Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи иддае аз Толибон аз "рӯйхати сиёҳ"-и СММ


СММ 45 номро аз феҳрасти таҳримоташ алайҳи афроди марбут ба Толибон ва Ал-Қоида берун кардааст. Ин рӯйхат дар маҷмӯъ 488 номро дар бар мегирифт ва акнун аз он 10 исми марбут ба Толибон ва 35 номи марбут ба шабакаи Ал-Қоида хориҷ шуданд.

433 нафаре, ки дар ин феҳраст боқӣ мемонанд, ҳамчунон таҳти таҳримоти Милали Муттаҳид қарор хоҳанд дошт. Ин таҳримот аз ҷумла мунҷамид кардани суратҳисобҳои бонкӣ ва манъи ироаи раводиди сафар ба чунин афрод ва гурӯҳҳоро дар назар дорад.

“Рӯйхати сиёҳ”-и намояндагони Толибон ва Ал-Қоида

Дар “рӯйхати сиёҳ”-и СММ исми 8 нафаре ҳам меомад, ки алакай вафот карда будаанд. Шӯрои Амният мегӯяд, феълан бознигарии сарнавишти 66 исми дигар аз ин феҳраст дар дасти омӯзиши ин Шӯро қарор дорад.

Аммо аз 35 исме, ки аз феҳрасти асомии марбут ба Ал-Қоида хатт зада шуд, 14 нафараш афроди алоҳида ва 21 воҳиди дигар ниҳодҳое, чун ширкатҳову сандуқҳои кӯмак будаанд. Аз ҷумла ширкатҳое, ки дар Аврупо ва Амрико таъсис ёфтаанд.

Афрод ва таъсисоте, ки дар ин рӯйхат шомил мешаванд, бо таҳримоти байналмилалӣ, аз ҷумла бо манъи ироаи раводиди сафар ва бастани суратҳисобҳои бонкӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Мақомоти расмии Кобул ба тасмими ахири Шӯрои Амният то ҳол вокуниши расмие нишон надодаанд. Ваҳид Умар, сухангӯи раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай бо худдорӣ аз шарҳи ин қарор гуфт, ки феҳрасти асомии хориҷшуда аз “рӯйхати сиёҳ”-и СММ ҳанӯз ба дасти онҳо нарасидааст. Бозбинии асомии омада дар ин феҳрастро аз Милали Муттаҳид худи Карзай дархост карда буд, ки умедвор аст, ин иқдом ба ҷараёни музокироти оштиаш бо чирикиҳо мусоидат хоҳад кард.

Истиқболи Кобул аз иқдоми СММ

Парлумони Афғонистон аз тасмими СММ истиқбол кардааст
Кабири Ранҷбар, вакили парлумони Афғонистон мегӯяд, тасмими Шӯрои Амният ба эъмори эътимоди дуҷониба кӯмак расонда, ба ҷараёни оштиву мусолиҳа бо ҷангиёни толиб таъсири мусбат хоҳад гузошт:

“Ин яқинан таъсири мусбат дорад. Фазои эътимодро бино мекунад. Аслан мо бояд ба Толибон аломатҳои ташвиқкунанда диҳем, то ки онҳо силоҳҳои худро ба замин гузошта, аз баҳри идомаи хушунат гузаранд ва барои зиндагӣ дар як рӯзгори осоишта ва тибқи Қонуни асосии Афғонистон омода бошанд.”

Як далели асосӣ барои ихроҷи исми афрод ё таъсисот аз ин “рӯйхати сиёҳ” собит кардани адами иртиботи онҳо бо Ал-Қоида, даст надоштан дар фаъолиятҳои террористӣ ва ҳам пазируфтани Қонуни асосии Афғонистон аст.

Ҳатто дар сурати фавти нафаре аз ин феҳраст, қазияи вафти ӯ ва вазъи суратҳисобҳои бонкиаш ҳамчунон бояд таҳти тафтишу бозрасӣ қарор бигирад. Аммо таъйид ё тардиди маълумот дар бораи чунин афрод ва таъсисот кори хеле сахт аст, чунки аксари онҳо дар манотиқи дурдасти воқеъ дар ҳошияи марзи Афғонистону Покистон фаъолият мекунанд.

Аммо ба гуфтаи вакили парлумони Афғонистон Кабири Ранҷбар,“ихроҷи исмҳои мушаххас аз “рӯйхати сиёҳ”-и СММ ба афроди боқимонда дар ин феҳраст аломат медиҳад, ки ҷомиаи байналмилалӣ ва давлати Афғонистон фақат дар сурати пеш гирифтани чунин роҳе омодаанд нисбат ба онҳо низ бо эҳтиром муносибат кунанд. Ин иқдом ҳокист, ки ҷаҳон ва давлати Афғонистон ба онҳо имкони хуби шурӯъи зиндагии оддӣ ва осоиштаро медиҳад. Муҳимтар аз ин, исми онҳо нафақат аз ин рӯйхат хатт зада мешавад, балкӣ онҳо метавонанд ба сурати оддӣ зиндагӣ ва сайёҳат кунанд, суратҳисобҳои бонкии худро дубора фаъол гардонанд. Ин як иқдоми хеле ташвиқкунанда ва мусбат аст.”

Шубҳаи коршиносон аз таъсири мусбии тасмими СММ

Вале таҳлилгари афғон Азизи Рӯиш мегӯяд, бо вуҷуди “ташвиқкунанда” будани ихроҷи асомии мушаххас аз ин феҳраст, баъид медонад, ки ин иқдом ба фурӯ нишондани доманаи муқовимати чирикиҳо таъсири зиёде ба ҷо гузорад.

Бархе дипломатҳо мегӯянд, Русия ба далели нигарониҳояш дар бораи қочоқи маводи мухаддир ва гурӯҳҳои чирикии чеченӣ, ки бо Толибон иртибот доранд, то хеле муддат мекалавид, ки аз қатънома пуштибонӣ кунад ё хайр. Вале дар ниҳоят ҳамаи 15 узви Шӯрои Амнияти СММ бо иттифоқи оро аз тасмими ихроҷи ин 45 ном аз “рӯйхати сиёҳ” ҷонибдорӣ кардаанд.

“Рӯйхати сиёҳ”-и афрод ва таъсисоти марбут ба Толибон ва Ал-Қоидаро Шӯрои Амният ҳанӯз дар соли 1999 тартиб дода буд.

Бозбинии ин феҳраст барои бори аввал анҷом шуда, 18 моҳро дар бар гирифт. Ба дунбол дар ин рӯйхат 433 номи дигар боқӣ мемонад, ки 132 исмаш ба Толибон ва 311 номи боқимонда ба шабакаи Ал-Қоида марбут будааст.
XS
SM
MD
LG