Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар нахустин дидори худ дар Малайзиё дар сабқати гурӯҳи «А» барои дарёфти Ҷоми раиси АFС - Конфедеросиюни футболи Осиё - бар тими ВАПДА-и Покистон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.

Дар ин бозӣ Бахтиёр Ҳасанов дар дақиқаи 8-ум ҳисобро боз кард. Вале баъди 16 дақиқа Имроз Ниёзӣ, аз тими ВАПДА, ҳисобро баробар намуд. Голи дувуми «Регар»-ро Давронҷон Тухтасунов дар дақиқаи 76-ум ба самар расонда, ба дастааш пирӯзӣ овард.

Дар бозии дигари гурӯҳи «А» тими «Полис Клаб»-и Непал дастаи «Абаҳани Лимитед»-и Бангладешро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод.

«Полис клаб» ва «Регар» ТадАЗ бо 3-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои якуму дувум қарор доранд.

Дар даври дувум 24-уми июн «Регар» ТадАЗ бо «Абаҳани Лимитед»-и Бангладеш ва «Полис Клаб»-и Непал бо ВАПДА-и Покистон бозӣ хоҳанд кард.

Даври ниманиҳоии Ҷоми раиси AFC бо ширкати 4 даста - «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон - ғолиби гурӯҳи «В», «Ишқобод»-и Туркманистон - ғолиби гурӯҳи «С», инчунин, ғолиби гурӯҳи «А» ва беҳтарин дастаи дувуми ҳарсе гурӯҳ 19-уми сентябри соли 2008 дар шаҳри Бишкек доир мегардад. Бозии ниҳоӣ дар пойтахти Қирғизистон 21-уми сентябр баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG