Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷумин мусобиқаи кушодаи Ҷоми Вастан дар Душанбе


​Мусобиқаи V кушода оид ба дзюдо байни наврасон барои Ҷоми Вастан рӯзҳои 28-29 ноябр дар Душанбе баргузор мешавад.

Рӯзҳои 28-29 ноябр дар шаҳри Душанбе, дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон, мусобиқаи V кушода оид ба дзюдо байни наврасони солҳои таваллудашон 1998-2000-ум барои Ҷоми Вастан барпо мегардад. Ташкилкунандагони ин мусобиқаи анъанавӣ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва Клуби варзишии Вастан мебошанд.

Дар ин мусобиқа дастаҳои дзюдочиёни наврас аз ҳамаи манотиқи кишвар ширкат меварзанд. Инчунин ширкати варзишгарони ҷавони Афғонистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Туркия, Узбакистон, Ҷопон, Эрон, Юнон ва ғайра дар назар аст.

Ба ин мусобиқа ба ҷуз доварони тоҷик, инчунин, ҳакамон аз Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Узбакистон ва Эрон даъват шудаанд. Довари дараҷаи байналмилалӣ Рамзӣ Шамиров аз Тоҷикистон сардовари ин мусобиқа таъин шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки Клуби варзишии Вастан моҳи июни соли 2010 бо ибтикору сарпарастии паҳлавони маъруфи тоҷик Нуралӣ Шарифов, раиси Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи “Файз”, таъсис ёфтааст. Он нахуст дар ноҳияи Дарвоз баъди ба истифода додани толори варзишии Вастан, ки бо маблағи ин тоҷири ҳимматбаланд сохта шуд, ба кор шурӯъ намуд. Баъдан, моҳи сентябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе маркази Клуби варзишии Вастан ба фаъолият оғоз кард.

Паҳлавонони навраси ин бошгоҳи варзишӣ дар мусобиқоти байналмилаливу қитъавӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат карда, натиҷаҳои баланд ба даст овардаанд.

Нуралӣ Шарифов, раиси Клуби варзишии Вастан, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “умедворем, ки ин мусобиқа ба рушди дзюдо ва таҳкими дӯстӣ миёни варзишгарони навраси кишварҳои мухталиф мусоидат мекунад ва дар оянда аз байни онҳо устодони бузурги дзюдо, ба мисли Расул Боқиев, ба камол мерасанд. “

Ғолибони мусобиқа дар нӯҳ вазн байни писарон ва дар се вазн миёни духтарон ба ҷуз медалу диплом, бо ҷоизаҳои молӣ (барои ҷойи аввал 300 доллар, барои ҷойи дувум 200 доллар ва барои ҷойи севум 100 доллар) мукофотонида мешаванд.

Ин мусобиқа дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андозиТоҷикистон, ки 1,5 ҳазор ҷойгоҳ дорад, рӯзҳои истироҳат – 28-29 ноябр - соати 10-и субҳ шурӯъ мешавад. Маросими ифтитоҳи ботантанаи мусобиқа рӯзи шанбеи 28 ноябр соати 18:00 барпо мегардад.

XS
SM
MD
LG