Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи давлатии зидди маводди мухаддир


Давлати Тоҷикистон барномаи ягонаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддири ин кишвар барои солҳои 2008-2012-ро ба тасвиб расонд.

Ин барнома аз сӯи Ожонси мубориза бо маводди мухаддир, вазоратҳои адлия, умури дохила, амният, молия, тандурустӣ ва бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ таҳия шудааст. Барномаи мазкур саввумин барномаи давлати Тоҷикистон дар роҳи ҷилавгирӣ аз густариши ғайриқонунии маводи мухаддир пас аз соли 1996 аст.

Барномаи ҷадиди давлати Тоҷикистон ҷиҳати муқобала бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир дар ҳоле ба тасвиб мерасад, ки Созмони миллали муттаҳид аз афзоиши бесобиқаи кишти хашхош дар Афғонистон дар соли ҷорӣ хабар медиҳад. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон бо ин кишвар беш аз 1 400 километр марзи муштарак дошта ва на ҳама манотиқи марзӣ ба иллати душворгузор ва куҳистонӣ будани он таҳти муроқибати марзбонон қарор дорад.

Аваз Юлдошев - сухангӯи Оҷонси мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гуфт, афзоиши бемисли кишти хашхош ва бесуботии вазъ дар Афғонистон яке аз авомили таҳия ва тасвиби барномаи мазкур шудааст. Ба эътиқоди сухангӯи ин Оҷонсӣ, барномаҳои қаблии давлати Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва муқобала бо гурӯҳҳои қочоқбар дар солҳои 1996-1999 ва соли 1999 то 20006 амалан ба иҷро расида ва тайи ин солҳо давлат тавонистааст, ниҳодҳои вижаи муборизакунанда бо қочоқи маводди мухаддирро созмон ва онҳоро бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин кунад. Аваз Юлдошев болоравии мизони кашф ва мусодираи анвои мухталифи маводи мухаддир тавассути неруҳои интизомиии Тоҷикистонро яке дигар аз далоили иҷроиши барномаҳои давлат арзёбӣ кард.

Ин дар ҳолест, ки ба эътиқоди бархе аз коршиносони тоҷик, мақомоти зидахли Тоҷикистон дар амри пешгирӣ аз вуруди маводди мухаддир ба кишвар ва коҳиш додани мӯътодон комёб набудаанд. Ин коршиносон мегӯянд, фақру нодорӣ ва камбизоатӣ дар Тоҷикистон боис мешавад, ки гурӯҳҳои қочоқбари афғон атбоъи тоҷикро дар роҳи паҳн ва густариши маводди мухаддир истифода кунанд.

Аммо Маҳдии Собир - коршиноси масоили амниятӣ бар ин назар аст, ки дар ниҳодҳои масъули мубориза бо маводди мухаддир нафароне низ ҳастанд, ки бо қочоқбарон ҳамкорӣ доранд ва далели аслии бештар ба Тоҷикистон рӯ овардани қочоқбарони афғон ҳамин аст.

Дар асоси барномаи ҷадиди давлати Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо маводи мухаддир як маркази ягонаи иттилотиву таҳлилӣ, ки ҳама матолиб ва ахборро дар ин робитаро дар ихтиёр дошта бошад, ташкил хоҳад шуд. Ҳамчунин, дар асоси ин барнома барои афроде, ки тоза аз мӯътодӣ табобат ёфтаанд, марокизи офият таъсис дода мешавад, то онҳо битавонанд дар чунин ҷойҳо давраи мутобиқшавӣ ё бозгашт ба зиндагии муқаррариро бигзаронанд. Дар ҳоли ҳозир, тибқи манобеъи расмӣ, дар Тоҷикистон ҳудуди 8000 муътод дар идороти ҳифзи сиҳҳати омма сабт шудаанд, аммо манобеъи ғайрирасмӣ бар даҳ маротиба бештар будани ин рақам таъкид мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти мубозира бо маводи мухаддири Тоҷикистон мегӯянд, аз оғози соли равон ҳудуди 6 тонна маводди мухаддирро ошкор ва забт кардаанд, ки бештари онро ҳероин ташкил медодааст.

XS
SM
MD
LG