Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ҲНИТ баъд аз марги Сайид Абдуллоҳи Нурӣ


Саид Абдуллоҳи Нурӣ ҳамроҳи ҳайати собиқ мухолифин ҳини музокироти сулҳ, ноябри 1994, Исломобод

Саид Абдуллоҳи Нурӣ ҳамроҳи ҳайати собиқ мухолифин ҳини музокироти сулҳ, ноябри 1994, Исломобод

Имрӯз аз даргузашти Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, муассис ва раиси пешини ягона Ҳизби расмии динӣ дар қаламрави ИДМ ду сол сипарӣ мешавад.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон яке аз ҳашт ҳизби расмӣ дар ин кишвар аст, ки ба таъйиди соҳибназарон дар ҷомеъаи кишвар аз нақш ва мақоми хосе бархурдор аст. Аммо тайи ду соли фаъолияти бидуни роҳбар ва бунёдгузори худ оё ин мақом ва маназалатро ҳифз кардааст ва оё калом тағйироте дар фаъолияти он ба вуҷуд омадааст?

Нахустин посухе, ки аз бештари соҳибназарон ва таҳлилгарони сиёсӣ дар ин маврид шунида шуд ин буд, ки шахсияти Сайид Абдуллоҳи Нурӣ - муассис ва раиси пешини ҲНИТ болотар аз як раҳбари созмони сиёсӣ дар кишвар ва хориҷ аз он эътироф шудаааст. Ва ин шахсияти ӯ будааст, ки аз як сӯ барои касби обрӯ ва нуфӯзи ҳизб мусоидат карда бошад, аз тарафи дигар ӯ ҳамзамон ба сифати чатр ва сипар барои ин ҳизб хидмат кардааст. Таҳлилгарон мегӯянд, шахсияти Нурӣ ба ҳадде машҳур ва ҷаҳонӣ гардид, ки ҳизбашро таҳти сояи худ қарор дод.

Вале алъон як чунин шахсият дар раъси Ҳизби наҳзати исломӣ қарор надорад ва гузашта аз ин нафаре, ки зимоми раёсат дар ин ҳизбро бар ӯҳда дорад аз бештари ин сифот, ба ақидаи коршиносон, бархурдор нест. Махсусан, ки ин ҳизб як созмони сиёсии мазҳабист ва Муҳиддин Кабирӣ - раиси феълии он нафаре рӯҳонӣ нест ва ин ҳизбро баъд аз сари муассиси он ба куҷо бурдааст?

Иброҳими Усмон, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мӯътақид аст, ки дар як ду соли ахир Ҳизби наҳзати исломӣ талош дорад ба худ як симои муосиртар касб кунад. Оқои Усмон гуфт, дар воқеъ таваққӯъоти ҷомеъа аз ин ҳизб хеле зиёд буд, ки он бароварда нашуд ва ба фарқ аз даҳ соли пеш ҳизб шумори бештари ҷонибдоронашро аз даст дод. Аммо бо ин вуҷуд мушоҳидаҳо ҳокист, ки, меафзояд оқои Усмон, ҳизб ҳамоно як ташаккули умдаи сиёсии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Аммо ба эътиқоди Раҷаби Мирзо, яке аз сиёсатмадорони ҷавони тоҷик, мақомоти Ҳизби наҳзати исломӣ барои он мавқеъ ва манзалати худро дар ҷомеъа ба тадриҷ аз даст медиҳанд, ки ҳадаф ва ормони сиёсии худро ба таври рушан ба ҷомеъа муайян накардаанд.

Муҳиддин Кабирӣ - раиси феълии ҲНИТ

Ин дар ҳолест, ки бархе аз таҳлилгарон ва нозирони авзоъи Тоҷикистон мегӯянд, сукут ва норушании мавқеъи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба унвони як нерӯи муқтадири сиёсӣ дар қиболи рухдодҳои ахири кишвар ва созишкорӣ ва гузаштҳои зиёди ин ҳизб дар баробари мақомот боиси коҳиши обрӯ ва нуфузи он дар ҷомеъа шудааст.

Аз ҷумла Гремм Лотен, сафири Бритониё дар Тоҷикистон, ки дар маросими таҷлил аз 35-солагии таъсисёбии Ҳизби наҳзати исломи суханронӣ мекард, изҳори тааҷҷуб кард, ки дар сахттарин рӯзҳои зимистони имсола мардум аз гармӣ, барқ, газ ва рӯшноӣ маҳрум карда шуд ва аҳзоби сиёсии дигар дар нишастҳо ва баёнияҳои худ давлатро дар ин пешомад муттаҳам карданд, аммо ҲНИТ сукут ихтиёр кард.

Сафири Бритониё дар Тоҷикистон мегӯяд, «ман фикр намекунам, ки эътироз кардани як созмони сиёсӣ дар як чунин шароит нишонаи ватанро дӯст надоштан бошад. Балки, ба фикри ман, дар чунин шароит садо баланд кардан нишонаи ватандӯстдорист. Ва пешниҳод кардани роҳи алтернативии раҳоӣ аз чунин вазъ ин нишонаи дӯст доштани ватан аст».

Зимнан Муҳаммадҷони Нурӣ, писари марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки баъди даргузашти ӯ ба узвияти Шӯрои ин ҳизб пазируфта шуд, низ бар ин назар мувофиқ аст, ки бо рафтани муассиси ҳизб нақши он дар ҷомеа коҳиш ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол Мӯсо Асозода, раиси ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, мегӯяд, ки имрӯз низ Ҳизби наҳзати исломӣ мартаба ва нуфузи худро, ки қаблан дошт, аз даст надодааст. Ва раиси феълии он як шахсияти сиёсии матраҳ дар ҷомеъаи Тоҷикистон шинохта шудааст.

Аммо Абдуғанӣ Мамадазимов, раиси Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон, низ бар ин нукта таъкид кард, ки мавқеъгириҳои Ҳизби наҳзати исломӣ ба унвони созмони сиёсии соҳибнуфуз дар баробари бархе аз иқдомот ва тадобири давлат, ки бояд рушан мешуд, бар нуфузи вай таъсири манфӣ гузоштааст. Оқои Мамадазимов бар он ишора мекунад, ки ақибнишиниҳои Ҳизби наҳзат дар интихоботи ахири раёсати ҷумҳурӣ шояд имкон диҳад, ки шумори вакилонашро дар Маҷлиси намояндагон бештар кунад. Зимнан ҳоло ду нафар - Муҳиддин Кабирӣ, раис ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода, раҳбари рӯҳонии ин ҳизб - ба ҳайси узви Маҷлиси Намояндагон фаъолият мекунанд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон танҳо созмони сиёсии мазҳабӣ дар кишварҳои Муштаракулманофеъ аст, ки бори аввал дар соли 1991 ва бори дуввум соли 1999 баъди бозгашти роҳбарияти он аз муҳоҷират расман сабти ном шудааст. Масъулини ин ҳизб мегӯянд, ба истиснои ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон ва Балҷувону Шӯроободи вилояти Хатлон созмонҳои ибтидоии ҳизби мазкур дар саросари кишвар фаъолият мекардааст ва дар ҳоли ҳозир ин ҳизб 25 ҳазор узв доштааст.

XS
SM
MD
LG