна иштирок доранд, муайян карда шудааст.

Мақомот: 1100 тоҷикистонӣ дар қаламравҳои ДИИШ ҳастанд

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 25-уми август дар суҳбат бо фаъолони Хатлон дар ноҳияи Бохтар гуфт, ки ин омор аз соли 2014 ба имрӯзро дар бар мегирад ва бино ба иттилои онҳо, "инчунин, 164 нафар дастгир шуда, 24 нафар ба кишвар оварда шудаанд".

Гузашта аз ин, мақомоти Тоҷикистон дар бораи ба сафи “Давлати исломӣ” ва гурӯҳҳои дигари ҷангҷӯ дар Сурияву Ироқ пайвастани ҳудуди 1100 шаҳрванди тоҷик ва ҳалокати то 300 нафари онҳо дар ҷангҳои Ховари Миёна сӯҳбат мекунанд ва ин тамоюлро барои амнияти кишвар таҳдидзо мешуморанд.

Душанбе барои онҳое, ки ихтиёран аз Сурияву Ироқ бармегарданд ва худро ба мақомот таслим мекунанд, пешниҳоди афв карда, ҳамчунин рӯйхати онҳоеро, ки узвияташон дар “Давлати исломӣ” ва гурӯҳҳои дигари тундрав ва ширкаташон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ тасдиқ шудааст, барои таъқиб ба Интерпол супурдааст.

XS
SM
MD
LG