Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даврони душвори иқтисоди ҷаҳонӣ


Авввали ҳамин ҳафта Сандуқи Байнулмилалии Пул ҳушдор дод, ки имкон дорад, имсол иқтисоди Амрико ба рукуд дучор шавад. Пешбиниҳои бадбинона доир ба сарнавишти ояндаи иқтисоди ҷаҳонӣ афзоиш ёфтанд, зеро намояндагони ҳафт кишвари санъатии ҷаҳон гуфтанд, ки иқтисоди ҷаҳон даврони душвореро пеши рӯ дорад.

Вазирони молия ва раисони бонкҳои миллии ҳафт кишвари санъатии ҷаҳон гуфтанд, ки бозорҳои молӣ ҳамчунон нишебу фарозҳоеро дар пеш доранд ва бесуботии онҳо назар ба ончӣ ки пеш тассавур мешуд, мушкили давомдоре будааст. Рӯзи ҷумъа зимни нишасте дар Вашингтон мақомоти Гурӯҳи ҳафтгона (G-7) гуфтанд, ки дар робита ба устувории иқтисодҳояшон дар дарозмуддат хушбинанд, аммо дар дурнамои кутоҳмуддат иқтисоди ҷаҳонӣ заъиф шудааст.

Гурӯҳи ҳафтгона ҳамчунин як барномаеро ҷиҳати фурӯ нишондани дардҳои бозорҳои молии ҷаҳон пешниҳод карданд. Амрико, Бритониё, Канада, Фаронса, Олмон , Итолиё ва Ҷопон аҳд доданд, ки бар асоси ин барнома ширкатҳои сармоягузорро бештар назорат ва шафофияти бештари бозорҳои молиро таъмин хоҳанд кард. Ҳадафи ин барнома пешгирӣ аз такрори бӯҳрони қарзӣ дар Амрико аст, ки сабаби талотум дар иқтисодҳои саросари ҷаҳон шуд. Бонкҳои Амрико бо ироаи қарзҳои камфоиз ба афроди хонахар дар ниҳоят дарёфтанд, ки бисёре аз муштариёнашон қодир ба пардохтани баҳраҳои қарз нестанд ва ин бонкҳои Амрикоро заъиф кард. Ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигорон вазири дороии Амрико Ҳенрӣ Паулсон гуфт, ки гурӯҳи ҳафтгона барои коҳиши таъсири манфии талотум дар бозорҳои молӣ аз наздик фаъолият хоҳад кард.


"На танҳо дар Амрико балки дар саросари ҷаҳон таваҷҷӯҳ ба он аст, ки чӣ гуна таъсири фишор, осеб ва талотумҳо дар бозорҳои молиро камтар кунем. Ва дар байни тамоми раисони бонкҳои марказӣ ва вазирони молия эҳсоси ягона ин аст, ки мо ҳама ба бозорҳои иқтисодии устувору муназзам алоқаманд ҳастем ва ба ҳарчӣ ки барои ҳифзи ин низом зарур аст. "

Паулсон ҳамчунин эътироф кард, ки иқтисоди Амрико ҳоло даврони сахтеро пушти сар мекунад, аммо ҳамчунон иқтисоди азиму қавӣ боқӣ мемонад. Ҳамин ҳафта Сандуқи Байналмилалии Пул гуфт, ки чархи иқтисоди ҷаҳонӣ имсол оҳистатар ҳаракат хоҳад кард. Ба гуфтаи ин созмон бинобар бӯҳрони қарзӣ дар Амрико бонку созмонҳои молии дигар тақрибан 1 триллион доллар зиён хоҳанд дид. Сандуқи Байналмилалии Пул ҳамчунин мегӯяд, 25 дар сад имкони он вуҷуд дорад, ки суръати рушди иқтисоди ҷаҳон боз ҳам сустар шуда ва дар ниҳоят, онро дар соли равону соли оянда дучори рукуд мекунад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG