Пайвандҳои дастрасӣ

У.Мирзоширинов: Дар Тоҷикистон ҳама забонҳо модарианд, аз ҷумла забонҳои помирӣ


Акс аз саҳифаи фейсбукии Рустам Майлов гирифта шудааст

Акс аз саҳифаи фейсбукии Рустам Майлов гирифта шудааст

Коргардони маъруф дар ҷашнвораи байналмилалии синамои «Дидор» дар Душанбе барои филми «Мушкилкушо» ҷоизаи «Беҳтарин филми тоҷикӣ»-ро ба даст овард. Коргардон мегӯяд, филм дар бори ишқи поки инсонӣ қисса мекунад.

Филми коргардони тоҷик Умед Мирзоширинов “Мушкилкушо” ба унвони беҳтарин филми тоҷикӣ дар поёни синамобазми “Дидор” дар шаҳри Душанбе қадрдонӣ шуд. Ҳайати доварон ин филмро аз миёни довталабони дигари ҷоизаи баланди “Дидор” ҳамчун беҳтарин филми тоҷикӣ эътироф карданд.

Умед Мирзоширинов 42 сол дорад. Ӯ соли 1972 дар шаҳри Хоруғ ба дунё омадааст. Солҳои 1990 дар шаҳри Маскав дар риштаи актёрии ВГИК – Донишгоҳи кинематографияи Русия таҳсил карда, баъдан дар ВИППК факултаи коргардониро хатм кардааст. Аз соли 2000-ум дар студияи "Тоҷикфилм" кору эҷод мекунад. Муаллифи чандин филми бадеӣ аст, аз ҷумла: «Бумеранг» (соли 1997), «Гулҳои Душанбе» (2001), «Муҷассамаи ишқ» (2003) ва дигарҳо аст. Наворбардории филми "Мушкилкушо" ҳанӯз соли 2009 шурӯъ шуда буд.

Филм дар бораи ишқ аст, ишқи илоҳии ду ҷавон, ки ҳадду ҳудуд ва сарҳадро намешиносад

Дар як сӯҳбати телефонӣ аз Умед Мирзоширинов хостем, дар бораи филми ҷоизадораш «Мушкилкушо» («Преодоление») ба хонандагони сайти радиои Озодӣ нақл кунад.

Умед Мирзоширинов: Филм дар бораи сарнавишти муҳоҷирони тоҷик нақл мекунад, ки бар асари бӯҳрони иқтисодиву бекорӣ маҷбур ҳастанд ба Русия барои кор бираванд. Духтараке аз Бадахшон ҳам, ки хеле зебо аст, ба Русия барои кор меравад ва дар ҳамон ҷо ба ӯ як писари руси навозандаи виолончел ошиқ мешавад. Онҳо ҳамдигарро дӯст медоранд, вале хешовандони писар мухолифи ишқи як духтари тоҷик ва писари рус мешаванд. Духтарро аз хонаашон меронанд. Онҳо зиёд аз хона ба хона саргардон мешаванд, дар натиҷа писарро як рӯз мошин мезанаду ӯ мемирад. Ва духтар маҷбур мешавад ба хона, ба Бадахшон баргардад. Вале дар хонаи падару модар ҳам ин духтарро намефаҳманд. Дар ниҳоят, ба ҳангоми таваллуди фарзанд духтар дучори мушкил мешавад. Барояш мушкилкушо мекунанд, ки ӯ фарзандашро ба дунё биёрад. Филм дар бораи ишқ аст, ишқи илоҳии ду ҷавон ва мушкилоти пеши роҳи онҳост, ки ба сарашон омадааст. Вале ишқ сарҳад ва ҳадду ҳудуд надорад, ду ҷавон, ки ба ҳам дил бастанд, дигар ҳама саддҳо аз пеши роҳи онҳо бардошта шуд.

"Мехостам дар телевизиону радио ба забонҳои помирӣ ҳам барномаҳо садо диҳанд"

Радиои Озодӣ: Чӣ хел қарор кардед забони қиссаро ба забонҳои помирӣ бозгӯ кунед?

