Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зафар аз шиддати баланди барқ ҷон дод


Зафар Насимов 46 сол дошт
Зафар Насимов 46 сол дошт

Як корманди идораи "Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ"-и шаҳри Кӯлоб ҳангоми насби парчами Тоҷикистон дар дарахте ба сими барқ бархӯрда ва дар бемористон ҷон додааст. ​Зайрулло Нуралиев, сардори идораи "Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ"-и шаҳри Кӯлоб рӯзи ҷумъаи 30 сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “ин ҳодиса рӯзи чоршанбеи 28 сентябр рух дод. Зафар Насимов, корманди 46-солаи ин идора ҳангоми насби парчам дар дарахте дар кӯчаи Умари Хаёми шаҳри Кӯлоб ба сими баландшиддати барқ бархӯрда ва аз шиддати барқ дар бемористон ҷони худро аз даст дод”.

Зафар Насимов, корманди 46-солаи ин идора ҳангоми насби парчам дар дарахте дар кӯчаи Умари Хаёми шаҳри Кӯлоб ба сими баландшиддати барқ бархӯрда ҷон дод

Ғолиб Шарипов, сардори Маркази ташхиси суддӣ-тиббии минтақаи Кӯлоб дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “ташхис собит кард, ки Зафар Насимов аз ноҳияи сар ба сим бархӯрдааст ва аз шиддати баланди барқ ҷон додааст”. Ҷаноби Шарипов афзуд, "он касоне, ки ҳамроҳи Зафар буданд, нақл карданд, ки дар болои мошини борбардор будааст. Баъдан мошин ӯро каме боло бардоштааст ва дар ҳамин ҳолат сими барқ ба сараш задааст. Вақте ҳамкорон ӯро ба бемористон бурдаанд, ҳанӯз зинда буд, вале баъд дар ҳамон ҷо фавтид”.

Дар ҳамин ҳол масъулони шуъбаи корҳои дохилаи шаҳри Кӯлоб гуфтанд, ки нисбати ин ҳодиса мавод тартиб дода ба додситонӣ фиристодаанд. Ба гуфтаи ин масъулон, дар асоси ин мавод бояд нисбати корфармо парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва тафтишот гузаронда шавад.

Суоли матраҳ низ ин аст, ки то куҷо техникаи бехатарӣ ба ҳангоми иҷрои кор риоя шудааст ва кӣ бояд барои ҷони ин коргар ҷавобгар шавад? идораи "Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ"-и шаҳри Кӯлоб мегӯянд, тибқи муқаррароти меҳнат, кормандон қабл аз кореро анҷом додан, ҳатман ба китоби махсуси бехатарӣ имзо мегузоранд, ки қоидаҳоро риоя хоҳанд кард.

Парчами миллии Тоҷикистон рукни муҳими ороишоти расмӣ аст
Парчами миллии Тоҷикистон рукни муҳими ороишоти расмӣ аст

Аммо Зайнулло Нуралиев, раиси идораи "Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ"-и шаҳри Кӯлоб мегӯяд, он рӯз кормандашон Зафар Насимовро ҳукумати шаҳри Кулоб барои насби парчамҳо ҷалб карда буд.

Рамазон Мирзоев, як масъули шаҳрдории Кӯлоб нақл мекунад, ки он рӯз ҳамроҳи Зафар Насимов ва дигар кормандони ҳукумат ба насби шиору овезаҳо дар шаҳр машғул буданд. Ҷаноби Мирзоев мегӯяд, ҳодисаи нохуш дар нисбати Зафар Насимов замоне рух додааст, ки худи ӯ барои иҷрои супориши дигаре рафта будааст: "Ман ҳам дар ҳамон ҷо будам, аммо бо коре ба идораи "Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ" омадам. Каме баъд ба ман занг заданд, ки чунин ҳодиса шудааст ва Зафарро ба бемористон бурдаанд, ки дар онҷо ҷон додааст".

Дар ҳамин ҳол додситонии шаҳри Кӯлоб ҳодисаи ба барқ бархурдани корманди идораи "Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ"-ро мавриди таҳқиқ қарор додааст ва масъулони ин ниҳод мегуянд, омилону шоҳидони ин ҳодиса бозпурсӣ мешаванд. Аммо пайвандони Зафар Насимов марги ӯро як тасодуфи фоҷеабор медонанд ва мегӯянд, ба ҷое шикоят нахоҳанд бурд.

Шаҳбоз Насимов
Шаҳбоз Насимов

Шаҳбоз Насимов, бародари Зафар Насимов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: "Рӯзи гузашта ман дар бозор тарбуз савдо мекардам, як нафар омада маро гуфт, ки бародаратро қувваи барқ задааст ва дар бемористон аст. Рафтам, ки ҷонаш баромада буд. Баъдан экспертиза бурда аз ташхис гузаронида ҷасадашро ба мо доданд. Мо ӯро дирӯз дафн кардем”.

Шаҳбоз мегӯяд, барқ задану мурдан насиби бародараш Зафар будааст ва барои ҳамин дигар шикоят кардан фоидае надорад. Аммо Шаҳбоз мегӯяд, ҳукумати шаҳри Кӯлоб ба онҳо ваъда кардааст, ки маъракаҳои азодории Зафарро ба ӯҳда мегирад ва ба зану ду фарзандаш низ нафақа таъйин мекунад. Ба гуфтаи Шаҳбоз, кормандони шаҳрдории Кӯлоб гуфтаанд, ки пас аз сафари раиси ҷумҳур, ки ба таърихи 3 то 5 октябр сурат мегирад, ҳатман ба ваъдаашон вафо хоҳанд. Зимнан, Шаҳбоз ҳам гуфт, бародараш дар остонаи сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба насби парчам дар дарахту симчӯбҳои кучаҳо ҷалб шуда буд.

Октябри соли 2013 шаҳри Кӯлоб мизбони президент буд
Октябри соли 2013 шаҳри Кӯлоб мизбони президент буд

Чор соли пеш, дар шаҳри Кулоб дар натиҷаи расидани барқи пуршиддат ба дастони як корманди Идораи шабакаҳои барқи Кулоб ин мард аз ду дасташ маҳрум шуд. Абдулло Зокиров, дар соли 2012 бо супориши Идораи шабакаҳои барқи Кӯлоб хост, як сими барқро пайваст кунад, аммо ҳамон лаҳза нафаре аз кормандони Идора бидуни огаҳӣ дар ин симҳои бебарқ барқро рӯшан кард ва Абдулло Зокировро барқ зад. Идораи шабакаҳои барқи Кӯлоб баъди он қазия ба Абдулло Зокиров даҳ ҳазор сомонӣ кумак кард, аммо наздикони ин мард гуфтаанд, ки ин кумак харҷи ҳамагӣ се рӯзи табобати ӯро пӯшонду халос.

XS
SM
MD
LG