Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи ҳазфи $100 миллиард аз буҷаи низомии ИМА


Вазири мудофиаи ИМА Роберт Гейтс бо ишора ба воқеияти рӯз ва қарзи рӯзафзуни ҳукумат эълон кард, ки хароҷоти низомии ин кишвар коҳиш хоҳад ёфт. Гурӯҳе аз қонунгузорони амрикоӣ аз барнома хушҳол нестанд, вале Гейтс мегӯяд, ин фақат оғози кор буда, коҳиши масрафҳои низомӣ идома меёбад.

Бо ишора ба харҷи бузурги ду ҷанг ва афзоиши қарзи ҳукумати ИМА вазири мудофиаи ин кишвар Роберт Гейтс изҳор намуд, ки низомиён барномаи коҳиши хароҷотро мавриди иҷро қарор медиҳанд.

Зимни сӯҳбати тӯлонӣ бо хабарнигорон дар Пентагон Гейтс таъкид кард, ки ин қадами аввал аст ва дар ҷараёни татбиқи он хароҷоти низомиён 100 миллиард доллар коҳиш хоҳад ёфт. Ӯ афзуд, ки ин масраф барои ислоҳи нерӯҳои баъди ҷангҳои чандинсола ва омода намудани сарбозон ба амалиёти ояндаи низомӣ аст.

Амрико барои амлиётҳои низомӣ дар Ироқ ва Афғонистон то имрӯз даҳҳо миллиард доллар сарф кардааст
Харҷи бузурги ду ҷанг

Вазири мудофиаи ИМА хотирнишон кард, ки низомиён бояд иштиҳояшонро ба имконоти воқеӣ мутобиқ кунанд. Буҷети солонаи низомиёни ИМА ҳамроҳ бо хароҷоти ҷангҳои Афғонистону Ироқ 700 миллиард долларро ташкил мекунад.

Бар пояи ин барнома, як идда пойгоҳҳо баста шуда, шуморе аз афрод ва фармондеҳони баландмақом ба истеъфо фиристода мешаванд.

Коршиносон коҳиши хароҷоти ситоди муштараки фармондеҳӣ дар Норфолки аёлати Вирҷинияро, ки дар 330-километрии ҷануби Вашингтон қарор дорад, бузургтарин бахши ин марҳилаи коҳиши буҷети низомӣ унвон додаанд.

Тибқи омори вазорати мудофиаи ИМА дар ин ситод 2800 афсари низомӣ ва мулкӣ ифои вазифа намуда, 3000 ходими шартномавӣ ба онҳо кумак мерасонанд. Ҳамин манбаъ меафзояд, ки харҷи солонаи маркази фармодеҳии Норфолк ба 250 миллион доллар баробар аст.

Пешниҳоди коҳиши шумори пойгоҳҳои низомӣ

Гейтс дар даврони раёсатҷумҳурии президенти ҷумҳурихоҳ Ҷорҷ Буш ба мансаби вазири мудофиа таъйин шуда буд ва президенти баъдӣ Барак Обамаи демократ бо назардошти дастгирии Гейтс дар миёни қонунгузорон ӯро дар ин мансаб ҳифз кард.

Гейтс эътироф мекунад, ки коҳиши хароҷоти низомӣ вазъи ходимони ин соҳаро вазнинтар мекунад: "Ман фармон додам, ки ҳар бахши низомӣ дар он ҷое, ки имкон дорад, ҳамоиш ва бастани пойгоҳҳо ва василаҳои зиёдатиро арзёбӣ кунад. Возеҳ аст, ки ин иқдоми сиёсӣ аст. Феълан Конгресс имкони бастани муассисаҳои низомиро маҳдуд кардааст. Вале чизи душвор ҳатман номумкин нест. Ман умедворам, ки Конгресс роҳҳои коҳиши хароҷоти нолозима дар вазорати мудофиаро пайдо хоҳад кард."

Дар паи ин изҳороти вазири мудофиаи ИМА баъзе қонунгузорон ба вижа онҳое, ки аз раъйи мардуми соҳаи низомӣ баҳраманд ҳастанд, ишора карданд, ки тасдиқи барномаи Генйтс дар Конгресс ба осонӣ даст нахоҳад дод.

Вале дар изҳороте президенти ИМА Барак Обама аз барномаи ислоҳоти Пентагон пуштибонӣ кард.
XS
SM
MD
LG