Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Агарчӣ қаблан муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон ба Русия хоси мардҳо маҳсуб мешуд, аммо ҳоло мардикорӣ дар байни ҷавондухтарони тоҷик низ ба як ҷараёни маъмулӣ табдил ёфтааст.

Бино ба маълумои маркази иттилоотии Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, имрӯз аз шумораи умумии муҳоҷирони корӣ дар Русия беш аз даҳ дарсадро ҷавондухатрони аз 20 то 40-сола ташкил медиҳанд. Ирина Умарова, котиби матбуотии маркази мазкур, мегӯяд, то ба ҳол дар кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи муҳоҷирати ҷавонзанон ба мамолики дигар масъалаи таҳқиқношуда боқӣ мемонад. Зеро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аслан нақши саробон ва таъминкунандаи оиларо мард мебозад ва зан ғолибан тарбияи фарзандонро ба ӯҳда дорад.

Вале мутаасиффона, мегӯяд Ирина Умарова, тадриҷан ҷомеъаи Тоҷикистон ба раванди муҳоҷирати ҷавондухтарон одат кардаву дигар нафаре ин тамоюлро ғайримуқарарӣ намедонад. Вай меафзояд, «барои мисол, мо чанде қабл дар кӯча хиёбонҳои кишвар пурсише анҷом додем. Суол ин буд, ки оё шумо раванди муҳоҷирати духтарон ба Русияро чи тавр қабул мекунед? Мо ба намояндагони қишрҳои мухталифи кишвар муроҷиат кардем ва аз посухҳо маълум гардид, ки ҳеҷ яке аз онҳо ин тамоюлро дигар ғайримаъмулӣ намедонанд».

Меҳриниссо Пирматова, ҳуқуқшиноси маркази иттилоотии Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар сӯҳбат бо радио Озодӣ гуфт, тайи ним соли равон барои гирифтани машварт ба онҳо беш аз 200 ҷавондухтар муроҷиат кардааст. Хонум Меҳриниссо афзуд, бархе аз онҳо аллакай соҳибмаълумотанду барои дарёфти кори сердаромад Русияро ихтиёр мекунанд ва теъдоди дигар хонанишинанду барои коркобӣ ба ин кишвар мераванд.

Ба қавли коршиносон, теъдоди духтароне низ кам нест, ки аз рустоҳои кишвар озими Русия мегарданд, ки ағлаби онҳо соҳиби ҳеҷ як тахассусе набудаву ҳатто забони русиро балад нестанд. Ин духтарон дар аксар маворид дар Русия бо ҷавонписарони тоҷик оила барпо мекунанд. Дар ҳамин зимн мо миёни духтарон пурсише анҷом додем. Аксари мусоҳибони мо гуфтанд, ки аз миёни пайвандон ва наздикони онҳо низ ҷавондухтарон дар Русия қарор доранд.

Ва аммо кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, то ҳанӯз омори дақиқи теъедоди занону духтарони муҳоҷирро дар даст надорад. Вале гуфтанист, ки Кумитаи кор бо занон ва оилаи ният дорад ба зудӣ барномаеро раҳандозӣ кунад, ки барои омӯзиши вазъи занон дар Русия нигаронида шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG