Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи гуштии самбо дар Тоҷикистон


Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш»-и Радиои Озодӣ тақдими шумо мегардад.

Барнома бо муҳимтарин ахбори варзишӣ оғоз шудааст.

Эстафетаи машъали олимпӣ дар сарзамини Ҷумҳурии Мардумии Чин – мизбони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 – идома дорад. Машъали олимпӣ 6-уми август, яъне ду рӯз пеш аз маросими ифтитоҳи Олимпиада, ба шаҳри Пекин хоҳад расид.

Кристиан Райтси олмонӣ дар даври чаҳоруми Ҷоми ҷаҳон оид ба тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 25 метр байни мардон рекорди нави ҷаҳонӣ гузошт. Вай 794 имтиёз ба даст овард, ки ин натиҷа нисбат ба рекорди пешини ҳамватанаш Ралф Шуман 4 имтиёз зиёдтар аст. Дар ин навъи рақобатҳо байни занон Гундемаа Отряд, аз Муғулистон, бо касби 787,9 имтиёз дар мақоми аввал қарор гирифт.

Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни бошгоҳҳои футбол дар солҳои 2009 ва 2010 дар Аморати Муттаҳидаи Араб доир мегардад.

Ин тасмими ФИФА – Федеросиёни байнулмилалии футболро раиси он Зепп Блатер дар шаҳри Сиднейи Австралия эълом кард.

Конфедеросиюни футболи Осиё феҳристи нави муддаъиёни унвони беҳтарин бозигари Осиё дар соли 2008-ро эълон кард. Дар ин феҳрист дар қатори 17 нафар Акмал Холматов, узви дастаи «Пахтакор»-и Тошканд ва тими миллии Тоҷикистон севвум аст. Бар иловаи чаҳор намояндаи Узбакистон, дар ин феҳрист дунафарӣ аз Баҳрайн, Эрон, Кувайт ва Сингапур шомил шудаанд. Жопун, Сурия, Тайланд, Австралия ва Чин як намояндагӣ доранд. Исми ғолиб 25-уми ноябр дар маросими супурдани мукофоти Конфедеросиюни футболи Осиё дар шаҳри Шонҳойи Чин эълом хоҳад шуд.

Ҳамаи 8 дастаи ширкаткунандаи сабқати ниҳоии Ҷоми челенҷ кап ё Ҷоми даъвати AFC - Конфедеросиюни футболи Осиё - муайян шуданд. Инҳо тимҳои миллии Куриёи Шимолӣ, Туркманистон, Мянмар, Ҳиндустон (мизбони сабқати ниҳоӣ), Шри-Ланка – ғолиби гурӯҳи «А», Тоҷикистон – ғолиби гурӯҳи «В», Афғонистон – ғолиби гурӯҳи «С», ва Непал - ғолиби гурӯҳи «D» мебошанд. Даври ниҳоии Ҷоми даъвати AFC аз 30-юми июл то 10-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон баргузор хоҳад шуд.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё байни дастаҳои занона дар шаҳри Ҳошимин бо дидори дастаи мизбон – Вйетнам бо тими мунтахаби Чин оғоз шуд. Бозӣ бо ғалабаи қаҳрамони феълии Осиё – Чин бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт. Дар бозии дигари даври аввал дар гурӯҳи «А» дастаи мунтахаби Куриёи Шимолӣ бар тими Тайланд бо ҳисоби бузурги 5:0 пирӯз гардид. Дар гурӯҳи «В» дастаҳои Австралия, Тайван, Куриёи Ҷанубӣ ва Жопун рақобат мекунанд. Қаҳрамони Осиё байни дастаҳои футболи занона дар бозии ниҳоӣ, ки 8-уми июн баргузор мешавад, муайян хоҳад шуд.

Сабқати қаҳрамонии гуштии самбои Тоҷикистон байни ҷавонон бо ширкати беш аз 120 варзишгар аз манотиқи мухталифи кишвар дар шаҳри Хуҷанд доир гардид. Меҳмони барномаи мо сардовари ин мусобиқа Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон.

Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи бози тенниси рӯи миз байни варзишгарони навраси маълули кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Ва дар ин мавзӯъ сӯҳбате доштем бо Дилбар Шарифова, раҳбари Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон.

Барои ба таври комил шунидани барнома ишораи «аудио» дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.

XS
SM
MD
LG