Духтарчаи бадахшӣ

Духтарчаи бадахшӣ

Умед Мирзоширинов: Духтар дар Бадахшон ба воя расидааст. Забони ӯ шуғнии помирӣ аст. Ман бисёр мехоҳам, ки дар Тоҷикистон филмҳо ба забонҳои помирӣ - шуғнониву вахониву рӯшонӣ ҳам гирифта шавад. Дар Помир мо ба забонҳои мухталиф сӯҳбат мекунем ва бисёр мехостам, ки дар телевизион ва радио ҳам ба ин забонҳо барномаҳо садо диҳанд. Бузургии мардуми тоҷик дар ин аст, ки мисли боғи Ирам дарахтҳои гуногунрангу бӯ дорем ва ин боғ ҳам меваи гуногун дорад – олуболуву шафтолу, гелос ҳам дорем. Мо бояд дар баробари забони тоҷикӣ, забонҳои помирии худро ҳам донему истифода кунем.

"Дар филми ман шеъри Ҳофизу Румиву Носири Хусрав ҳаст"

Радиои Озодӣ: Пас барои фаҳмидани филми шумо тамошобин мушкил надошт?

Умед Мирзоширинов: Дар филми ман забони тоҷикӣ ҳаст, шеъри Румӣ ҳаст, Ҳофиз ҳаст, Носири Хусрав ҳаст, суннатҳои мардуми Бадахшон ҳама ба забони тоҷикӣ аст. Вақти саргузаштҳои ин духтар дар Русия забони русӣ ба гӯш мерасад. Яъне ҳама чиз фаҳмида мешавад. Ҳар касе, ки ин филмро дид, ҳама онро фаҳмиданд. Мо бояд забон омӯзем, мо бояд ҳамдигарро бишиносем.

Радиои Озодӣ: Филматон аз ҷониби тамошобин чӣ тавр қабул шуд?

Дар филми ман забони тоҷикӣ ҳаст, шеъри Румӣ ҳаст, Ҳофиз ҳаст, Носири Хусрав ҳаст, суннатҳои мардуми Бадахшон ҳама ба забони тоҷикӣ аст

Умед Мирзоширинов: Хеле хуб қабул шуд. Мехестанд, қарсак мезаданд. «Боракалло! Браво!» мегуфтанд. Тамошобинҳо нафаси ин филмро эҳсос карданд, расму русум, рамзи замину замон, ки дар Бадахшон ҳаст, бо чашми худ диданд.

Радиои Озодӣ: Ин аввалин филми шумо ба забонҳои помирӣ буд?

Умед Мирзоширинов: Бале, вале ман мехоҳам дар оянда бештар ба ин забон филм бардорам. Дар бораи мушкилоти маишиву иҷтимоӣ бигӯям.

170 ҳазор гӯяндаи забонҳои помирӣ

Зимнан, мақомоти Тоҷикистон ҳам аз хатари нестшавии забонҳои помирӣ ва яғнобӣ ҳушдор медиҳанд. Аҳолии Бадахшон наздик ба 250 ҳазор нафар буда, ба ақидаи забоншиносон 170 ҳазор нафари онҳо ба забонҳои помирӣ гуфтугӯ мекунанд. Забонҳои шуғнӣ, ишкошимӣ, рӯшонӣ, язғуломӣ, вахонӣ, рошарвӣ, бартангӣ, сарикӯлӣ то кунун аз ҷониби коршиносон забонҳое маҳсуб мешаванд, ки бо хатари нобудшавӣ рӯбарӯ ҳастанд. Бо ин забонҳо таълим ё барномаҳо махсуси радиову телевизион ба роҳ монда нашудааст. Соли 2015 мақомоти Кумитаи забон ба ташкили давраҳои махсуси омӯзишии забонҳои помирӣ ба хотири зинда нигоҳ доштани ин гурӯҳи забонҳои қадимаи эронӣ таъкид карда буданд.

XS
SM
MD
LG