Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Пекин


То оғози Бозиҳои ХХ1Х тобистонаи олимпӣ ҳамагӣ 4 рӯз мондааст. Охирин давраи омодагии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба Олимпиадаи Пекин дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷараён дорад.

Ёдовар мешавем, шарафи Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Пекин 15 варзишгар дар 8 навъи варзиш – бокс, гуштии озод, дзюдо, варзиши сабук, шиноварӣ, вазнабардорӣ, камонварӣ ва тирандозӣ ҳимоя хоҳанд кард.

Ба иттилоъи Анвар Бобоҷонов, масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ҳамин ҳол дар Пекин 12 варзишгари тоҷик - Расул Боқиев, Шералӣ Бозоров, Неъматулло Асронқулов (дзюдо), Ҷаҳон Қурбонов, Шералӣ Достиев, Анвар Юнусов (бокс), Дилшод Назаров, Галина Митяева (гурзандозӣ), Виталий Корякин (гуштии озод), Алишер Чингизов, Катерина Измайлова (шиноварӣ) ва Албина Камолиддинова (камонварӣ) тамрин мекунанд. Се нафари дигар - тирандоз Сергей Бабиков 4-уми август, вазнабардор Низом Сангов 7-уми август ва гуштигир Юсуф Абдусаломов 18-уми август ба Чин сафар хоҳанд кард.

4-уми август дар Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин нишасти матбуотӣ бо ширкати олимпичиёни тоҷик ва ҳузури сафири Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов, раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев ва муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимаҳмад Мирзоев баргузор хоҳад шуд.

Маросими кушоиши Бозиҳо дар варзишгоҳи миллии «Лонаи парранда»-и шаҳри Пекин 8-уми август баргузор мешавад.

Парчами Тоҷикистонро гурзандоз Дилшод Назаров рӯи даст хоҳад дошт.

Дар Бозиҳои Пекин нахуст рӯзи 9-уми август муштзан Ҷаҳон Қурбонов, камонвар Албина Камолиддинова ва тирандоз Сергей Бабиков ба рақобатҳо шурӯъ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG