Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасмими нави СҲШ дар қиболи Афғонистон


Вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай
Вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай

Тавсеъаи ҳамкорӣ ва кумак ба Афғонистон аз мавзуъоти меҳварии машваратҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Душанбе унвон шудааст.

Ин машваратҳо имрӯз, 21 ноябр, дар Душанбешаҳр бидуни намояндаи Афғонистон бо ширкати намояндагони вазоратҳои хориҷаи Русия, Чин, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон баргузор шуд. Ғуломрасул Юсуфзай, муъовини сафири Афғонистон дар Душанбе, дар робита ба адами ширкати намояндаи ин кишвар дар машварати Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Душанбе гуфт, ҷониби Афғонистон расман ба ин нишаст даъват нашудааст.

Шералӣ Ҷононов, муъовини дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шанхай, гуфт, ҳадафи аслии ин машваратҳо тарҳрезӣ ва ироъаи як барномаи густурдаи равобити Созмони ҳамкориҳои Шанхай бо Афғонистон аст. Оқои Ҷононов дар мавриди тавсеъаи ин ҳамкориҳо гуфт, кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай тасмим гирифтанд, ки бо Афғонистон дар заминаи мубориза бо терроризми байнулмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҳамчунин омодасозии мутахассисон ва дигар самтҳо, кумак ва ҳамкорӣ кунанд.

Ба эътиқоди оқои Ҷононов, барномаи тарҳрезишуда дар ин машваратҳо дар оянда дастури кории «Гурӯҳи тамос» миёни ин созмон ва Афғонистон хоҳад буд. Гурӯҳи тамос пас аз шикасти ҷунбиши Толибон дар Афғонистон аз сӯи нерӯҳои эътилофи зиддитеррористӣ бо ибтикори Русия ташкил шуд. Мақсади ташкили ин гурӯҳ ҳамкорӣ бо Афғонистон дар ҷилавгирӣ аз қочоқи ҷангафзор ва маводи мухаддир буд.

Ғуломрасул Юсуфзай, муъовини сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, низ аз ин ҳамкориҳо истиқбол кард ва гуфт ин ҳамкориҳо дар дастури кори Гурӯҳи тамос низ матраҳ аст. Вай афзуд, бояд дар назар дошт, ки терроризм падидаи байнулмилалист ва танҳо ба Афғонистон марбут нест. Оқои Юсуфзай изҳори умедворӣ кард, ки ин тасмимҳои ҳамкорӣ бо Афғонистон дар нишастҳои густурдатар баррасӣ шавад ва амалӣ гардад.

Аммо дар ҳамин ҳол барх аз коршиносон бар ин назаранд, ки ҳадафи аслии Гурӯҳи тамос наздик кардани Афғонистон бо Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва дар оянда пайвастани ин Афғонистон ба ин созмон ва маҳдуд кардани ҳузури Амрико ва НАТО дар оянда дар ин кишвар мебошад. Ба эътиқоди ҳамин коршиносон, ин машваратҳо мушобеҳи чанд соли қабл аст, ки Русия дар чорчуби ҳамкориҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҳузури нерӯҳои Амрико ва НАТО дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Узбакистон ва Қирғизистонро матраҳ кард ва ин талош ба хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Узбакистон мунҷар шуд.

XS
SM
MD
LG