Пайвандҳои дастрасӣ

Исми Акмал Холматов аз феҳрист берун шуд


Акмал Холматов, бозигари дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон (аз чап)

Акмал Холматов, бозигари дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон (аз чап)

Конфедеросиюни футболи Осиё панҷумин феҳристи номзадҳо ба унвони беҳтарин бозигари Осиё дар соли 2008-ро нашр кард.

Вале ин дафъа ба ин феҳрист исми футболбози маъруф Акмал Холматов, узви дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, дохил нашудааст. Зеро дастаи «Пахтакор»-и Тошканд, ки Акмал Холматов узви он мебошад, аз идомаи мубориза дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё маҳрум гардид.

Дар ин феҳрист, ки 13 нафарро дар бар мегирад, дунафарӣ аз Кувайт ва Узбакистон, якнафарӣ аз Арабистони Саъудӣ, Баҳрайн, Эрон, Жопун, Сурия, Тайланд, Австралия, Уммон ва Қатар шомил шудаанд.

Исми ғолиб 25-уми ноябр дар маросими супурдани мукофоти Конфедеросиюни футболи Осиё дар шаҳри Шонҳойи Чин эълом хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG