Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои каратэ-до-и Тоҷикистон


Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи каратэ-до, ки дар Қасри варзиши «Самандар – асри ХХ1»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд, бо пирӯзии дастаи мунтахаби шаҳри Душанбе хотима ёфт.

Дар ин мусобиқа 165 варзишгар аз вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру навоҳии тобеъи марказ ва пойтахти кишвар дар ҳайати даҳ даста ҳунарнамоӣ карданд. Мусобиқа дар ду бахш – ката ва кумитэ сурат гирифт.

Дар рақобатҳои инфиродӣ байни бузургсолон дар бахши кумитэ се варзишгари Душанбе – Алиҷон Саримсоқов дар вазни то 60 кг, Эраҷ Ҳакимов (то 70 кг) ва Бадриддин Умедов (беш аз 70 кг) ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Аъзои дастаи «Регар»-и Турсунзода – Нодир Ҳоҷикамолов (то 55 кг) ва Фирӯз Темуров (то 65 кг) – соҳиби медалҳои тилло гардиданд.

Дар сабқати навҷавонони аз 16 то 18-сола Мирзовалӣ Сайвализода (то 55 кг), Субҳонҷон Абдуллоев (то 60 кг), ҳарду аз Душанбе, ва Сиёвуш Боев, аз шаҳри Ёвон, (60 кг) ҷойҳои аввалро касб карданд.

Сабқати наврасони аз 11 то 14-сола мувофиқи вазнашон бо пирӯзии варзишгарони шаҳри Хуҷанд Файзулло Носиршайх ва Аюбҷон Ҳошимов, инчунин Диловар Зайниддинов, аз шаҳри Турсунзода, ба поин расид.

Дар бахши ката варзишгари навраси Ёвон Бузургмеҳри Раҳмиддин ва Субҳонҷон Абдуллоеви душанбегӣ пирӯз шуданд.

Сабқати духтарон бо ғалабаи Миҷгона Исмоилова (то 48 кг) ва Меҳрӣ Ҳакимова (беш аз 60 кг), ҳарду аз Душанбе, Лола Лиситса (беш аз 48 кг), аз Ёвон, Матлуба Қурбонова (беш аз 60 кг), аз ноҳияи Варзоб, ба анҷом расид.

Дар ҳисоби дастаӣ тими Душанбе байни бузургсолон ва тими Ёвон байни навҷавонон ҷойҳои аввалро касб карданд.

Сардовари ин мусобиқа Баҳром Ҳамидов ба Радиои Озодӣ гуфт,

ширкати беҳтарин варзишгарони тоҷик моҳи май дар Ҷоми ҷаҳон дар шаҳри Маскави Русия, моҳи июл дар сабқати ҷаҳонӣ байни донишҷӯён дар Лаҳистон, моҳи август дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Малайзиё ва моҳи октябр дар сабқати ҷаҳонии каратэ-до байни наврасон дар Словения дар назар аст.

XS
SM
MD
LG