Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вокуниши Тоҷикистон ба конфаронси экологии Узбакистон


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар конфронси байнулмилалии истифода аз захираҳои обии Осиёи Марказӣ дар Тошканд мавзӯъҳои вобаста ба манофеъи миллии Тоҷикистон баҳс шудааст ва бояд ин баҳсҳо бо ширкати намояндагони Тоҷикистонро сурат мегирифтанд.

Конфаронси байнулмилалии истифодаи захираҳои оби Осиёи Марказӣ рӯзҳои 16-17-уми ноябр дар Тошканд доир шуда буд. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Давлат Назрӣ мегӯяд, дар конфаронси Тошканд масъалаҳое баҳс шудаанд, ки ба манфиатҳои миллии Тоҷикистон ва робитаҳои он бо Узбакистон дахл доштанд ва табиатан ширкати намояндагони Душанбе дар он барои ҳамаи тарафҳо муфид мебуд:

"Дар он ҷо масъалаи Роғун ва ҳам ТАЛКО баҳс шудааст. Ҳамаи ин ба манфиатҳои кишвари мо дахл доранд ва хуб мешуд, ки бо ширкати намояндагони кишвари мо, дар кадом сатҳе ки бошад, баррасӣ мешуд".

Дар фарҷоми ин конфаронс, ки Ҷунбиши экологии Узбакистон ташкил кардааст, як эъломияи зидди бунёди нерӯгоҳҳои бузурги барқи обӣ дар рӯдхонаҳои фаромарзӣ мунташир гашт. Дар ин изҳорот хушкидани баҳри Арал ва мушкилоти зистмуҳитии минтақа ба истифодаи нодурусти захираҳои об ва сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар кишварҳои болооб марбут дониста шуд.

Матбуоти Узбакистон мегӯяд, дар ин ҳамоиш намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Бонки Ҷаҳонӣ, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, сафирони 32 кишвар ва донишмандони маҳшур ширкат кардаанд.

Аммо гуфта намешавад, онҳо аз эъломияи Тошканд ҳимоят карда ва ба он имзо гузошта бошанд. Тошканд ин изҳоротро бо номи Эъломияи байнулмилалии зистмуҳитӣ мунташир кард.

Раҳбарони шаш созмони зистмуҳитии вилояти Суғди Тоҷикистон низ даъват нашудани намояндагони Тоҷикистонро ба ин ҳамоиш бохти "имконияти хуби гузариш аз эъломияҳо ба муколамаи созанда ва аз сухан ба ҳамкории дуҷониба" номиданд.

Даъвои Тошканд ва инкори Душанбе

Аз аввали соли равон фаъолиятҳои гурӯҳҳои экологии Узбакистон алайҳи сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун ва корхонаи Талко
шиддат гирифтааст.

Созмонҳои зистмуҳитии Узбакистон, ки дар порлумони он кишвар 15 нафар намоянда низ доранд, чандин навбат дар ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон, маҳаллҳоти наздик ба корхонаи Алюминиюми Тоҷикистон эътирози сокинонро роҳандозӣ намуданд.

Ба гуфтаи ин созмонҳои узбакӣ, бар асари партобҳои корхонаи ТАЛКО муҳити атроф олуда шуда ва дар натиҷа шумори гирифторон ба маризиҳои мухталиф дар миёни сокинони навоҳии ҳаммарз бо ноҳияи Турсунзодаи Тоҷикистон, маҳалли корхонаи ТАЛКО афзоиш ёфтааст.

Аммо Тоҷикистон ин ҳама иддаъоро рад мекунад ва мегӯяд, ки партобҳои ширкати ТАЛКО ҳаргиз бештар аз меъёри муқарраршуда нестанд ва боиси сар задани фоҷеаҳои зистмуҳитӣ нахоҳанд шуд.

Узбакистон инчунин даъво дорад, ки дар сурати бунёди неругоҳи Роғун дар Тоҷикистон ҳазорон гектор замин дар он кишвар ба биёбон табдил хоҳад шуд. Ва сохтмони Роғун боиси фоҷеъаи зистмуҳитӣ мешавад.

Аммо Тоҷикистон ин даъворо рад мекунад ва мегӯяд, маҷрои обро ба рӯи ҳамосяҳои худ бастанӣ нест, балки сохтмони ин неругоҳ ба нафъи кишварҳои поёноб низ хоҳад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG